Нашрияи Омӯзгор

20 нафар донишҷӯ шуданд

Сана: 2020-07-02        Дида шуд: 785        Шарҳ: 0

 

Таъсиси квотаи Президентӣ иқдоми саривақтӣ дар тарбияи кадрҳои маҳаллӣ ва дастгирии ҷавонони донишманду кордон, аз ҷумла, духтарон мебошад. Зеро ҷавонони зиёде дар деҳоту шаҳракҳо умр ба сар мебурданд, ки бо вуҷуди донишу заковат доштан, бинобар дасткӯтаҳӣ ва мушкили рӯзгору қолабҳои шахшудаи маҳал наметавонистанд таҳсили хешро дар муассисаҳои олии таълимии кишвар идома бидиҳанд. Квота роҳро барои онҳо боз кард. Чун анъана дар шаҳру ноҳияҳои дурдаст даври сеюми озмуни қабули довталабон тибқи квотаи Президентӣ баргузор гардида истодааст. Аз ҷумла, дар толори варзишии гимназияи №1-и шаҳри Истаравшан даври сеюми озмун баргузор гардид. Дар он 86 нафар хонандаи закии шаҳри Истаравшан иштирок карда, аз онҳо 20 нафарашон унвони баланди донишҷӯро сазовор гардиданд.

Ҷаҳонгир МАҲКАМОВ,

омӯзгори мактаби №40, шаҳри Истаравшан


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш