Нашрияи Омӯзгор

Ба қадри Ваҳдати миллӣ бояд расид

Сана: 2018-07-05        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

Ба наздикӣ китоби «Ширмолаҳои маҳтобӣ»-и Шариф Халил ба дастам афтод. Як навиштаи кӯтоҳ, вале пурмуҳтавояш диққатамро ба худ ҷалб кард.

Дар  бораи модару духтаре сухан меравад, ки аз даҳшати ҷанги хонумонсӯз, ки чанд соле пеш дар Ватани мо доман паҳн карда буд,  гурехтанӣ мешаванд. Гурӯҳи силоҳбадастони хунхор вориди деҳа гашта, ба ғорату дуздӣ ва таҷовузи занону куштори мардон шурӯъ намуданд. Ҳама аз он гирдоби марговар роҳи гурез меҷустанд. Дар замони ҷанг ба ҳама мушкил аст, аммо аз ҳама мушкилтар барои инсон ҳифзи номусу шарафи занону духтарон мебошад. Модари муштипар низ бо ҳамин мақсад духтари қадрасашро гирифта, аз деҳа фирор мекунад. Дарёе сари роҳашон пайдо мешавад ҷӯшону хурӯшон, вале онҳо бе ҳеҷ андеша худро ба дарё меафкананд. Мавҷҳои саркаш модару духтари бечораро ба доми худ гирифтанд, раҳо кардан намехостанд, ба дуриҳои дур бурдан мехостанд. Талош барои зиндагӣ оғоз шуд, зеро ҷон ширин аст. Духтар ҷонҳавлӣ як дасти модарро дошт, аммо модар барои роҳи наҷот чора меҷуст. Нохост дар наздикии соҳил дасти модар ба буттае бархӯрд, онро чанг заду духтарро бо дасти дигар ба сӯи худ кашид. Аммо дар соҳил сару садоҳое ба гӯшаш расид. Модар ба он шӯру мағал таваҷҷуҳ кард, садои нолаву фиғон, садои лату кӯб буд. Ӯро эҳсоси нохуше фаро гирифт. Боз ҳам дар соҳил силоҳбадастону роҳзанон ҳукмфармоӣ мекарданд.  Фаҳмид, ки бо маҳзи аз дарё берун баромадан духтараш ба дасти он ваҳшиҳои разил меафтад. Дудила шуд. Дилаш   мегуфт бо духтараш зудтар аз дили дарё раҳоӣ ёфта ба соҳил бароянд, вале аз дигар тараф намехост пораи ҷигараш ба фисқу фуҷур ва бадиҳои олам гирифтор гардад. Ба чашмони духтараш бори охир назар дӯхт, як олам хоҳиш дар чашмонаш дид, хоҳиши зистан. Вале баъди чанд лаҳза андеша модар ғайриихтиёр дасташро раҳо кард ва фарзандро мавҷҳои қотил дар худ печониданд,  ӯ ба коми дарё рафт…  

Чанд рӯз зери таъсири он навишта мондам. Ҳамчун модар тасаввур мекардам, ки он зан барои духтарашро аз даст додан баъдан чӣ қадар нолаҳо кардааст, хун гиристааст. Дарди осон нест дарди марги фарзанд, аммо бону барои ҳифзи номусу шарафи духтараш ин амали аз назари худаш дуруст-ро ночор  анҷом дод, зеро мехост, ки духтараш аз ин дунё пок равад. Ба ҳамаи ин фоҷиа ҷанг гунаҳкор буд. Ба Худо шукр кардам, ки он рӯзҳои шум-ҷанги шаҳрвандиро Худованд аз сари мардуми тоҷик дур кард ва имрӯз мо дар фазои орому осуда зиндагӣ мекунем.

 

Фазиламо Зарифова,

омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби №50-и

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш