Ваҳдати миллӣ, ки онро Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «яке аз дастовардҳои барҷастаи мардуми шарифи Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ» номидаанд, боиси сарбаландию ифтихори мо, тоҷикон, дар саросари дунё гардид, обрӯю эътибори кишвари хуршедиамонро дар арсаи байналмилалӣ боло бурд, ба шукуфоии минбаъдаи мамлакат ва таъмини комили некуаҳволии мардум мусоидат кард ва роҳро барои рушди минбаъдаи ҷумҳурӣ ҳамвор сохт. Ваҳдати миллӣ офтоби нурполое буд, ки пас аз шоми тираи ваҳдатбор ба ҷилва омада, диёри бостонии моро равшанистон бинмуд. Тантанаи ваҳдат ҳамагонро шоду масрур кард ва ба бунёдкорию созандагӣ даъват сохт. Дар қатори аҳли кишвар шоирон низ ваҳдати миллиро самимона пазируфтанд, ба илҳом омаданд ва дар ситоиши ин падидаи беназири таърихи диёр шеърҳои баланду дилписанд эҷод карданд. Бо ин васила дар адабиёти тоҷик силсилаи шеърҳое арзи ҳастӣ намуданд, ки дар маҷмӯъ онҳоро метавон «Ваҳдатнома» унвон кард. Истифодаи ин «Ваҳдатнома» аз ҷониби омӯзгорон дар ҷараёни таълиму тарбия боиси такмили бештари тарбияи шогирдон дар рӯҳияи ваҳдатпарастию дӯстӣ, ҳамдилию ҳамбастагӣ мешавад. Аслан, ваҳдатсароӣ дар адабиёти тоҷик собиқаи дерин дорад ва дар ин бора аз эҷодиёти ҳамаи адибони гузашта ва даврони то истиқлолият мисолҳои фаровон метавон овард. Ба масал, агар Амир Хусрав «Дӯстие бояд аз он гуна ҷуст, К-он абадуддаҳр бимонад дуруст» гуфта бошад, устод Мирзо Турсунзода даъват карда: «Халқи олам дӯст бо мо гаштааст, Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун!»
Аммо тантанаи ваҳдати миллӣ дар кишвари маҳбуби мо мусоидат ба ривоҷи бесобиқаи адабиёти ваҳдатсароӣ кард ва ашъоре сари забонҳо шуданд, ки хостаҳои дили мардумро ифодагар мебошанд.
Дар синфҳои ибтидоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ низ (ҳам дар дарсҳои махсус, ҳам дар лаҳзаҳои алоҳидаи дарсҳо, ҳам дар чорабиниҳои беруназсинфӣ ва ҳам дар маъракаҳои дигар) ба воситаи ин гуна шеърҳо тарғиб намудану ташреҳ бахшидани ваҳдати миллӣ басо манфиатбор ва таъсиргузор хоҳад буд. Кӯдакон табиатан майл ба дӯстию рафоқат доранд ва аз ҷумла, ашъори ваҳдатпарастонаро хуб мепазиранд.
Масалан, шеъри машҳури устод Лоиқ бо номи «Сулҳи деринтизор»-ро онҳо бо шавқу завқ мехонанд, аҳлона месароянд ва дар сатҳи фаҳмиши худ (дар заминаи тавзеҳи омӯзгор, тафсир мебахшанд). Хушо, ки теъдоди шеърҳои ваҳдатпарастонаи ин шоири тавонову дардошнои миллат зиёд аст ва қисми зиёди онҳо дар китоби «Фарёди бефарёдрас» гирд омадаанд. Шеърҳои «Ганҷи миллат» ва «Суруди ҷовидони мо» низ аз ҳамин гурӯҳанд. Танҳо шарҳи мазмуни байти матлаи шеъри аввал ба шогирдони хурдсоли мо ҷаҳоне меҳру муҳаббат ва ҳамдилӣ илқо мекунад:
Биё, бо ҳам бисозему ҷаҳонеро
барафрӯзем,
Биё, бо ҳам биёмезему дунёро биёмӯзем.
Шоирони маҳбуби мо М.Қаноат, Ашӯр Сафар, Гулназар, Гулрухсор, С.Маъмур, К.Насрулло, Ҳ.Ғоиб, Р.Назрӣ. М.Ғоиб, Н.Қосим, С. Ҳалимшо, Д.Сафар ва дигарон низ шеърҳои пурмазмуну меҳрбор дар ситоиши ваҳдат гуфтаанд, ки яке дигареро мукаммал месозанд ва ҷанбаи қавии тарбиявӣ доранд. Иқтибосе аз шеъри устод Меҳмон Бахтӣ меоварем:
Дӯстон, бо ҳам бисозед, ин
замони ваҳдат аст,
Ҳамдилу ҳамдард будан
ҷисму ҷони ваҳдат аст.
Ё худ, устод Гулназар чунин нидои шодибор дардодаву дилҳоро пурфараҳ намудааст:
Боз омад, Тоҷикистон, боз омад,
Ин гурезону парешон боз омад.
Сабза-сабза, ғунча-ғунча,села-села
Навбаҳори интизорон боз омад!
Мо, омӯзгорон, бояд пайваста бар он бикӯшем, ки шогирдонамон дар рӯҳияи ваҳдатгароӣ ва дӯстӣ тарбият биёбанд ва фарзандони содиқу созандагони фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол бошанд. Дар ин самт ба мо, аз ҷумла, шеърҳои ситоишсозандаи ваҳдат мададгоранд.
Ситора ПАЛЛАЕВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии
мактаби №77-и ноҳияи Фирдавсӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр