Нашрияи Омӯзгор

Маҳбуби дилҳо

Сана: 2020-06-25        Дида шуд: 833        Шарҳ: 0

 

Соли 1965 Лоиқ дар қатори шоирони номвари тоҷик дар Даҳаи адабиёти тоҷик дар Федератсияи Россия иштирок мекунад. Дар Москва журналисте ба Лоиқ савол медиҳад:

-Шумо дар ин ҷашн аз ҳама хурдед, чӣ сабаб шуд, ки дар ин ҷамъомади муҳим  иштирок доред?

Лоиқ дар ҷавоб мегӯяд: -Ин ҷо масҷид не, ки «хурду калон» бигӯянд.

Журналист бо сари хам баромада меравад.

***

Китоби «Фарёди бефарёдрас»-и Лоиқ дар Эрон ба нашр мерасад. Китоб зуд байни ҳаводоронаш шуҳрат пайдо мекунад. Мухлисонаш аз Эрон баргаштани Лоиқро мунтазир мешаванд. Чун Лоиқ аз самолёт мефарояд, ӯро  дар фурудгоҳ бо гулборон пешвоз мегиранд. Шоир илоҷе наёфта, дар ҷояш рост меистад. Гулдастаҳо хирман гардида, то миён ӯро «ғарқ мекунанд». Лоиқ худро аз «банд»-и гулҳо раҳоӣ бахшида, рӯ-рӯи гилем роҳашро идома медиҳад. Варо ба толоре мебаранд, ки дар он зиёда аз 200 нафар мухлисаш мунтазир буданд. Вақте ки Лоиқ ба минбар мебарояд, ҳамаи мухлисон ба по хеста, шеъри «Рӯзе, ки танам мурд, кафандӯзи танам ҳаст, Рӯзе, ки дилам мурд, кафандӯзи дилам нест»-ро баробар мехонанд. Лоиқ худдорӣ карда натавониста, ашк мерезад…

***

Боре Лоиқ бо «Волга»-и наваш аз Душанбе озими Панҷакент мешавад. Дар Варзоб чӯпоне мошини Лоиқро манъ карда, шоирро ба як пиёла чой даъват менамояд. (Лоиқ шоири халқ буд. «Ман бо халқ зиндаам»,-мегуфт). Таклифи ӯро шоир қабул мекунад.

Чӯпон зуд гӯсфандеро сар мебурад. Табақи кабобро оварда, ба Лоиқ бо табассум мегӯяд: «Устод, аз он оби илҳомбахши шумо ман надорам». Лоиқ қоҳ-қоҳ механдад ва аз бордони мошинаш ду шиша берун мекашад. Дар сояи дарахти бед чӯпон ба Лоиқ шеъри зиёде азёд мехонад. Лоиқ мегӯяд:

-Агар чӯпони тори кӯҳи тоҷик ҳамин қадар шеър донад, офарин ба ин халқи шеъргавҳар!

Лоиқ калиди мошини  навашро ба назди чӯпон мегузорад.

Чӯпон хандакунон мегӯяд:

-Мошини шумо ба ман чӣ лозим, мошини ман ҳамин асо. Ба ман саломатии шумо ва шеъратон лозим. Худам ду мошин дорам.

***

Дар шаҳри Теҳрони Эрон шоире омада, Лоиқро ба шеъргӯӣ даъват мекунад. Ҳар ду 8 соат шеъргӯӣ мекунанд. Ниҳоят, шоири эронӣ бо баҳонае меравад. Лоиқ мегӯяд, ки агар меистод, 8 соати дигар аз «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ шеър мегуфтам.

***

Боре ҳофизи номвар, шодравон Аслиддин Мастонов Лоиқ ва дӯстонашро ба як пиёла чой даъват мекунад. Дар деҳа (Ғӯсари Панҷакент) гӯшт намеёбанд. Танҳо чор кило думбаро сихкабоб карда  меоранд. Суҳбати хоса авҷ мегирад. Садои ханда, латифагӯйӣ ба фалак мепечад. Яке аз дӯстон - Ҳамзақул Мустафоқулов фурсате ёфта, ба Лоиқ рӯ меорад:

-Устод, шуморо беҳуда Хайёми асри 20 нагуфтаанд.

-Хуб?

-Ҳамон пиёлаи дар даст доштаатон пиёлаи бисту шашум аст.

-Боз муҳобот набошад?

-Не, устод, рост.

-Пас, гӯш кунед; баъди ин нишаст ман зуд хоб намеравам. Радио гӯш мекунам, китоб мехонам, агар илҳом ояд, шеър менависам.

Ҳама баробар «Офарин, устод!»,-гӯён кафкӯбӣ мекунанд.

***

Боре  бо Суҳроб ном  ронандаи самарқандӣ тасодуфан ҳамсуҳбат шудам.  Ӯ нақл кард, ки аз шаҳри Ҷиззах бо суръати баланд ба Самарқанд меомадам. Нозири роҳ мошинамро боздошт ва танбеҳ доданӣ шуд, ки чаро суръатро аз меъёр баланд кардӣ. Дар ҷавоб гуфтам, ки дар шаҳри Самарқанд бо Лоиқ Шералӣ вохӯрӣ мешавад. «Аз вохӯрӣ дер намонам» гуфта суръатро баланд кардам. Нозири роҳ «Ҳа, Лоиқ, Лоиқ», -  гӯён ба ман роҳи сафед  талабид.

***

Боре Рофеъ ном марди тоҷик бо ҳамсояаш Маҳдӣ дар шаҳри Маскав дар истгоҳ электричкаро мунтазир буданд. Россоме омада, аз куҷо будани онҳоро пурсон меашвад. Рофеъ посух медиҳад, ки аз Тоҷикистонанд. Рассом аз Рӯдакию Фирдавсӣ сар карда, то ба устод Мирзо Турсунзодаро ёдоварӣ мекунад. Рофеъ ба рассом рӯ оварда мепурсад:  «Лоиқро медонӣ?». Рассом ҷавоб медиҳад, ки вай Хайёми асри бист аст. Рофеъ рафиқашро нишон дода мегӯяд: «Ин одам ба Лоиқ монандӣ дорад?» Рассом ба ӯ нигариста: «Бале, каме монандӣ дорад», - мегӯяд. «Ин ҷияни Лоиқ»,-мегӯяд Рофеъ. Рассом «Бо ман ҳамроҳ шавед», - гӯён онҳоро ба бӯстонсарояш мебарад, зиёфат медиҳад.

***

Нависандаи бузурги қирғиз Чингиз Айтматов Лоиқро ҳангоми дар Бишкек буданаш ба зодгоҳаш таклиф мекунад. Дар вақти ба  хона даромадан Лоиқ тойчаеро дар саҳн мебинад, ки хеле зебост. Пас аз чанде ӯ ба берун мебарояд ва мебинад, ки он тойчаро куштаанду пора мекунанд.

Бо таассуф мепурсад:

-Чаро чунин аспи  зеборо куштед?

-Мо ба ҳар меҳмони олиқадре чун шумо той мекушем.

Лоиқ афсӯс мехӯрад: -  Инро ман намедонистам, вагарна монеъ мешудам. Аз ин аспи зеборо куштан маро мекуштед, беҳтар буд.

***

Тайи солҳои 2002-2005 ман ба амри дил ба мактабҳои тоҷикии вилояти Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон, аз ҷумла, ба мактабҳои ба номи Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Хоҷа Аҳмади Ясавӣ, Янги Ариқ, ба  номи  Абулқосим Фирдавсӣ, Мирзо Турсунзода, Алишер Навоӣ…  китобҳои дарсӣ бурда, аз ҳаёти мактабҳои он ҷо дар нашрияҳои кишварамон мақолаҳо менавиштам. Шоир Абдурауф Муродӣ бо номи «Амаки меҳрубони тоҷикони Қазоқистон», дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» дар бораам мақолае ҳам навишта буд.

Дар Қазоқистон ба маъракаҳои фарҳангӣ ва ба тӯйҳо маро даъват мекарданду «Меҳмон аз Тоҷикистон»,-гӯён сухан медоданд. Ҳар дафъа дар охири баромадам аз силсилаи «Модарнома»-и устод Лоиқ шеъре  мехондам. Кафкӯбиҳо мешуд. Ба кадом хонае, ки меҳмон мешудам, он ҷо китобҳои устод Лоиқро медидам.

 

Аббос Саидмуродзода,

Аълочии маорифи Тоҷикистон,

шаҳри Панҷакент


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш