Нашрияи Омӯзгор

Методи занҷирии таълим самараовар аст

Сана: 2020-06-18        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

Ҳошимҷон Иброҳимов 11 декабри соли 1954 дар деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба дунё омадааст. Солҳои 1972-1975 дар шуъбаи химия ва биологияи факултаи табиатшиносию географияи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров таҳсил кардааст. Сипас, дар мактаби №4-и ноҳияи Вахш ба ҳайси муаллими химия ва биология фаъолият намуда, аз соли 1979 инҷониб дар мактаби № 5 – и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият дорад.

Тӯли 43 соли омӯзгориаш Ҳошимҷон Иброҳимов методи занҷирии таълимро пешаи худ интихоб кардааст, ки воқеан, яке аз усулҳои фаъолу пурсамар ба ҳисоб меравад. Мақсаду мароми истифодаи методи занҷирии таълим аз он иборат аст, ки потенсиали илмии хонандагони пешқадам барои таълим бо хонандагони сустхон, ба истилоҳ монанди занҷир, пайваст мебошад.

Яке аз донишмандони маъруфи тоҷику форс Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (865-925) чунин методро истифода мебурд. Аз чунин метод банда дар вақти навиштани рисолаи номзадӣ дар мавзӯи “Осори физикии Абӯбакри Розӣ ва Ибни Сино” соли 1991 огоҳӣ пайдо кардам. 

Методи таълимии Абӯбакри Розӣ чунин буд. Ӯ шогирдонро аз рӯи донишашон паси ҳам ҷой дода, саволи пайдошударо аввал аз шогирди сустхон мепурсид. Дар сурати надонистани ӯ аз дигар шогирде, ки аз шогирди пештара фаъолтар аст, мепурсид ва ҳамин тариқ, то шогирди фаъолтарин, ки дар сафи пеш ҷойгир шуда буд, идома медод. Дар сурати ҷавоби дурусти яке аз шогирдон, аз ҳамон шогирд хоҳиш мекард, ки ба ҳамсабақҳои худ бифаҳмонад, зеро ақида дошт, ки ҳамсол ҳамсолро зудтар мефаҳмад. Вақте ки ҳеч шогирд ҷавоб дода наметавонист, худаш он саволро мефаҳмонид.

Бартариву самарабахшии чунин методро дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ Ҳошимҷон Иброҳимов дар мисоли таълими химия васеъ истифода мебарад. Дар тӯли солҳои 2016-2019 Ҳошимҷон Иброҳимов аз 511 довталабе, ки дар “мактаби Ҳошимҷон Иброҳимов” бо методи занҷирии таълим дониш омӯхтаанд, 432 нафарашон, ки 84,6%-ро ташкил медиҳад, дар мактабҳои олии тиббии ватанию хориҷӣ дохил шуданд.

 

Абдулҳай Комилӣ,

профессор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш