Нашрияи Омӯзгор

Ҳеҷ гоҳ моро танҳо намегузоранд

Сана: 2020-06-18        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

Дар баробари муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишварамон боз мактаб – парваришгоҳҳо ва хонаи бачагон низ фаъолият намуда, ҳазорон нафар кӯдаки ятиму бепарасторро ба таълиму тарбия фаро гирифтаанд.

Ҳанӯз соли 1997 бо қарори раиси ноҳияи Фархор дар ноҳия бо мақсади ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакони ятим, бепарастору камбизоат дар ҷои интернати назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 хонаи бачагон ташкил ёфт.

Масоҳати он наздики 1 гектар заминро ташкил дода, дар ҷои хеле хушманзараю хушбоду ҳаво ҷойгир шудааст. Бинои парваришгоҳ бисёр тарҳи зебо дошта, гирду атрофии онро гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони мевадору сояафкан иҳота намудааст.

Дар хонаи бачагон 81 нафар ятими кул, нимятим ва аз оилаҳои камбизоату бепарасторон, ки 21 нафари онҳо духтарон мебошанд, ба таълиму тарбия ҷалб гардидаанд.

Кӯдакон ба ғайр аз омӯзиши фанҳои асосии таълимӣ, боз дарсҳои иловагӣ гирифта, ба машғулияту маҳфилҳои варзишию ҳунармандӣ ҷалб карда мешаванд.

Сарпарасти асосии хонаи бачагон Прокуратураи генералии Ҷумҳури Тоҷикистон буда, дар арафаи ҳамаи иду ҷашнҳои миллию таърихӣ ба кӯдакон кумаку дастгириҳои зиёд мерасонад. Аз ҷумла, дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба ҳамаи тарбиятгирандагони хонаи бачагон сару либос, китобу асбобҳои хониш ва туҳфаҳои гуногун тақдим карда шуд.

Хушбахтона, боз бисёр ташкилоту созмонҳои байналмилалию ғайриҳукуматӣ, соҳибкорону шахсони саховатпеша низ ёрии хешро дареғ намедоранд.

Аз ҷумла, ташкилоти байналмилалии АКТЕД ва ҶДММ «Фарез» (фабрикаи дӯзандагии ноҳия) ҳар сол 2-3 маротиба кӯдаконро бо сару либос ва хӯроки якрӯза (бо маблағи 600 сомонӣ) таъмин менамояд.

Ба иттилои директори «Хонаи бачагон» Гулҷонбӣ Нурова, аз тарафи Прократураи вилояти Суғд дар арафаи соли таҳсили 2020-2021 ҳамаи 81 нафар тарбиятгиранда бо либосҳои босифати ягонаи мактабӣ таъмин карда шудаанд.

Тарбиятгирандагон ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ бо баҳои хубу аъло таҳсил менамоянд. Дар соли таҳсили 2019-2020 6 нафар хонанда дар озмунҳои вилоятӣ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, биология, таърих ва ҳуқуқ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Бинои асосии хобгоҳ ва синфхонаҳо бо маблағҳои худи муассиса ва ёрии молиявии Прокуратураи генералии Тоҷикистон пурра ва бо сифати баланд аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд.

Мо аз ғамхориҳои пайвастаи Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят миннатдорем, зеро ҳеҷ гоҳ моро танҳо намегузоранд, -гуфт дар фарҷоми суҳбат директори муассиса Гулҷонбӣ Нурова.

Аъзам Бобоев,

рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш