Нашрияи Омӯзгор

Ҳай дареғ!

Сана: 2020-07-02        Дида шуд: 814        Шарҳ: 0

 

Ҳай дареғ, сад афсӯс! Медонистем, ки як рӯз не, як рӯз ҳамин воқеа рух медиҳад

Пӯсткандаи гап ҳамин, ки директори мактаби моро пас аз 25 соли сарварӣ аз вазифааш сабукдӯш карданд. 25 сол бетанаффус дар хизмати мардуми деҳа буд, директори азизи мо! Ҳай дареғ, сад афсӯс!  Кори хуб накарданд. Ин хел директорро одамон як умр орзу мекарданд. Ҳалим, хоксор, ширинзабон, мисли баъзеҳо сахтгиру якрав набуд вай! Мо, муаллимаҳо, ягон  дафъа аз даҳони вай ҳарфи баланду ноҷо нашунидаем.

 «Муаллимаҳои меҳрубону ба ҷон баробари ман» гуфта ба мо муроҷиат мекард. Парвои одаму олам  надошт. Яктааш ман, тӯли 25 сол конспекти дарсӣ нанавиштаам. Директор умуман ба конспект кор надошт. Чанд дафъа мудири қисми таълимӣ Шоҳаков эътирозу арбада бардошта, дар Шӯрои назди директор шикоят кард, ки муаллимаҳо  (аз ҷумла, ман!) бе конспект ба дарс медароянд. Дарсро аз рӯйи талаби замон баргузор намекунанд. «Виҷдон ҳам чизи хуб!»-гуфта ҳай бардорузан кард. Вале директор хандаи ҳамешагӣ дар лаб, маҳину нозук ва хеле мулоим:

-Ҳеҷ гап не-гуфт, - имрӯз нанавишта бошанд, пагоҳ менависанд. Пагоҳ нанависанд, минбаъд менависанд.

-Шумо, Шоҳаков,-ба мудири қисми таълимӣ муроҷиат карда вай, - муаллимаҳоро сахт нагиред. Онҳо азизони дилу дидаи моянд. Ин масъаларо ман худам дида мебароям.

Чӣ, шумо гумон кардед, ки директор дар алоҳидагӣ машварат ороста, моро танбеҳ дод? Не, аз куҷо! Рӯз дар миён ба ноҳия сафар мекард. Маҷлис, шӯрои  директорон, шӯрои назди мудир, ҳатто ҷамъомади махсус дар ҳукумати ноҳия бо иштироки раиси ноҳия ва ғайраву ҳоказоҳо.

Директори азизи мо (эҳ, бечора!) ҳатто ҳафтае 12 соат дарси худро ба хонандагон дода наметавонист. Кори нағз нашуд. Роҳат доштем. Ин хел директорро аз куҷо меёбӣ дигар? Ман аз директорамон аз замин то осмон миннатдорам. Ягон маротиба дар дарси ман иштирок накардааст. Вай ба дарсҳои муаллимони дигар ҳам намедаромад. Ташвиш намедод худро.  «Ҳар чӣ дар дег бошад, дар кафлес мебарояд»,-мегуфт.

Ростӣ, пашаро озор намедод директорамон

Ман (чӣ ҷойи пинҳон кардан!) ҳамарӯза ба машғулиятҳо дер монда ба мактаб ҳозир мешудам. Як рӯз хамир меҷӯлондам, рӯзи дигар то ҷомашӯйиро ба анҷом мерасондам, ки як соати  дарсӣ гузашта мерафт. Мавсими қулфинай бошад, тамоман ба дарсҳо дер монда меомадам. Сатилчаҳои қулфинайро дар бозори шаҳр бурда савдо мекардам. Дер мекардам, чаро дурӯғ гӯям? Аммо директор сухани сахту обдор он тараф истад, боре напурсидааст, ки ба чӣ сабаб дер мондӣ ба дарсҳо. Забонхат, баёнот… ин хел гапҳо барои мову директори азизамон аслан бегонаю ноошно буданд. Чизи дигар: гоҳо, ду-серӯза хумори дидори падару модарам мегирифту хапу дамакак ба ноҳияи Ҷомӣ (зодгоҳам!) раҳсипор мешудам. Саҳари рӯзи душанбе мебаромадаму душанбеи ҳафтаи дигар бармегаштам ба деҳа ва гӯё ҳеҷ гап нашуда бошад, ба мактаб меомадам. Директор баъд аз ҳолпурсии самимона насиҳат мекард, ки «кори хубу савобе мекунӣ. Падару модарро зуд-зуд хабар гирифтан даркор. Бояд дигар муаллиму муаллимаҳо аз ту ибрат гиранд». Ҳай дареғ! Сад афсӯс! Директори олиҷаноб доштем. Кораш аз саҳар то бегоҳ дар кабинеташ, дар дафтарҳои ғафс навиштану навиштан буд. Оламро об барад ҳам, парво надошт. Завучамон Шоҳаков, мегӯйӣ, замоне ҳайкалашро дар саҳни мактаб мегузошта бошанд, бисёр «ғам» медод моро. Барои санҷиши дарси ман, ки бояд дар асоси усули таълими салоҳиятнок мегузашт, ба синфи 3 даромада, бо абрувони дарҳамкашида дар қафо нишаст. Чӣ, хаёл мекунед, ки ман бояд ҳатман дарсамро аз рӯйи ҳамин усули таълимӣ бояд гузарам? Мавзӯи навро аз рӯйи китоб пурра хондам.

Баъд мавзӯи мазкурро хонандаҳо дар дафтарҳои худ навиштанд. Нияти ҷамъбасти дарсро доштам, ки садои занги баромад баланд шуд.

Шоҳаков бо қаҳру ғазаб ба сари ман дод зад:

-Магар дарси шумо аз ду қисм иборат аст?!

-Нафаҳмидам,-посух додам ман, чихелӣ қисм?

-Лексия кардану навиштани мавзӯъ аз китоби дарсӣ.

-Нафаҳмидам.

-Баъд мефаҳмӣ.

Шоҳаков дари синфро сахт пӯшида, баромада рафт.

Ҳай дареғ, сад афсӯс! Дастгиру мададгори мо буд директори азизамон.

Дар Шӯрои омӯзгорӣ Шоҳаков ба дарсҳои ман эрод гирифт, ки муаллима аз усули таълими салоҳиятнок хабар надорад. Ба дарсҳо бе тайёрӣ меояд. Мавзӯи навро аз китоб ба таври лексия мехонад. Ба хонандагон супориш медиҳад, ки аз фалон саҳифа то фалон саҳифаро дар хона рӯбардор карда оянд. «Ана, дарси замонавию мана, дарси замонавӣ». Аз дастгоҳҳои техникии нав, амсоли компютер, тахтаи электронӣ ва васоити аёнӣ истифода намекунад.

Хайрият директор ба мададам шитобида;

-Шоҳаков, ҳазор бор гуфтам, ки ба муаллимаҳо сахт наоед,-гуфт.

- Муаллимаи азизи мо, агар аз усули муносибати босалоҳият ба таълим истифода накарда бошад, фардо, истифода мекунад, фардо нашуд, дар ояндаи наздик истифода мекунад. Гап дар сари компютеру тахтаи электронӣ бошад, муаллима оҳиста-оҳиста бо ин васоити технологии нави замони муосир кор карданро ёд хоҳад гирифт, имрӯз натавонад, фардо, фардо натавонад, як рӯз  не, як рӯз, Худо хоҳад, аз он истифода  мекунад. Ана, ҳамин тавр! Ҳай дареғ, сад афсӯс! Ҷони одам буд. директори азизамон. Чанде пеш мактабро аз аттестатсия гузаронда баҳои ғайриқаноатбахш гузоштанд.

Ва…баъди 25 сол директори азизамонро аз вазифа сабукдӯш карданд. Медонед, киро сарвари нав таъйин намуданд? Мудири қисми таълимӣ Шоҳаковро! Акнун ба ман лозим меояд, ки хамирро дар вақташ ҷӯлондаву ҷомашӯйиро рӯзҳои истироҳатиям анҷом диҳам. Себу ноку гелосу қулфинайро аз хонаам ба таври яклухт ба савдогарҳои деҳа фурӯшам. Ба хонаи падару модарам дар вақти таътилҳо (он ҳам  ҷавоб пурсида) сафар намоям.

Ҳай дареғ, сад афсӯси директори азизамон!

 

Ш. Суҳайл


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш