Нашрияи Омӯзгор

Мактаби Махсуми Одина

Сана: 2020-06-25        Дида шуд: 781        Шарҳ: 0

 

Устод Махсуми Одина тӯли фаъолияти омӯзгорӣ ва 17 соли сарвари мактаби миёнаи №5-и ноҳияи Айнӣ буданаш на танҳо дар такмилу таҳаввули зеҳнии мардуми диёр саҳми бузург гузошт, балки таъмири деҳаи бузурги Дарғи шарифро низ ба хубӣ анҷом дод.

Воқеан, бо сарвари мактаб таъйин шудани устод Махсуми Одина ҳам мактаб ва ҳам деҳаи Дарғ симои худро ба куллӣ тағйир дод ва ба дастовардҳои бузург ноил гардид.Табдили мактаби ҳафтсола ба мактаби таҳсилоти миёнаи даҳсола ва тағйири номи он аз Ворошилов ба исми Бедил, сохтмону ба истифода додани ду бинои нави мактаб (яке якошёна, дигаре дуошёна), сохтмони беморхонаи дуошёна бо ду нақлиёти хизмати тиббӣ ва дастгоҳи аълои ташхисии истеҳсоли Олмон (рентген, ки дар ҳамон давра дар вилояти  Ленинобод (Суғд) ҳамагӣ ду дона аз ин дастгоҳ вуҷуд дошт (яке дар Хуҷанд, дигаре дар беморхонаи Дарғ), мавҷпаҳнкунакҳои телевизионӣ, бунёди пояи ёдгорӣ баҳри абадӣ гардондани хотираи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар мавзеи Боғча ва баъдан дар мавзеъи Миёнтӯда  бо баландии 40 метр, ки назираш дар ягон рустои Айнӣ ва ҳатто дар дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ нест ва аз ҳама муҳимаш, бо кадрҳои баландихтисоси маҳаллӣ пурра намудани ҳайати омӯзгорони мактаб, ки заминаи бузурге барои тарбияти шахсиятҳои намоён дар сатҳи ҷумҳурӣ гардид, маҳз дар давраи директори мактаб будани Махсуми Одина  ва бевосита бо такопӯю ҷахду талоши ӯ амалӣ гардиданд. Дар давоми 17 соли директор будани устод мактаби №5-и ноҳияи Айниро 700 нафар хонанда хатм намуданд, ки аз ин шумор 47,8 дар сади онҳо минбаъд таҳсилро дар макотиби олӣ идома доданд. Ин нишондод дар қиёс бо он давр бесобиқа аст. Имрӯз бештар аз 40 нафар шогирди мактаби Махсуми Одина  олимони соҳаҳои гуногун буда, дар дохил ва хориҷи кишвар  баҳри боз ҳам баланд бардоштани обрӯю нуфузи  Тоҷикистони азиз заҳмат мекашанд.

Бе муболиға, дар он солҳо тамоми ташаббусу иқдомҳои созандаю ватандӯстона дар ноҳияи Айнӣ аз ин мактаб ва бо пешниҳоди директори он Махсуми Одина оғоз меёфтанд. Ба хусус, як ташаббуси хеле ҷолиби  омӯзгорону хонандагони мактаби мазкур  бо роҳбарии Махсуми Одина, ки дар ноҳия паҳн гардида ҳамовозӣ пайдо намуд, бунёди боғҳои мевадиҳанда дар талу теппаҳои бекорхобида буд. Устод аввалин нафарест, ки ба таври васеъ боғпарвариро дар деҳаҳои Дарғу Каздон амалан ба роҳ монд ва ин корро бо дастгирии омӯзгорон ва хонандагони мактаб аз талу теппаҳои бекорхобидаи Потувет оғоз кард. Бо қувваи ҳайати омӯзгорону хонандагони мактаби мазкур ва дастгирии хоҷагии ҷангали ноҳия дар мавзеъи Потувет боғи азими зардолу дар майдони 14 гектар бунёд карда шуд, ки ҳам номи директор, ҳам номи деҳа ва ҳам номи ин мавзеъро машҳур гардонд…

Оре, Махсуми Одина мактабдор буду беморхона месохт, муаллим буду фикри васеъ кардани роҳро мекард,дарс медоду дар бораи бунёди боғот ва сабз кардани талу теппаҳои бекори атрофи деҳааш меандешид.

Устод мулоҳизакору дурандеш, дӯстдору посихотирдори расму ойинҳои гузаштагон буд ва дар ин маворид бисёр эҳтиёткорона амал мекард.

Дар айёме, ки ҳанӯз ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, устод аз маъракаҳои серхароҷот ба хотири некуаҳволии мардум чандин маъракаю маросимҳои воқеан нодаркору сермасрафро бо маслиҳату ризоияти мӯйсафедону аҳли диёр, хоса «бибизанҳо», ки бе  розигии онҳо кореву маъракае сурат намегирифт, «қайчӣ» карда буд.

Устод ҳамеша ҳамдаму мушкилосонкуни мардум буд, кадрҳои беҳтарини баландихтисосро тарбия намуд, диёрро обод кард, ғоратгару чоплусу тамаъкоронро дасткӯтоҳ нигоҳ дошт.

Аммо мо дар ивази ин ҳама заҳматҳои созанда чӣ посух додем? Ҳеҷ, ҳатто «раҳмат»-и хушке ба Махсуми Одина нагуфтем.Чоплусону манфиатхоҳон, ришвадеҳу ришвахӯрон бо пайдо намудани пуштибон, ки шахси авали ноҳия буд, аз бесару сомониҳои замони «нав» истифода бурда, ба хотири расидан ба мақсадҳои худ бар сари устод туҳмату шикоят бориданд, ки эй аҷаб!

Аз устод купрӯки азиме дар болои Зарафшон ва мактабҳо боқӣ мондаанд. То замоне ки купурӯкаш, роҳаш, беморхонааш (хушбахтона, се сол қабл бо дархости мардуми ҷамоати Шамтуч беморхонаи деҳа ба номи устод гузошта шуд), мактабҳояш ва як дарахте аз боғоташ боқист, ҳама номи ӯро бо некӣ ёд мекунанд. Охир чӣ ифтихори баландтаре аз ин аст,ки хурду бузург мегӯянд: мактаби Махсум, беморхонаи Махсум, шоҳпули Махсум, боғоти Махсум…

 

Имомназари Холназар,

рӯзноманигор 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш