Нашрияи Омӯзгор

Таҳсилро такмил мебояд

Сана: 2020-06-18        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

 

Салоҳият наметавонад аз шартҳои амиқи амаликунониаш ҷудо бошад. Вай ба таври хеле ҳам зич метавонад мустаҳкамкунии дониш, маҳорат ва тарзҳои рафтору кирдорҳоро, ки тибқи шартҳои амиқи фаъолият ба вуҷуд оварда шудаанд, алоқаманд намояд.

Бештар хонандагоне вомехӯранд, ки донишҳои васеъ доранд, аммо наметавонанд онҳоро дар лаҳзаҳои лозимӣ муттаҳид ва истифода намоянд. Ҳамин тариқ, салоҳият муносибати байни донишҳо ва амалҳо дар таҷрибаи ҳар як шахс мебошад. Бе донишҳо салоҳиятҳо вуҷуд дошта наметавонанд, аммо ҳар як дониш дар дилхоҳ ҳолатҳо салоҳият шуда наметавонад.

Салоҳиятнокӣ дар доираи муҳокима намудани мавзӯъ сатҳи маълумотнокиро ифода менамояд. Яъне аз худ намудани як қатор салоҳиятҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурманд (ки дар илм калидӣ мебошанд) ба субъект имкон медиҳанд, ки боэътимодона дар ҳама гуна ҳолатҳо амал намояд.

Рақобатпазирии инсон дар бозори муосири меҳнат бештар аз қобилияти аз худ намудан ва рушд додани дониш, малака ва салоҳиятҳое мебошад, ки онҳоро дар фаъолияти худ амалӣ истифода бурда тавонад. Дар замони муосир сатҳи маълумотнокӣ на тавассути ҳаҷми донишҳо, балки тавассути қобилияти ҳал намудани проблемаҳои мушкил дар асоси донишҳои заминавӣ муайян мегардад.

Ҳамин тавр, муносибати салоҳиятнокӣ – ин маҷмӯи принсипҳои умумии муайянкунонии мақсади таълим, ташкил намудани раванди таълим ва баҳогузории натиҷаҳои таълим мебошад.

Раванди таълим дар муносибати босалоҳият нақши воситаҳои асосии омодагии мақсадноки хонандагонро ба худомӯзӣ иҷро менамояд, ки бо ёрии вай хонандагон ба таври мустақилона таҳияи лоиҳа ва пешравиро баҳри ба роҳ мондани вазифаҳои ҳаётӣ ва касбиашон меомӯзанд.

Ба сифати салоҳиятҳои калидӣ салоҳияти ҳал намудани проблемаҳо, салоҳияти иттилоотӣ, салоҳияти муоширатӣ дохил мешавад.

Шарҳи адабиёти илмӣ имконият медиҳанд тасдиқ намоем, ки салоҳиятҳои калидӣ бениҳоят гуногун, бисёрдараҷа, бисёр-тахассусӣ мебошанд ва дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти хонандагон истифода бурда мешаванд: дар соҳаҳои таълим, илм ва фаъолияти касбии оянда. Муносибати салоҳиятнокӣ дар қатори салоҳиятҳои шахсӣ муайян гардида, аз ҷиҳати методологӣ тасриф ва таснифи асосии таълим ба шумор рафта, ба салоҳиятҳои асосии ташаккулёбии забон таъсир мерасонад, ки онҳо мақсад, мазмуну мундариҷа ва усулҳои таълим мебошанд. Ин муносибат натиҷаҳои таълим (донишҳо, маҳоратҳо ва малакаҳо)-ро дар бар мегирад. Бинобар ҳамин, салоҳиятҳо на танҳо дар раванди таълим дар мактаб ва мактабҳои олӣ, балки зери таъсири оила, муҳити иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ташаккул меёбанд.

Яке аз салоҳиятҳои асосӣ ин салоҳияти муоширатӣ мебошад, ки ташаккулёбии вай бевосита ба раванди омӯзиши забонҳо оварда мерасонад (англисӣ, русӣ). Ташаккулёбии фаъолияти касбию муоширатӣ дар ҳудудҳои системаи маълумоти олӣ ба роҳ монда мешавад. Нақши фанҳои забоншиносӣ дар мактабҳои олӣ боз ҳам баланд мегардад, ки ин талаботи замон ва бозори меҳнат мебошад.

Сайёд СОБИРОВ,

омӯзгори калони

кафедраи методикаи

таълими фанҳои гуманитарӣ ва табиӣ-риёзии ФДҶТИБКСМ

дар шаҳри Кӯлоб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш