Нашрияи Омӯзгор

Рӯи сурхи модар

Сана: 2020-07-02        Дида шуд: 781        Шарҳ: 0

 

Модарҷон, доим рӯзгори пешинатро пеши назар меорам. Аз гузаштаҳои дур дарк мекунам, ки дар ҳама ҷода, хусусан, саховату адолат аз дастболоӣ. Бузургию шуҷоатмандиат аз сурудани шеъри сари гаҳвора, аллаҳои ширинат оғоз гардида, ба такон додани дунё анҷом меёбад.

Дуою ниёишҳои доимиат барои пойдории сулҳу саодати фарзандонат баён мешавад, нақши орзую мақсадҳоят, ки накукорист, аҳли башар туро дастгирӣ хоҳанд кард.

Модарҷон, ёдам ҳаст, гоҳе ки бо узру маъзарат аз ту пурсони он рӯзгор мешудам, бо дидагони пурнам ва ҳаяҷони ботинии зиёд навори он рӯзро пеши назар оварда:

-Писарам, ҷону ҷигарам, медонӣ, ки фарзандон мояи зиндагӣ, зиннатбахши ҳаёт, давоми умри наслҳоянд! Ҳамаи модарон хоҳонанд, ки рисолати фарзандони хешро, барои гумроҳу пешпо нахӯрданашон, дар зиндагии пур аз тазод, аз пандномаю шеърҳои пурҳикмати зиндагӣ, бо дастони хеш созанд,  то ки ормоне дар дили онҳо намонад, - гуфт.

Ман он шаби дар назар доштаатро, яке аз шабҳои хосу хотирмон дар ҳаётам медонам. Зеро дар он дақиқаю соатҳо ҷисмам аз тазйиқи чордард хаста шуда, табам баланд гардида буд. Дар он дақиқаҳое, ки ҳаётам мисли ашк дар нӯги мижгон мунтазири таконе буд, муъҷизае рӯй дод: ҳис кардам, ки чанд бонуи дар ҳусну зебоӣ беҳамто ба нею нестонам гӯш надода, маро дар аробае бор карда, шитобон аз дар берун шуданд.

Замоне чашм кушода, ҷойхобамро дар дохили бинои барҳавою зебо, дар рӯи кати чӯбине дидам. Дар фикрам омад, ки, албатта, бонувони фариштаосои дар атрофи ҷойхобам ҷунбуҷӯл дошта ба ман таъҷилан ёрӣ расонидагистанд, ки ҳоло қудрати чашмкушоӣ дорам.

Бо лутф яке аз он бонувон даст ба пешонаам гузошт. Сарам дард мекард, гӯшҳоям кулф зада буданд. Ҳазор шукр, табаш фуромада, дармонаш даромадагӣ»,-гуфту зуд косаи чинии суп-сурхеро, «ин шарбати ало роҳати ҷону ба ҳамаи дардҳоят дорую даво» фаҳмонда ба лабонам гузошт. Сар напечида шарбатро то қатраи охиринаш нӯшидам. Шарбат хеле лазизу хуштамъ буд. Ҳоло ҳам тамъи  гуворояш аз комам дур нашудааст. Баъд аз дақиқае ҳис кардам, ки гармие сар то поямро фаро гирифт, тавонам афзуд, биноиям аз пештара дида равшантар гашт. Ҳайратзада дар куҷо буданамро аз бонувон пурсон шудам. «Ҷони ширин, ботинат поку мусаффо, чашмонат назоратгоҳи  ҳақ будааст, ки ту дар олами дигар-дунёи поку ростин афтодӣ. Хурсанд шав, шукргузорӣ  намо, - меҳрубонона ҷавобам доданд онҳо. Посухашон, ки ҳайратамро афзуда буд, ҳайрон-ҳайрон ба кунҷу канори бино нигоҳ кардам. Хона хеле зебою ороста, катҳои зебо ба чашмам расид, диққатамро гулҳои рангину зебои дар гулдонҳои пештоқи тирезаҳобуда ҷалб кард.

Ҳамин дам бонуе сари болинам рост шуда: -Ҷони ширин, хеле беҳ шудӣ, аллакай дер шуд, мебояд, ки бо ҳам хайру хуш намуда, туро ба ватанат гусел кунем, - бо лаҳни ширин маро огоҳ кард.

-Хоҳарони азиз, апаҳои меҳрубон, маро ба куҷо гусел карданиед!?... Маро ба ин манзил худатон овардед! Ин хонаи зебо, муносибати хуши шумо, нӯшобаи ҳаётбахши додаатон, нигоҳи гулҳои зебою хушбӯй дар меҳроби дилам нишаста. Пеш кунед ҳам, ба ҳеҷ куҷо рафтанӣ нестам. Дилам ризоияти аз шумо ҷудо шуданро намедиҳад. Охир, чӣ тавр дилатон мешавад, ки маро гусел мекунед?

-Ман дигар ҷои мерафтагӣ надорам, -қатъиян ба амрашон зид баромадам.

-Ҷони ширин, азизам, ҳамаи гуфтаҳоят дуруст. Ҳоло ту каме дар банди ҳаяҷонӣ. Аз урфу қонунҳои дунёи мо низ бехабарӣ. Дон, ки мо ҳама иҷрокунандагони амру фармонҳои Офаридгорем. Хизматҳое, ки аз ҷониби мо дидӣ, бо розигии Худо буд. Хабар расид, ки ҳоло дар ин манзил монданат барвақт аст, гуфта бастае (парпечи)-ро ба пеши нафасам наздик овард.

Аранг-аранг ба гӯшам садои гиряи тифл омад. Чашм кушода худро дар  кулбаи фақиронаю ҷойхоби ҳақиронаам дидам.

Аз тасаввурам гузашт, ки соатҳои зиёде дар олами дигар будам. Аммо ҷойгаҳи гарму бепарвоии дояҳоро мушоҳида карда, лаб фурӯ бастам. Ҳамон тифли аз батнам ба дунёи воқеӣ омада, ту будӣ. Ту аз чизе норизо барин беист мегиристӣ. Ту мегиристию атрофиёнат чунон шоду хурсанд буданд, ки дунё дар дилу дидагонашон намеғунҷид. Аз гиряҳои зор-зорат аввал хуб завқидам, шод шудам. Баъдтар обу адо шуданатро пай бурда, меҳрам аз хонааш ҷунбид.

Шитобзада ҳаракати ба по рост шуда, ихтиёри ба ту кумак кардан доштам, вале мадорам нарасид. Момодояҳо низ иҷозати ба по рост шудан надоданд. Навмедона сар ба болин ниҳодам.

«Муборак шавад, чӣ хуб, ки паю қадамаш сабук омад, Худо ба модараш умри дубора, аҳли хонавода давлати калон ато кард,» - дояҳо маро муборакбодӣ карда, парпечро баъди анҷоми ғусл ба оғӯшам гузоштанд. Аз дидорат хушҳол шудам. Гарму нарм аз рӯят бӯсидам. Ба лабонат, ки ғизо меҷустанд, пистонамро гузоштам. Пистон дар даҳонат, орому хомӯш будӣ, дигар намегиристӣ, Сукунати хомӯшии бефосиларо гоҳ-гоҳ садои комак заданҳоят, ки бароям ҳаловатбахш буданд, халадор мекарданд. Ба фаҳмам расид, ки чунин ранҷу ҳаловатҳо хоси ҷамъи модарони дунёст. Худо кунад, ки дар ин дақиқаю соатҳои мушкили зиндагисоз, ҷамъи модаронро ба орзуяшон расонда, мисли ман рӯяшонро сурх гардонад.

Кароматулло Ғафуров

омӯзгори мактаби №21,

шаҳри Ваҳдат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш