Нашрияи Омӯзгор

Якдилу яктан дар роҳи Ватан бошем

Сана: 2018-07-05        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

Беҳтарин неъмате, ки мардуми кишвари мо аз он баҳра мебарад, сулҳ ва тантанаи он аст.

Сулҳе, ки падидаҳояш дар ҳар қадаму ҳар нафас ба чашм мерасад, сулҳе, ки бештари мардуми дунё ба он ниёз доранд.  Сабақи чашмрас барои мо вазъи ноороми Афғонистони ҳамсоя аст, ки солҳо ҷомеаи башариро нигарон кардааст. Ҳар вақт мешунавам, ки нафаре бо амали ноҷояш атрофиён, миллат ва давлатро нигарон мекунад, шигифтзада мешавам: чаро ҷойи ободкорӣ харобкорӣ мекунанд, ҷойи табли шодӣ садои шуми тирро баланд мекунанд?

Ба андешаи ман, чунин аъмол аз беандешагӣ, каммутолиагӣ сар зада, шахсро гумроҳ ва хоини ватан мегардонад. Дар ҳоле ки кишвари тозаистиқлоли мо рӯ ба рушд дорад, дар ҳоле ки мактабсозӣ дар авҷ аст, чаро як тоифа ба торикӣ рӯ меоранд, ҳайрон мешавам. Бубинед, тамоми кишвар дар ҳоли ободкорист, боғу роғро намегӯед. Албатта, дастовардҳои мо кам нестанд, аммо заҳр андакаш кофист, ки зиёни зиёд оварад. Ҳар як пирӯзии фарзандони миллату ватан дар озмунҳои байналмилавиву ҷаҳонӣ сари моро ба осмон мебарорад. Аммо ҳамин ки дар расонаҳои байналмилалӣ хабари баде дар бораи тоҷик ё тоҷикистонӣ меравад, эҳсоси дарду аламу нафрин фарогирам мешавад.

Тоҷикон хирад ва ҳиммати мардонагии азалӣ доранд. Ҳоло Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун як кишвари озоду демократӣ эътироф кардаасту моро лозим меояд, ки мисли ангуштҳои як даст, шохобҳои як рӯд, гулҳои як боғ, фарзандони як модар амал намуда, ба миллат ва давлатамон софдилона хизмат бикунем. Онро аз чашму дасти бадназарон нигоҳ дорему ба наслҳои минбаъда бегазанд расонем.

 

Давлатбахт ШОЕВА,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш