Нашрияи Омӯзгор

Арсаи бавусъати фаъолият

Сана: 2020-06-25        Дида шуд: 839        Шарҳ: 0

 

Мактаби №53-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе (собиқ гимназияи №53 ба номи Муҳаббат Маҳмудова) 11 январи соли 1965 дарҳои худро ба рӯи толибилмон кушод ва соли равон 55-сола шуд. Он дар соли таҳсили 1998-1999 ғолиби озмуни «Мактаби сол» дар шаҳри Душанбе дониста шуд ва соли 2007 барои дастовардҳои намоёнаш маротибаи дуюм «Мактаби сол» эълон гардид.

Аз соли таҳсили 2002-2003 муассиса номи гимназияро гирифт. Ҳама сарварони қаблии муассиса, ки дар зер номбарашон мекунем, дар давоми роҳбарии худ корҳои шоистаи таҳсинро анҷом доданд:

Аълочии маорифи Тоҷикистон Норӣ Пулодова (1965-1966), Аълочии маорифи Тоҷикистон Майрамо Шакармамадова (1966-1970), Муаллими шоистаи Тоҷикистон Робия Маҷидова (1970-1972), Аълочии маорифи Тоҷикистон Соҷида Муродова (1972-1974), Муаллими шоистаи Тоҷикистон Розиқ Ҳамидов (1974-1982), Аълочии маорифи Тоҷикистон Гуландом Лоҳутшо (1982-1997), Аълочии маорифи Тоҷикистон Ойдиной Турдиева (1997-1998), Аълочии маорифи Тоҷикистон Муҳаммадсиддиқ Абдураззоқов (1998-2005), Аълочии маорифи Тоҷикистон Раҳмоналӣ Таваров (2005-2011), Аълочии маорифи Тоҷикистон Азизбек Боронов (2011-2019). Аз соли таҳсили 2019 то июни соли 2020 омӯзгор  Мақсуда Исмоилова сарварии муассисаро ба уҳда дошт.

Имрӯз дар муассиса 36 нафар омӯзгори дараҷаи олӣ, 9 нафар дараҷаи якум, 13 нафар дараҷаи дуюм ва 12 нафар омӯзгори дараҷаи умумӣ ва 12 нафар Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон ба шогирдон сабақ меомӯзонанд. Дар муддати фаъолияти муассиса 11 нафар омӯзгор ғолиби озмуни “Муаллими сол” (давраҳои ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ) гардиданд.

Дар ин давра 10 нафар омӯзгори муассиса дар баробари кори таълиму тарбия ба корҳои илмӣ машғул шуда, рисолаҳои номзадӣ ҳимоя намуданд.

Дар муассиса (собиқ гимназия) аз соли таҳсили 2002-2003 сар карда, таълим аз рӯи равияҳо (асосан, аз рӯи ду равия: ҷамъиятӣ- гуманитарӣ ва табиӣ- математикӣ) ҷараён меёбад. Дар бобати ба равияҳо ташкил кардан ҳиссаи волидайни хонандагонро махсус қайд бояд кард. Дар соли таҳсили 2019-2020 дар муассиса 1722 нафар хонанда дар 51 синф ба таълим фаро гирифта шуданд.

Як қатор адибони маъруф ва олимони номвари мамлакат бо омӯзгорон ва хонандагони мо робитаи зич доштанду доранд.

Аз дастпарварони муассисаи таълимӣ дар тӯли 55 соли фаъолияти он 35 нафар хатмкунанда барои хониши аълою интизоми намунавӣ ва иштироки фаъолонаашон дар корҳои ҷамъиятӣ соҳиби медалҳои тилло ва нуқра гаштанд. Собиқ хатмкардаи гимназия Таннози Алишер ду маротиби ба гирифтани Ҷоизаи Кумитаи ҷавонони Тоҷикистон мушарраф гардидааст.

Муассиса аз он ифтихор дорад, ки чанде аз собиқ шогирдонаш соҳиби унвонҳои илмӣ-докторон ва номзадҳои илм гардидаанд.

Таълимгоҳи мо 55 сол боз бо мактабҳои олии мамлакат, аз ҷумла, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамкории доимӣ дорад. Ҳамкории омӯзгорон бо олимон на фақат дар ҷараёни таълим сурат мегирад, балки дар навиштан ва тартиб додани дастурҳои методӣ ва маводи ёрирасон барои омӯзгорон ва хонандагон низ ба амал бароварда мешавад. Аз ҷумла, аз тарафи омӯзгорон бо ҳамкории олимон зиёда аз 20 дастур ва қариб 100 номгӯй мақолаи методӣ навишта шудааст.

Омӯзгорони муассиса оид ба таҳия ва ҷорисозии механизми муайян кардани лаёқатмандии хонандагон кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Иттиҳодияҳои фаннии муассиса барномаҳои доир ба кор бо хонандагони лаёқатмандро таҳия карда, аз рӯи он бо шогирдон кор мебаранд.

Дар муассисаи таълимӣ (собиқ гимназия) соли шашум аст, ки ҷамъияти илмӣ-эҷодии хонандагони лаёқатманд амал мекунад. Дар он хонандагон аз ҳамаи фанҳои таълимӣ фаро гирифта шудаанд. Агар соли таҳсили 2015-2016 шумораи аъзои ҷамъияти илмӣ-эҷодӣ 52 нафар бошад, ин шумора дар соли таҳсили 2018-2019 ба 87 нафар расид.

Дар муассиса барои инкишофи ҳамаҷонибаи хонандагон маҳфилҳои “Ошёни баланд”, “Шоҳномахонӣ”, “Турсунзодахонӣ”, “Шоҳмот” амал мекунанд.

Аз солҳои 2000-ум муассисаи таълимӣ мактаби таҷрибаи пешқадам ба шумор меравад. Дар ин макони маърифат бисёр олимони барҷастаи ҷумҳурӣ корҳои илмии худро аз санҷишҳои амалӣ гузаронида, барои ҳимояи рисолаҳои докторию номзадии худ маводи зиёд ҷамъ намудаанд.

Ҳоло мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар кӯчаи М. Раҳимии пойтахт барои муассисаи мо бинои нави замонавӣ бунёд карда истодааст. Аҳли таълимгоҳ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки фаъолияташон бозгӯи талаботи замон бошад.

 

М.ИСМОИЛОВА,

муовини директори мактаби №53-и

ноҳияи Исмоили Сомонӣ,

Т.ҶУМЪАЕВ,

собиқ муовини директор,

омӯзгори собиқадор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш