Нашрияи Омӯзгор

Иҷрои вазифаҳо масъулият металабад

Сана: 2020-06-25        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Ҷаласаи навбатии мушовараи раёсати маорифи вилояти Суғд бо натиҷабардорӣ аз фаъолияти панҷмоҳа дар толори гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини раиси вилоят Зайнура Азимӣ, мудирони шуъбаҳо, роҳбарони зерсохторҳои назди раёсати маорифи вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.

Зайнура Азимӣ омодагии муассисаҳои таълимии вилоятро ба соли нави хониш бо назардошти чораандешӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус таҳлил намуда, зикр кард, ки бояд дар самти таблиғу ташвиқи тарзи ҳаёти солим аҳли маориф дар сафи пеш бошанд ва аз натиҷаҳои корҳои басубутрасонидашуда ҳар рӯз ба Раёсати вилоят ҳисобот диҳанд. Мавсуф, ҳамзамон, ҷиҳати омодагии муассисаҳои таълимии вилоят ба мавсими тирамоҳу зимистон, таъминот бо либоси мактабӣ, ҷалби хатмкунандагон ба муассисаҳои олӣ, литсейю омӯзишгоҳҳои ҳунарӣ, дар сатҳи баланд доир намудани озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” ва вазъи сифатии кадрӣ шинос гардида, ба роҳбарони  муассисаҳои  таълимӣ маслиҳатҳои  судманд дод.

Дар идомаи кори ҷаласа Бахтиёр Сарҳадов, Сулҳия Каримова, Шуҳрат Азизов - кормандони раёсати маорифи вилоят оид ба пешниҳоди Прокуратураи вилояти Суғд “Дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда марбут ба вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар 5 моҳи соли 2020” ва монанди ин гузориш доданд.

Аз натиҷаи аттестатсияи гимназияи №5-и шаҳри Истаравшан, аккредитатсияи давлатии гимназияи №1-и ноҳияи Деваштич мутахассиси шуъбаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи маорифи вилоят Марҳабо Маъмурова гузориш дод.

Мудири шуъбаи банақшагирӣ, ояндабинӣ ва омор, назди Раёсати маорифи вилоят Раҳматҷон Зокиров аз натиҷаи таҳлили бақайдгирии довталабон барои дохилшавӣ ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ тариқи Маркази миллии тестӣ дар соли таҳсили 2020-2021 дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят ахброт пешниҳод намуд.

 

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

Абдусабури АБДУВАҲҲОБ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш