Нашрияи Омӯзгор

Ваҳдат сарманшаи кулли музаффариятҳост

Сана: 2018-07-05        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

Дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф конфронси илмӣ-назариявӣ бахшида ба 21-солагии Ваҳдати миллӣ дар мавзӯи «Ваҳдат сарманшаи кулли музаффариятҳост» баргузор гардид.

Конфронсро ректори МД ДҶТИБКСМ Хоналӣ Қурбонзода ифтитоҳ бахшида, дар хусуси дастовардҳои ҷумҳурӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ, барномаю нақшаҳои қабулгардидаи Ҳукумат баҳри рушди тараққии соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла, соҳаи маориф ва хидматҳои таърихии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мухтасаран маълумот дод. Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Нурулло Оқилзода зикр намуд, ки сулҳи бебозгашт натиҷаи хиради азалии миллати тоҷик ба шумор меравад. Мудири шуъбаи Маркази таҳлилӣ-тарғиботии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Маҳмадулло Наимов дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ-меҳвари рушди устувор» ҳарф зад. Муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рӯдобаи Мукаррам дар масъалаи Ваҳдати миллӣ ҳамчун истеҳкомбахши истиқлолият сухан ронда, афзуд, ки ваҳдат муассиртарин василаест барои аз байн бурдани кинаҳо ва пойдории сулҳу субот. Ҳамин тавр, ходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Сангов дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ-омили устувории ҳокимияти судӣ», мудири кафедраи иқтисод ва идора дар соҳаи маорифи МД ДҶТИБКСМ, профессор Раҳмонқул Шарифзода перомуни «Заминаҳои ҳуқуқии Ваҳдати миллӣ» сухан гуфтанд. Дар хатми конфронс раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулмаҳмадзода Зулфиқор ба аъзои нави ҳизб шаҳодатнома супурд.

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш