Дар толори меҳмонхонаи «Ҳаёт реҷенсӣ» бахшида ба 20-солагии ташкилоти хайриявии «Good Neighbors Tajikistan» маросими тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорату кумитаҳо ва дигар шахсони расмӣ, рӯзноманигорон, падару модарон ва кӯдаконе, ки зери сарпарастии ташкилот қарор доранд, ширкат варзиданд.
Зимни ифтитоҳи ҳамоиш рӯзноманигорони шинохта Субҳон Ҷалилов ва Наргис Комилова қайд намуданд, ки 20 сол пеш-соли 1998 ташкилоти «Good Neighbors Tajikistan» дар кишвари мо ба фаъолият пардохт. Дар ибтидо кӯшишҳои асосӣ барои кумак кардан ба кӯдакони ятиму камбизоат равона мешуд, зеро он вақт Тоҷикистон дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ давраи мушкилро аз сар мегузаронид. Ташкилот бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ҳамкории судмандро ба роҳ монда, то имрӯз беш аз 10 000 номгӯй китоб ба китобхонаҳои мактабии кишвар туҳфа намудааст.
Роҳбари ташкилот Ли Бенгчан изҳор дошт, ки «Good Neighbors International» соли 1991 дар Ҷумҳурии Корея таъсис ёфта, айни замон дар 38 кишвари дунё фаъолият менамояд. «Good Neighbors Tajikistan» яке аз филиалҳои «Good Neighbors International» буда, дар Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаҳои Рушди ҷомеа машғул аст. Айни замон мо дар 5 ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи 15 лоиҳа 12 500 кӯдак зери сарпарасти мо қарор доранд.
Сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ли Вучёл иброз дошт, ки ташкилоти мазкур ба онҳое, ки ба кумаку дастгирӣ ниёз доранд, дасти ёрӣ дароз мекунад.
Сипас, ба роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳои мамлакат сипосномаҳои ташкилот тақдим гардиданд. Ансамбли кӯдаконаи назди «Good Neighbors Tajikistan»-«Ситораи умед» бо барномаи рангин хотири ҳозиринро шод гардониданд.
Дилафрӯз Қурбонӣ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр