Нашрияи Омӯзгор

Аз гуфтаи нохуб нигаҳ дор забонро

Сана: 2020-06-18        Дида шуд: 823        Шарҳ: 0

 

Дар таърихи адабиёти классикии форсу тоҷик шоироне арзи ҳастӣ кардаанд, ки бо ашъори пандуахлоқию ҳакимона ва нигоҳи мутафаккиронаи худ ҷойгоҳи бузургеро ишғол бинмудаанд. Эҷодиёти шоирони нобиға Саноии Ғазнавӣ ва Носири Хусрави Қубодиёнӣ далели ин гуфтаҳоянд.

Саноии Ғазнавӣ бо маснавиҳои худ-«Тариқ-ут-таҳқиқ», «Корномаи Балх», «Ақлнома», «Ишқнома», «Сайр-ул-ибод-илал-маод», «Ғарибнома» ва амсоли ин шуҳрати оламгир пайдо кардааст. Дар ин маснавиҳо масоили ахлоқ ва тарғиби хисоли ҳамидаи инсонӣ мавқеи меҳварӣ дорад. Аз ҷумла, Саноӣ одамро беҳтарину волотарин ва шарифтарин мавҷуди рӯйи олам меҳисобад ва дорои қадру манзалати бузург будани ӯро махсус таъкид мекунад:

Ҳама мақсуди офариниш ӯст,

Аҳли таклифу ақлу биниш ӯст.

Аммо, ба ақидаи шоир, ин шарафмандтарин офарида набояд асири хашму шаҳват, нафсу кибру ғурур, дурӯғу кизб ва дигар хислатҳои зишт гардад ва аз ин роҳ зиндагӣ ба сар барад.

Хашму шаҳват хисоли ҳайвон аст,

Илму ҳикмат камоли инсон аст.

Хашму шаҳват ба зери пой дарор.

Орзу дар орзу бигзор…

Як амали баду нохушоянде, ки инсонро оқибат ба доми бало гирифтор месозад, ин нафси аммораи ӯ мебошад. Ҳирсу нафс сарчашмаи бадбахтии инсонҳо буда, ӯро аз мақоми инсонӣ дур месозанд, ба махлуқи ҳамахори беиззу шараф мубаддал месозанд:

Ҳирс бигзору з-он даст бидор,

Ҳирсу оз аст мояи тимор.

Ҳирсро з-он ки қаҳр хонд Илоҳ,

Оқил аз вай бад-он насохт паноҳ.

Саноӣ дар байни қитъаву маснавиҳояш достону ҳикоятҳои тамсилии пандомӯзе меорад, ки аҳамияти баланди тарбиявию ахлоқӣ дошта, дар ташаккули маънавии шахс нақши муассир мебозанд. Таври мисол, дар «Достони бостон» аз аблаҳе ҳикоят мешавад, ки уштуреро дар чарогоҳ ба ҳангоми чаро мебинад ва аз вай мепурсад, ки чаро ҳама нақш бар тани ту каҷ аст (манзур кӯҳони шутур) ва чӣ сурати нописанде дорӣ? Уштур ба ӯ ҷавоб медиҳад, ки ин нақшу суратро ба ман Офаридгор эҳдо намудааст ва ман аз он бағоят шукргузорам. Вале сухан сари он меравад, ки ту ба зоҳир менигарию каҷии маро мебинӣ. Аммо ман ҳарчанд кажпӯшт бошам ҳам, ҳамеша роҳи рост мепӯям ва ростӣ дар зиндагӣ шиори ман аст.

Аблаҳе дид уштуре ба чаро,

Гуфт: нақшат ҳама каж аст, чаро?

Гуфт уштур, ки андар ин пайкор,

Айби наққош мекунӣ, ҳуш дор.

Дар кажиям макун ба айб нигоҳ

Ту зи ман роҳи рост рафтан хоҳ…

Ҳамин ҳамоҳангии маънавию мантиқиро дар ашъори шоири бузурги тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ амиқу равшан мушоҳида мекунем. Хусусан, дар қасидаҳои Носири Ҳусрав маъниву ғояҳои башардӯстӣ, ки аз омӯзиши илму дониш маншаъ мегиранд, фаровон ба чашм мерасад. Носири Хусрав ба ҳайси як мутафаккири донишманду пурхонда таъкид мекунад, ки дар сухан гуфтан бояд инсон бештар андеша кунад, аз ақлу хирад кор гирад. Зеро сухан гуфтан ба ақлу фаҳмиши шахс вобаста аст. Аз ин рӯ:

Хоҳӣ, ки наёрӣ ба сӯи хеш зиёнро,

Аз гуфтаи нохуб нигаҳ дор забонро.

Гуфтор зиён аст, валекин на мар-онро,

То суд ба як сӯ ниҳӣ аз баҳри зиёнро.

Мардум, ки сухан гӯяд,з-он аст, ки дорад.

Ақле, ки падид орад бурҳону баёнро.

Ба ақидаи Носири Хусрав, инсон ба ин дунё на баҳри хӯрдану хоб рафтан, на баҳри дар ғафлату ҷаҳолат гузарондани умр омадааст. Ҳосил аз офариниши ӯ амалу рафтори неку писандида ва ободу маъмур гардондани ин ҷаҳон аст, ки ба василаи меҳнат, саъю талош, ҳимматбаландию сахо, росткорӣ ва ғайра амалӣ хоҳад шуд. Шоир ба ин мақсад мегӯяд:

Бар ту ин хӯрдану ин рафтану ин

хуфтан хост,

Нек бингар, ки кӣ афканд, в-аз ин кор

чӣ хост?

Гар на нокоми ту буд ин ҳам тақдир,

чаро,

Ба ҳама умр чунин хобу хурат кому

ҳавост?

Ва дар хатми қасида панд медиҳад, ки:

Ҷаҳд кун, то ба сухан мардум гардию

бидон,

Ки ба ҷуз марди сухан халқ ҳама хору

гиёст.

Ҳамчунон чун тани мо зинда ба об

асту ҳаво,

Сухани хуб дили мардумро обу ҳавост.

Шоири озодманишу равшанфикр аз дасти рӯҳониёни мутаассибу ҷоҳил ва хурофотпараст азобҳои зиёди рӯҳӣ кашида, дар қасоиди худ решаи ҳамаи бадбахтиҳои инсонро дар ҷаҳолату нодонӣ медонад. Маҳз ҷаҳолату нодонӣ теша ба решаи афкори созанда ва рушду пешравии кишварҳову ҷомеаҳо мезанад. Мусаллам аст, ки давои ин офати хатарзо илм асту омӯзиши пайваста. Чунонки Носири Хусрав мегӯяд:

Туро дониш ба таклиф асту нодонӣ

табий з-ин,

Ҳаме бо ту бисозад ҷаҳл чун бо ҷаҳл

дарсозӣ.

Чаро дар ҷустани дониш нагирад озат,

эй нодон,

Агар дар ҷустани чизе, ки онат нест,

бо озӣ.

Носири Хусрав фарзандони бани инсонро панд медиҳад, ки ба роҳи каҷ гом наниҳанд, қадри хеш бишносанд, ба доми фитнаву тазвири рӯҳониёни мутаассиб наафтанд. Ин афкору андешаҳои шоир имрӯз низ аҳамияти бузурги маърифатию худшиносӣ доранд. Бахусус, омӯзиши ашъори шоир барои насли ҷавон ибратомӯз буда, онҳоро ҳушдор медиҳад, ки қурбони дасисаю иғвои гурӯҳҳои фурсатталаби манфиатхоҳ нашаванд. Зеро инсон барои он офарида шудааст, ки бо ақлу фаҳмиши комил аз дигар махлуқот тафовут дошта, корҳоеро бояд ба анҷом расонад, ки манфиатовар бошанд, на бар зиёни ҷомеа.

Эй одамӣ, ба сурату бе ҳеҷ мардумӣ,

Чунӣ ба феъли дев чу фарзанди одамӣ?

Гар асп нест астару на хар, ту ҳамчун ӯ,

На мардумӣ, на дев, яке девмардумӣ.

Фозил кунанд номат, агар ту ба ҷидду ҷаҳд,

То фазлро ба даст наёрӣ, наёрамӣ…

Хуллас, эҷодиёти Ҳаким Саноии Ғазнавӣ ва Носири Хусрави Қубодиёнӣ серпаҳлу ва доманадор буда, дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон нақши нозудуданӣ дорад.

 

Дилафрӯз НАСРИДДИНОВА,

омӯзгори мактаби №19, ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш