Нашрияи Омӯзгор

Асосгузор ва шоҳи сулолаи Ҳахоманишиён

Сана: 2020-06-18        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

 

(соли 559 – 530 то милод)

Дар таърихи ҳар миллат дер ё зуд, шахсиятҳои барҷастае пайдо мешаванд, ки бемислу монанд буда, бо ҷасорату кордонӣ, маънавияти баланди донишу тафаккури хоса, кору пайкорашон дар арсаи ҷаҳон машҳур мегарданд.  Барои тамоми халқҳои эронитабор чунин шахсият Куруши Кабир буд.

Куруши Кабир бо саъйю кӯшиш ва ҷидду ҷаҳди зиёде монеаҳои бисёреро аз сари роҳи худ бартараф намуда, аз мартабаи шоҳи як вилоят ба дараҷаи шоҳаншоҳи империяи бузурги ҷаҳонӣ расид. Вай ба нахустин империяи мутамаддини ориёӣ бунёд гузошт, ки то замони лашкаркашию кишваркушоиҳои  Искандари Мақдунӣ дар таърихи тамаддуни башарӣ назире надошт. Империяи таъсисдодаи ӯ мутобиқи маълумотҳо чандин давлати ҷаҳони куҳан – Порсу Мод, Бобулу Ошур, Мисру Финиқия, Лидияву Урарту, Парфияву Гиркания, Бохтару Суғд ва ғайраро дар қаламрави 22 вилоят муттаҳид намуда, дар ҳудуди се қитъаи олам – Осиё, Аврупо ва Африқо доман густурда буд. Куруш дар таърихи тамаддуни башарӣ ба сиёсати оқилонаи кишваркушоӣ, таъсиси империяи тавоною муттамаркази ориёӣ, усули нави идоракунӣ ва шакли мукаммали давлатдорӣ, ислоҳоти умури сипоҳу низоми лашкар, густариши тиҷорати тадбирҳои роҳсозӣ, алалхусус, пойдории адолату пуштибонии ҳуқуқу манзалати ҷумлаи халқиятҳои сокини қаламраваш шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард. Эъломияи таърихии Куруш бошад, аз ҷониби олимону муаррихон ҳамчун нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар эътироф шудааст, ки низоми одилона, инсонпарварона ва дунявии давлатдориро пуштибонӣ мекард.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ “Чеҳраҳои мондагор” чунин қайд намудааст: “Куруши Кабир дар миёни шоҳаншоҳони аҳди қадим яке аз оқилтарин, боинсофтарин, камозортарин ва дурандештарин шоҳаншоҳ буд, ки бо тамаддунофарию давлатсозӣ, инсонпарварию адолатпешагӣ ва рафтору ахлоқи ҳамидааш нуфузи оламгир ёфтааст. Ниёгони мо дар он давраҳои дур таҳти парчами Куруши Кабир на танҳо як давлати муқтадиру муттамаркази муштарак, балки тақдири муштарак, таъриху фарҳанги муштарак, забону хати муштарак ва расму оини муштаракро бунёд гузоштанд, ки аз сарчашмаи тамаддуни ориёӣ об мехӯрд”.

Вақте ки Куруши Кабир – Кири II (бо забони юнонӣ) соли 539 – и то мелод шаҳри Бобул – пойтахти давлати муқтадири Бобулистонро фатҳ кард, бар хилофи шоҳони аҳди бостон, ки маъмулан ба куштору ғорат мепардохтанд, эъломияе интишор сохт, ки дар он ҳифзи ҷону мол ва озодии эътиқоди динии шаҳрвандон кафолат дода мешуд.

Ин эъломия падидаи комилан нави сиёсию фарҳангӣ буд. Ӯ ба мисли шоҳони пешинаи ин минтақа мағлубонро ғуломи худ эълон накард. Баръакс, Куруш олиҳимматии сиёсӣ, адолат ва инсондӯстии бемисл нишон дода, ба халқҳои мағлуб озодӣ  ва кафолатҳои ҳуқуқӣ медод.

Куруш дар ҳайати империяи худ қариб 70 қавму миллати гуногунро муттаҳид карда, ба ҳамаи онҳо расман озодӣ ва баробарҳуқуқӣ ато намуд. Қайд кардан зарур аст, ки ӯ бори нахуст чандин кишвар ва халқҳои ориёиро дар ҳайати як давлат муттаҳид намуда, барои ташаккулу инкишофи забону фарҳанги ягонаи онҳо мусоидат намуд. Хусусан, дар аҳди Куруши Кабир, ки давраи марказиятёбӣ ва дар қаламрави давлати бузурги Ҳахоманишиён муттаҳид шудани давлатҳои хурд ва қабилаҳои парокандаи ориёнажод ва ориёзабонӣ сарзамини Ориёнои Ғарбӣ ва Ориёнои Шарқӣ ба шумор мерафт.

Миллати мо ба монанди Куруши Кабир шахсиятҳои бузурги фарҳангию таърихие дорад, ки ҳар кадоми онҳо мавриди эҳтироми хосу ом мебошанд.

Саидмаҳсуддин

Сафаралиев,

полковник, Аълочии маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори гимназияи ҳарбии ҚС КДАМ

Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Ворисони Куруши Кабир”

оид ба таълим 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш