Аз тарафи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” бо фарогирии беш аз 65 ҳазор вожаву истилоҳ ба нашр расидааст, ки барои ҷомеаи имрӯз аҳамияти зиёдро қоил мебошад. Ҳоло мехоҳем дар мавриди баъзе нуктаҳо ва аёнтарин нуқсонҳое, ки имрӯзҳо зимни фаъолияти корӣ бо онҳо рӯ ба рӯ мешавем, ҳарф занем.
Алифбои забони тоҷикӣ дорои 35 ҳарф мебошад. Дар имлои нав бо мақсади мутобиқ кардан бо забони русӣ (кириллӣ) номи ҳарфҳо бо забони русӣ мувофиқ карда шудаанд. Ба мисли: Ӣ-(“и”-и дароз), к (ка), л (эл), м (эм), н (эн), р (эр), с (эс), ӯ (“у”-и дароз) ф (эф), ш (ша), ки инро бисёре аз хонандагон намедонанд.
Ҳангоми навишти ҳарфи “ъ” баъзе аз хонандагон ба мушкилӣ дучор меоянд. Мувофиқи имлои нав ҳарфи “ъ”(сакта) ба истиснои ду вожа (фаъол ва таъин) дигар ҳаргиз дар миёни ду садонок навишта намешавад, мисли: маориф, таом, мавзӯи баҳс ва ғ. Ҳамзамон, бисёре аз хонандагон ҳарфи “ъ”-ро аломат ном мебаранд, ки ин ғалати маҳз мебошад.
Ҳангоми навиштани ихтисора баъзан хатоҳо ба назар мерасад. Масалан, дар навишти (Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ – МТМУ) бисёр ба назар мерасад, ки хонандагон пас аз ҳар ҳарфи ихтисора аломати нуқта (.) мегузоранд, ки ин нодуруст мебошад, мисли: М.Т.М.У.№22, ки шакли дурусти он МТМУ №22, мебошад ва ё баъзан ихтисораи мазкурро бо ҳарфи хурд менависанд ва ин қобили қабул нест. Баъзан ба ин шакл низ менависанд МТМУ № 22 ки шакли дурусти он МТМУ №22 мебошад, яъне миёни аломат ва рақам фосила гузошта намешавад. Дар имлои забони тоҷикӣ ихтисораҳо чунин навишта шудаанд: ДМТ (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), БМТ (Бонки миллии Тоҷикистон). Ҳамчунин, баъд аз навиштани номи мавзӯъ аломати нуқта (.) гузошта намешавад. Ҳангоми навиштани таърихи рӯз баъд аз сол аломати нуқта (.) гузошта намешавад (18.07.2019). Дар навишти номи шахс ҳангоми ихтисор аломати нуқта гузошта мешавад, мисли: Аҳроров М.М., Усмонов А.Р., У.Раҷаб, Қаҳҳоров Ф.Б. ва мисли инҳо. Дигар аз хатоҳои маъмул, ки боиси косташавии ҳам мазмуннокӣ ва ҳам саводнокии кори хаттии хонандагон мегардад, риоя нанамудани мувофиқати хабар бо мубтадо аст.
Яке аз роҳҳои омӯзиши имло, таҳрири матн аз ҷониби хонандагон мебошад. Дар ин ҳолат омӯзгор матни ғалатро ба хонандагон пешниҳод менамояд ва хонандагон онро ислоҳ менамоянд. Баъдан матни саҳеҳ ба хонандагон дода мешавад ва онҳо ин дафъа бо ручкаи рангаш фарқкунанда аз ручкаи аввала матни ғалати ислоҳнамудаи худро бо матни саҳеҳ муқоиса намуда, норасоиҳояшро бартараф мекунанд. Пас аз ин ҳолат хатоҳои хонанда ба ӯ аён мегардад, ки дар кадом маврид бештар ба хато роҳ додааст, сипас, ӯ кӯшиш менамояд, ки дигар ба он хатоҳо роҳ надиҳад.
Фаридуншоҳ АБДУЛЛОЕВ, сармутахассиси Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр