Бузургтарин заминаи худшиносии миллӣ ва худогоҳии насли даврон аз донистани таърихи пурифтихори гузаштаи худ маншаъ гирифта, таҷлили зодрӯзи адибону олимон, фарзонафарзандону асарҳои гаронарзиши онҳо, эҳё намудани суннатҳои ҳамидаи гузаштагон аз қабили беҳтарин ва некутарин роҳҳои худшиносӣ маҳсуб меёбанд..
Дар ин замина аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон»- ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав нашр карда, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намоянд.
Ин навиди хушро аҳли маориф ва муассисаҳои таълимии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хуш пазироӣ намуданд.
Собиқадори соҳаи маориф Хушқадам Асматуллоев, зимни суҳбат оид ба ин иқдоми бузурги Сарвари мамлакат арз намуд, ки аз хурд то бузурги миллат бояд сараввал, аз таърихи худ огоҳии пурра дошта бошанд. Мо дар айёми мактабхонӣ таърихи дунёи қадимро хонда дар назди омӯзгорон аз ин фан ҷавоб медодем. Аммо на ҳамавақт аз таърихи пурифтихори худ ва заҳматҳои фарзандони фарзонаи миллати тоҷик огоҳӣ доштем.
Китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров аз гузаштаи миллати мо то ба ин замон нақл мекунад. Ба ин иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд арзу сипос изҳор намуд, - гуфт дар охир Хушқадам Асматуллоев.
Ҷ. ҚОЗИБЕКОВ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр