Нашрияи Омӯзгор

Сафари кории вазир ба Фархор ва Муъминобод

Сана: 2020-06-18        Дида шуд: 779        Шарҳ: 0

 

10-уми июни соли ҷорӣ дар доираи  дастуру ҳидоятҳои  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ошноӣ пайдо намудан аз вазъи соҳаи маориф, рафти корҳои сохтмонӣ ва омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Имомзода ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод.

Нахуст вазири маориф ва илм аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 дидан намуд. Иттилоъ дода шуд, ки бинои муассисаи мазкур соли 1969 сохта шуда, дар ҳолати на он қадар хуб қарор дорад. Вобаста ба вазъи ҷойдошта дар муассиса вазири маориф ва илм зикр кард, ки дар ҳолати пайдо шудани имконот мактаби мазкур азнавсозӣ мегардад.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 низ соли 1987 сохта шуда, аз ду ошёна иборат мебошад ва айни ҳол ба таъмир ниёз дорад. Баъд аз шиносоӣ бо вазъи таълимгоҳ, вазири маориф ва илм бо омӯзгорону кормандони ин муассиса суҳбати гарму самимӣ анҷом дод. Зимни суҳбат иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди муассисаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ майдончаи варзишии болопӯшида сохта ба истифода дода шудааст, ки он барои бозии футбол ва дигар чорабиниҳои варзишӣ пешбинӣ гардидааст.

Сипас, дар ҷараёни сафар вазири маориф ва илм аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 дидан намуд. Муассисаи мазкур солҳои 50-уми асри гузашта сохта шудааст. Азбаски бинои мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, барои мақсаднок истифода бурдани замини мактаби куҳна вазири маориф ва илм бо раиси ноҳияи Фархор зимни суҳбат ба мувофиқа расиданд, ки дар заминаи мактаби мазкур сохтмони муассисаи таҳсилоти касбӣ ба нақша гирифта шавад.

Баъдан, вазир ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и деҳаи Иттифоқи ноҳияи Фархор рафт. Бояд қайд намуд, ки омӯзгорон ва сокинони деҳаи мазкур ба унвони вазири маориф ва илм бо ариза ҷиҳати сохтмони мактаби наву замонавӣ муроҷиат намуда буданд. Мактаби мазкур соли 1949 сохта шуда, дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Омӯзгорон ва фаъолони деҳа ҷамъ омада, бо вазири маориф ва илм М.Имомзода суҳбати гарму самимӣ анҷом доданд.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки бинои мактаби мазкур дар ҳақиқат фарсуда буда, барои аз нав ва бо тарҳи замонавӣ сохтани он дар доираи имконот чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Вазири маориф ва илм, инчунин, бо вазъи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳия шинос гардид. Мактаби мазкур аз ҳисоби Фонди Саудӣ бо тарҳи замонавӣ ва иборат аз чор ошёна бунёд гардида истодааст. Аз ҷониби пудратчиён иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол 90 фоизи корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур ба анҷом расонида шудааст.

Вазири маориф ва илм, аз иншооти дигар дар маркази ноҳия дидан намуд. Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, ҳамчун муассисаи таҳсилоти касбӣ пешбинӣ шудааст.

Дар доираи сафар, ҳамзамон, вазири маориф ва илм аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳия боздид ба амал овард. Сохтмони муассисаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Хуршед Гадоев ба роҳ монда шуда, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода дар суҳбат бо омӯзгорону кормандон ва фаъолони ноҳияи Фархор таъкид намуд, ки имрӯз моро зарур аст, ки бо дастгирӣ аз сиёсати давлату ҳукумат дар соҳаи маориф бояд рисолати омӯзгории хешро содиқона ва софдилона анҷом диҳем.

ҳамчунин, бо мақсади шиносоӣ аз вазъи соҳаи маориф ва омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода ба ноҳияи Муъминобод сафари корӣ анҷом дод.

Зимни сафар вазир аз мактабҳои рақамҳои 5, 7, 9, 10 ва 19 дидан намуд. Иттилоъ дода шуд, ки соли равон аз ҷониби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) сохтмони 10 синфхона барои 240 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии №9, деҳаи Деҳибаланди ноҳияи Муъминобод ба анҷом расида, муҷаҳҳазгардонии муассисаи таълимӣ бо таҷҳизоти зарурии таълимӣ идома дорад ва он дар арафаи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ ба истифода дода мешавад.

Илова ба ин, дар доираи амалигардонии марҳилаи навбатии Бонки Исломии Рушд дар ноҳияи Муъминобод сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №5 барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Сангдара, сохтмони бинои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии №7, деҳаи Туту ва сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №10 барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Бӯстон ба рӯйхати иншооти сохташаванда ворид карда шудааст. 

Дар баробари ин, дар муассисаҳои таълимии номбурда вазири маориф ва илм  бо омӯзгорону кормандони муассисаҳои таълимӣ доир ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат нисбат ба соҳаи маориф, риояи дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар ва Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мусоидат намудан дар самти пешгирӣ ва паст кардани шиддати паҳншавии бемории COVID-19 ва дигар бемориҳои сироятӣ, инчунин, самаранок истифода бурдани заминҳои назди муассисаҳои таълимӣ, иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана, ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020 - 2021», ҳамкории волидайн бо мактабу омӯзгор, омодагии муассисаи таълимӣ ба соли нави таҳсил мубодилаи афкор намуданд.

 

Суннатуллоҳи МИРЗО,

корманди Маркази

матбуоти  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш