Нашрияи Омӯзгор

Қуфлкушои дарҳо

Сана: 2020-06-18        Дида шуд: 787        Шарҳ: 0

 

Дигаргуниҳо дар олами илму иқтисоди ҷаҳонӣ талаб мекунанд, ки мо, тоҷикон, низ ҳамқадами замон бошем.

Ин кор ҳамон вақт амалӣ хоҳад шуд, ки илму ҳунар ривоҷ дода шавад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ ин мавзӯъро махсус таъкид карданд. Дар марҳилаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаи илму маориф афзалияти аввалдараҷа дода мешавад, зеро ин соҳаҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд. Масъулини соҳаи маорифро дар тамоми манотиқи кишвар зарур аст, ки сатҳу сифати таълимро дар муассисаҳои таълимӣ дар ҳама зинаҳои таҳсилот боз ҳам баланд бардоранд.

Имрӯз омӯзгорон аз ҳамаи имкони зарурӣ бархӯрдоранд. Мактабе нест, ки кампютер ва дигар ашёи техникии таълимӣ надошта бошад. Ба андешаи ман, муҳимтарин роҳи комёб шудани мо, омӯзгорон, ҳамоҳангона ва муттафиқона амал кардан аст. Мо бояд натанҳо барои шогирдони худ, инчунин, бояд барои намояндагони дигар касбу корҳо низ намунаи ибрат бошем. Дар ҳама ҷо илму ҳуннарро тарғиб кунем. Пеш аз ҳама, худамон китобхону китобдӯст бошем. Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ танҳо барои омӯзгорони ин фанҳо нест. Ин пешниҳоди Сарвари давлат таъкиде ба бозомӯзии ҳамаи омӯзгорони ҷумҳурӣ мебошад.

Агар ҳар як омӯзгор вобаста ба имкон дар пайи такмил додани маҳорати омӯзгорӣ ва ғанӣ кардани ҷаҳонбинии ҳуд бошад, мушкилоти дар роҳи таълиму тарбия ҷойдошта зудтар бартараф хоҳанд шуд. Олимони риёзидон математикаро шоҳи фанҳо мегӯянд. Модоме чунин бошад, рӯ ба ин фанни судманд овардану ба сатҳи зарурӣ аз он бохабар шудани ҳар як омӯзгор шарт аст.

Риёзиву кимиё ва ҳаётшиносию табиатшиносӣ сарчашмаи маърифат ва ҷаҳоншиносии инсон аст.

Барои мисол, донистани системаи даврии Менделеев, огоҳ будан аз хусусиятҳои баҳр ва ҷонварони баҳрӣ, обсабзҳо, захираҳои конҳои дар қаъри баҳрҳо буда, хусусиятҳои шифобахшии гулу гиёҳҳо иртиботи моро ба оламу одам мустаҳкам ва масъулиятамонро дар зиндагӣ зиёдтар мекунад. Ҳадду канор ва ниҳоят надоштани илмро ҳамаи олимон таъкид кардаанд.

Мо, омӯзгорон, вазифадорем, ки аҳамияти ҳамаи илмҳоро ба шогирдонамон фаҳмонем. Онҳо бояд амиқ донанду дарк кунанд, ки калиди мушкилоти инсон илм аст.

Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм,

Қуфлкушои ҳама дарҳост илм.

 

  Наргис САИДМИРЗОЕВА,

 омӯзгори литсейи

инноватсионии “Душанбе”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш