Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷи-кистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар иброз доштанд: «Яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад. Имрӯзҳо шабакаи интернет, мутаассифона, аз ҷониби гурӯҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густурда истифода мешавад».
Мувофиқи таҳлилҳои мавҷуда ва мушоҳидаҳои ҳамарӯза як қатор сабаб ва омилҳо, ба монанди таъсири манфии сабтҳои электрониву видеоӣ, маводи чопии дорои хусусияти зӯроварӣ ба кор ва таҳсил фаро гирифта нашудани ноболиғон ба афзоиши ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон, шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ замина гузоштаанд. Дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, хатар ба тамоми ҷомеа дорад. Аз ин рӯ, барои пурзӯр намудани мубориза бо терроризму экстремизм ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият зарур аст. Барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгаро ба масъалаи тарбия дар муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳи бештар намудан зарур аст.
Заминаи аслии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳу равияҳои иртиҷоӣ нодонӣ, ноогоҳӣ, сатҳи пасти маърифатнокӣ аст, ки зуд ба доми тазвири онҳо меафтанд. Бинобар ин, бояд ки алайҳи ҳама гуна равандҳои харобкор муқовимат карда, дар таҳким ва пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми босазо гузорем.
Манучеҳра ҶУМАХОНОВА,
сардори раёсати назорати давлатӣ ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилоти Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф,
Ҳайдар ҲАЙДАРОВ,
мутахассиси пешбари раёсати назорати давлатӣ ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилоти Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф
Иловакунӣ
Иловакунии фикр