Нашрияи Омӯзгор

Ашт: мактаби нав барои 620 хонанда бунёд мегардад

Сана: 2020-06-25        Дида шуд: 822        Шарҳ: 0

 

Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар доираи иқдоми 1300 рӯзи ободонӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони иншооти гуногун идома дошта, сокинони ноҳия барои бо дастовардҳои арзанда истиқбол намудани ҷашни таърихӣ заҳмат кашида истодаанд. Яке аз чунин иншооти ҷашнӣ ин муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 дар деҳаи Понғози Ҷамоати деҳоти Понғоз аст, ки бо ҷалби соҳибкорон барои 620 хонанда сохта мешавад.

Бино аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»-и ноҳияи Ашт таҳия гардида, маблағи умумии корҳои сохтмонӣ зиёда аз 12 млн. сомониро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии иншоот 1442,9 метри мураббаъ буда, аз се ошёна иборат мебошад.

Иншооти дигари ҷашнӣ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 дар шаҳраки Шайдони Ҷамоати шаҳраки Шайдон аст ва он аз тарафи идораи сохтмони асосии вилояти Суғд барои 360 нафар бунёд мегардад.

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш