12-уми июни соли равон вебинари онлайнии ЮНЕСКО доир ба чораҳои ҷавобии соҳаи маориф нисбат ба паҳншавии COVID-19 зери унвони “Пандемияи иттилооти бардурӯғ ва барангезии нафрат: чӣ тавр маориф ва тамаддуни рақамӣ метавонанд кумак кунанд?” доир гардид, ки дар он дар қатори намояндагону коршиносони соҳаи маориф ва илми дигар кишварҳо ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат варзиданд.
Ҷаласаро Криста Пиккат, директори дафтари ЮНЕСКО дар Алмаато оид ба Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ифтитоҳ бахшида, сипас, Санита Емберга - омӯзгори саводи расонаии Мактаби иқтисодии Стокголм дар Рига ва Сергей Карпов-мутахассиси сатҳи миллии коммуникатсия ва иттилооти дафтари ЮНЕСКО дар Алмаато вобаста ба масъалаи баррасишаванда, аз ҷумла, шароиту имконоти таҳсил дар давраи пандемия маърӯза намуданд.
Зимни баррасии масъала гуфта шуд, ки ҷиҳати пешгирӣ ва паст кардани шиддати паҳншавии бемории COVID-19 ва дигар бемориҳои сироятӣ дар байни мардум ва ҳифзи солимии аҳолӣ, инчунин, пешгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар байни насли наврасу ҷавон намояндагони соҳаи маориф ва илми кишварҳо метавонанд саҳми назаррас гузоранд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр