Дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар дар арафаи моҳи шарифи Рамазон (12.05.2018, шаҳри Душанбе)
Дар замони муосир, ки ҷаҳон ба суръати кайҳонӣ пеш рафтаву ба дигаргуниҳои куллӣ мувоҷеҳ шудааст, масъалаи амнияти миллӣ дар меҳвари сиёсат қарор мегирад. Муборизаи абарқудратҳо барои тақсими неъматҳои моддиву табиӣ ба рушди маънавии ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ расонида истодааст.
Аз ин рӯ, дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот ба зиёиёни кишвар мавзӯи асосӣ сулҳу ваҳдат ба шумор мерафт. Тибқи иттилои коршиносон, дар амалиёти террористии Сурия 12 ҳазор кӯдак ба ҳалокат расида, шумораи муҳоҷирони дохилӣ ба 7 миллиону 600 ҳазор нафар расидааст. Дар маҷмӯъ, дар ҷанги Сурия то имрӯз 460 ҳазор нафар кушта шудааст. Имрӯз дар 40 нуқтаи доғи олам низоъҳои мусаллаҳона идома доранд, ки дар онҳо тақрибан 30 давлати дунё бевосита ё бавосита ширкат мекунанд. ғайр аз ин, дар беш аз сад давлати дунё тақрибан 70 миллион нафар одам бинобар нооромии вазъият ва амалҳои террористӣ манзили зисти худро тарк кардаанд.
Дар таърихи инсоният собит гардидаст, ки асоси муноқишаҳои доманадори террористиву экстремистӣ ихтилофи мазҳабӣ буда, бо ин роҳ гумроҳ намудани ҷомеа ва ба коми оташ гирифтор кардани давлатҳо ва шомил гардидани ҷавонону наврасон ба гурӯҳҳои тундгарои ифротӣ ҳадафи асосии сарварони аҳзобу ҳаракатҳои ифротӣ маҳсуб меёбад. Бинобар ин, баланд бардоштани маърифати динӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, талқин намудани сулҳофарӣ дар зеҳни наврасону ҷавонон ба пойдорӣ ва амнияти кишвар мусоидат мекунад. Дар тарбияи насли наврас дар адабиёти тоҷик асарҳои фаровон эҷод гардидаанд, ки саросар ғояҳои сулҳу дӯстӣ ва одобу ахлоқи ҳамидаро талқин мекунанд. Омӯхтани осори пурғановати бузургони илму адаб барои ба камол расидани шахсияти комили замони муосир, хусусан, ҷавонон заминаи хуб ба ҳисоб меравад. Таҳия ва нашр гардидани осори бебаҳою безаволи шоирону нависандагони классикии форсу тоҷик дар замони истиқлолият далели воқеии таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба омӯзиш ва аз таърихи хеш огоҳ гардидани насли наврас мебошад.
Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид таъкид намуданд: «Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд як масъалаи ниҳоят муҳимро амиқ дарк намояд: вазъи имрӯзаи ҷаҳон танҳо ба халқу миллатҳое имкони вуҷуд доштану рушд карданро медиҳад, ки онҳо дар баробари донишманду аз назари технологӣ пешрафта ва созандаву эҷодкор буданашон, инчунин, бояд сарҷамъу муттаҳид бошанд, ҳадафҳои стратегии давлат, ҳастии миллати худро дар ҳама ҳолат ҳифз карда тавонанд ва бозичаи дасти доираҳои ғаразноки сиёсӣ нашаванд. Яъне, мардум бояд ҳувияти миллӣ ва ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ дошта бошанд, бо сабру таҳаммул ва иттифоқу сарҷамъӣ бо роҳи таърихии дар Конститутсия интихобкардаи худ устуворона пеш раванд».
Мардуми тоҷик солҳои навадуми асри гузаштаро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд, он рӯзҳои даҳшатборро, ки бадхоҳону бадандешони миллати мо бо дастгирии хоҷагони хориҷӣ давлатро ба коми оташ кашиданд ва имрӯз низ кӯшишҳои ғаразноки худро идома дода истодаанд. Дар ҳамон давра зархаридони доираҳои муайяни манфиатдор ҷумҳуриро бо сӯйистифодаи дину эътиқод ва бо мақсади бунёди давлати исломӣ гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ карда буданд.
Вале бо шарофати ақлу хирад ва кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ пойдор гардид.
Сулҳ бебаҳотарин дастовард дар замони истиқлолият ба ҳисоб меравад. Ёд овардани он лаҳзаҳои даҳшатбор ва гӯшзад намудани насли наврас барои пойдории сулҳ мусоидат мекунад. Зеро инсон чунин одат дорад, ки рӯзҳои бадро тез фаромӯш мекунад ва иддае фирефтаи таблиғи андешаҳои гурӯҳҳои иртиҷоӣ мегарданд.
Дар муассисаҳои таълимӣ бояд меҳвари корҳои тарбиявиро арзишҳои миллӣ, ки метавонанд насли ҷавонро аз ҷиҳати ахлоқӣ ҳаматарафа рушд бидиҳанд ва онҳоро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намоянд, равона карда шавад. Зеро таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки як сабаби шомил гардидани наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ суст ба роҳ монда шудани корҳои тарбиявӣ маҳсуб меёбад. Имрӯз вазифаи мост, ки сулҳу оромӣ ва амнияти кишварро дар зеҳну тафаккури насли ҷавон ҷой бидиҳем, то бидонанд, ки беназиртарин дастоварди кишвар сулҳу амонӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад.
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳар фарди бонангу номуси миллат минбаъд низ ба хотири ободиву пешрафти Ватани азизамон, ҳаёти осоиштаи мардум, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқболи арзандаи ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон саъю талош хоҳад кард.
Моро мебояд, ки дар заминаи сиёсати созандаву бунёдкорона ва сулҳофарини Пешвои миллат барои шукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистон кӯшиш намоем.
Н.Охунзода,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр