Нашрияи Омӯзгор

Ситораи давлат

Сана: 2020-06-18        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омаданаш, бо азму иродаи қавӣ, матонат, ҷасорат ва мардонагии беназир  баҳри сулҳу субот, оромӣ, тинҷию осудагии мардум, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва муаррифӣ намудани халқи тоҷик ба оламиён заҳмату талошҳои беандоза намудаанд.

Халқи тоҷик дар масири таърих ба ранҷу беадолатиҳои зиёд рӯ ба рӯ гаштааст. Аммо ҷанги шаҳрвандӣ ба сари халқи тоҷик талафоти бузургеро овард, ки таърих ёд надорад. 150 000 нафар ҳамватани мо дар ин ҷанг ҷони худро аз даст доданд. Барқарор намудани манзилҳои вайронгашта, баргардонидани гурезаҳо, ҳамдигарфаҳмию созиш кардан мақсади ягонаи Сарвари давлат ба шумор мерафт. 

Пешвои миллат савганд ёд карда буданд: «То даме ки охирин гурезаро аз ғарибӣ ба хоки муқаддаси Ватан бознагардонам, осуда нахоҳам буд.»

    Президенти муҳтарам ёдовар мешаванд: Соли 2012 мӯйсафеди 104-сола, ки ҳанӯз соли 1937 аз минтақаи Кӯлоб ба Афғонистон гуреза шуда будааст, аз давлати Тоҷикистон илтимос намуд, ки ба вай иҷозати бозгашт ба Ватан дода, барояш шаҳрвандии Тоҷикистонро барқарор намоянд. Ин пирамард на аз ҷумлаи гурезагони солҳои 90-уми асри гузашта, балки аз гурезагони солҳои барқарории Ҳокимияти Шӯравӣ  будааст, ки  аксари онҳо дигар ба Ватан баргашта натавониста, дар ғарибӣ умр ба сар бурдаву дар ғарибӣ даргузаштанд. Вақте намояндагони давлат бо вай суҳбат намуданд, маълум гашт, ки вай бо вуҷуди гузаштани шаст сол  ягон рӯз ёди Ватанро аз хотир набароварда, то имрӯз танҳо бо орзуи бозгашти дубора ба Ватанаш зистааст. Вай сабаби дарозумриашро хеле ҷолиб шарҳ додааст. Ин  пирамард шабу рӯз дуо мекардаст, ки Худованд то мушарраф шудан ба дидори Ватан ва дубора бӯса задан ба хоки муқаддасти зодгоҳаш ҷонашро нагирад…»

Дар ҳаёт ва фаъолияти Пешвои миллат чунин мисолҳои воқеӣ бешуморанд. Ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат беназир буда, ҳама гуна иқдоми некро дастгирӣ менамоянд. Амсоли Ҳафт Авранг ба ҳафт иқлим халқи тоҷикро муаррифӣ намуда, Тоҷикистонро ба мисли шинохтанашаванда ободу зебо намудааст.  Аз файзи Истиқлол имрӯзҳо дар Тоҷикистон садҳо корхонаи хурду бузург фаъолият мекунанд, ки кишварро ба сӯи бозсозиҳои  саноатӣ ҳидоят менамояд.

Сиёсати пешгирифтаи ин абармарди таърихро тамоми мардуми сайёра эътироф менамоянд. Ҳоҷат ба баён нест, ки дар кишвари мо сулҳу субот пойдор буда, Тоҷикистон аз ҷиҳати амният дар ҷаҳон ҷойи аввалро мегирад.  Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар ин боб мегӯяд:

Гар теғи сиёсати салотин набувад,

Дар олами хок оби хуш кас нахӯрад.

Халқи тоҷик шукронаи чунин тахту бахти нек намуда, зери ливои  роҳбари хирадманди худ муттаҳид шуда, ба сӯи ояндаи боз ҳам шукуфотар устуворона қадам мениҳад.

                                                  

 Саодат Сатторӣ,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш