Нашрияи Омӯзгор

Зарар бартараф мегардад

Сана: 2020-06-18        Дида шуд: 775        Шарҳ: 0

 

Солҳои охир бо сабаби тағйир ёфтани обу ҳаво дар сайёра, хоса қаламрави кишвар офатҳои табиии обхезӣ, сел ва фаромадани ярч ба қайд гирифта шуда, ба иқтисодиёти давлат ва шаҳрвандон зарари ҷиддӣ расида истодааст. Маҳз бо мақсади пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои ба вуқӯъ омадани чунин ҳодисаҳои табиӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, созмону ташкилот ва муассисаҳо нақша-чорабиниҳо таҳия гардида, дар ин самт корҳои муайян пайваста ба анҷом расонида мешавад.

Бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда дар қисме аз деҳаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз қабили деҳаи Неъматулло Асадуллои Ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Хуросон дар натиҷаи зиёд боридани борон дар моҳи майи соли равон обхезӣ ба вуҷуд омада, ба хоҷагии қишлоқ зарари зиёд расид. Ҷиҳати саривақт бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон, вилояти Хатлон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсат ва шуъбаи кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, қисмҳои низомӣ, мусоидати намояндагони ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфта, ёрии амалӣ ба зарардидагон расонида шуда истодааст.

Қайд намудан зарур аст, ки деҳаҳои ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Хуросон яке аз минтақаҳои осебпазир ва хатарзо оид ба ҳодисаву воқеаҳои табиӣ шинохта шудааст.

-Маҳз бо ин мақсад зарур аст, ки пайваста ҷиҳати мустаҳкам намудани соҳилҳои дарёи Вахш ва васеъ гардондани селроҳаҳо тадбирҳо андешида шаванд, - мегӯянд коршиносони соҳа.

Ҳоло бунёди манзилҳои шаҳрвандони аз офати табиӣ зарардида бомаром идома дошта, ситоди ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ аз рафти корҳои пайваста шинос мешаванд.

Сангимурод Шарифов,

сардори бахши Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш