Нашрияи Омӯзгор

Фарзияҳо оид ба коронавирус

Сана: 2020-06-25        Дида шуд: 777        Шарҳ: 0

 

Мутаассифона, дар набарди шадид бо Ковид–19 то ҳол ягон кишвари дунё ба муваффақияти куллӣ ноил нагаштааст. Дар ибтидо мутахассисон тахмин мекарданд, ки ин беморӣ аз кӯршапарак ба одам гузаштааст.

Ба монанди  зукоми хук, паранда ва ғайра. Сипас, боз фарзияе пайдо гардид, ки ин беморӣ дар  панголин дида мешавад. Тавассути мутатсия ба кӯршапарак ва аз он ба одам гузаштааст. Таҳлилгарони масоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Россия бар он назаранд, ки ин беморӣ аслан, барои ба танзим даровардани шумораи аҳолӣ аз тарафи баъзе олимони касбӣ таҳрезӣ гардидааст. Ин андешаи хешро он гуна тақвият мебахшанд, ки шумораи аҳолии кураи замин ҳоло чандин  маротиба зиёд шудааст. Нигоҳдошти мардуми бемор ва пиронсолон барои ҳар як давлат маблағи зиёдро талаб мекунад. Ангезиши ин бемори имкон медиҳад, ки аксар давлатҳо аз ин мушкилот раҳоӣ ёбанд. Дар баробари ин андеша,  онҳо боз иброз доштанд, ки беморӣ асосан ба мақсади аз байн бурдани  радикалҳои исломӣ тарҳрезӣ шудааст. Дар ин хусус, аксар олимону коршиносон бар он назаранд, ки  аз солҳои 70-уми асри ХХ мутобиқи конвенсияҳои байналмилалӣ, омодасозии силоҳи биологӣ манъ аст ва ин андеша дар оянда такмилу тавзеҳ мехоҳад. Дар асоси баргузории як пажӯҳиш устодони Донишгоҳи ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳруи Ҳиндустон муайян намуданд, бар асоси таҳлилҳои генетикии Ковид-19, ки он аз  ду аломати коронавирусии гуногун ва чор занҷири хоси бемории ВИЧ  иборат аст. Олимони италия феълан бар он назаранд, ки ин бемории вирусӣ набуда, микробӣ мебошад. Аз нуқтаи назарияи пажӯҳишгарони Эрон, коронавирус бӯйи махсус дошта, он аввал  ба шуш, баъдан ба системаи ҳозима таъсири манфӣ мерасонад. Олими биолог Андрей Летаров  бар он назар аст, ки ин вирус 96 дар сад ба вируси мушҳо шабоҳат дорад. Аз далелу андешаҳои зикргардида равшан мегардад, ки то кунун дар байни олимону коршиносон оид ба ангезиши ин беморӣ ягонагии нуқтаи назар дида намешавад. Агар дар заминаи ҳамин гуногунандешиҳо Тоҷикистонро таҳлил намоем, нахуст дар кишвари мо андешае роиҷ гардида буд, ки ин бемории маргбор шояд ба минтақаи Осиёи Миёна таҳдид накунад. Чунки дар ин кишварҳо рустании ҳазориспанд мерӯяд. Новобаста аз ин андеша, дар ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон ва Тоҷикистон ин беморӣ доман паҳн намуд. Мутахассисони соҳаи тиб дар заминаи ин андеша истифода аз гиёҳи ҳазориспанд, сир ва меваи лимуро барои пешгирӣ аз коронавирус пешниҳод намуданд.  Акнун саволи мубрам ин аст,  коронавирус эҷодист? Умуман, алҳол нуқтаи назаре вуҷуд дорад, ки осори исмии коронавирус Ковид-19 тез мегузарад, аммо асари равониву рӯҳии он дар хотираи майна дер боз боқӣ мемонад. Мутахассисони соҳа айни замон, бар он назаранд,   ки агар  60 то 65 дарсади аҳолии дунё ин бемориро аз сар гузаронад, он гоҳ иммунитети коллективӣ пайдо шуда, он марговар намешавад. Доир ба ин масъала  академик Виталий Зверев бар ин назар  аст, ки акнун ин вирус абадан бо инсоният хоҳад монд.

 

Ҳасан Асоев,

коршиноси масоили экологӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш