Собирбой дар хотир дорад, ки падараш устои дуредгар буду умре хизмати мардуми деҳа мекард. Боре падар ҳар чор писарашро, ки аз ҳама хурдӣ Собирбой буд, як ҷо ҷамъ намуда, чанд суханеро ба забон овард, ки на танҳо дар хотири бачаҳо нақш баст, балки ҳидоятгару раҳнамои онҳо ба шоҳроҳи зиндагӣ гардид.
- Шумо чор писар, чор сутуни хонадон ҳастед, - гуфта буд падар. – То метавонед, ба амали нек даст занед, аз амалҳои ношоям дур бошед. Хизмати халқу Ватанро аз дилу ҷон адо кардан баробари он аст, ки кас хизмати модарро ба ҷо оварда бошад. Ҳамеша ба муҳтоҷон ва корафтодаҳо дасти мадад дароз кунед. Ҳаргиз дилеро озурда накунед, забони худро аз ғайбату туҳмат, дурӯғу фаҳш нигоҳ доред. Тавре умр ба сар баред, ки ҳамеша ва дар ҳар ҳолату ҳама ҷо ба эҳтирому самимияти атрофиён ноил гардед.
Мо, чор бародар, ҳамеша дастёри падар будем. Аз субҳ то шом меҳнат мекардему мондашавиро намефаҳмидем. Шукр доштем, ки дар оилаи аҳлу тифоқ, ки сарвараш марди ботаҷрибаю рӯзгордида аст, умр ба сар мебарем.
Лек шодиамон дер давом накард. Ҷанги хонумонсӯз сар шуд. Дар як муддати кӯтоҳ 230 нафар ҷавонмарди шуҷои деҳаи Сурх ба фронт сафарбар гардиданд. Бародари калонӣ Мирниёз рӯзҳои аввали ҷанг ихтиёрӣ ба сафи муборизон ҳамроҳ гашг. Ду сол пас Мирзарифу Муҳаммадлатифро низ ба хизмат даъват карданд. Ду нафар дар роҳи ҳифзи Ватан диловариҳо нишон дода, ҷони хешро қурбон намуданд. Танҳо Муҳаммадлатиф баъди ғалаба аз болои Германияи фашистӣ ба Ватан баргашт. Солҳои зиёд узви хоҷагии “Саховат» буд ва аз ҳамон ҷо ба нафақа баромада, дар 103-солагӣ оламро падруд гуфт.
Собирбой солҳои ҷанг, бо вуҷуди хурдсол буданаш, ҳам дар мактаб таҳсил мекарду ҳам пас аз дарс якҷоя бо ҳамсабақонаш ба корҳои аҳли деҳа, аз ҷумла, ҳосилғундорӣ дасти мадад дароз мекард.
- Зиндагӣ сахту вазнин буд,- он солҳоро ба хотир меорад Собирбой. - Мо, бачаҳо, баъзан рӯзи дароз бо як бурида нон ва ё чанд дона қоқи зардолу қаноат мекардем. Лек нисбат ба якдигар эҳтироми хоса доштем. Ҳар корро аз сидқи дил бо мадади якдигар ба ҷо меовардем.
Ниҳоят, рӯзе расид, ки Собирбойро чун ҷавони фаъолу боғайрат ва кордон ба шаҳри Исфара даъват намуданд. Роҳбарони онвақтаи шаҳр хоҳиш карданд, ки дар мактаб вазифаи сарвари созмони пионериро ба уҳда гирад ва дар як вақт дар омӯзишгоҳи муаллимтайёркунии шаҳри Конибодом таҳсил намояд.
Ҳамин тавр ҳам шуд. Собирбой пас аз хатми омӯзишгоҳ ба таълиму тарбияи насли наврас гаравид. Чанд сол сипарӣ гашту вай ҳамчун омӯзгори болаёқату соҳибмаҳорат ном баровард.
Соли 1958 ба зиммаи Собирбой иҷрои вазифаи мудири қисми илмӣ, сонитар ҷонишини директори мактаби №29-ро вогузор намуданд. Баъдтар, наздик ба сӣ сол ба сифати ҷонишин ва раиси Ҷамоати деҳоти Сурх фаъолият дошт. Айёми роҳбариаш ба масъалаҳои интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, ободонии деҳа, ҷалби духтарон ба таҳсил эътибори хоса дод. Дар тарбияи шогирдони арзанда саҳм гирифт.
Соли 1990 Собирбой Шарифовро омӯзгорони деҳааш ботантана ба нафақа гусел намуданд. Дар ин чорабинии хотирмон бисёр фаъолони шаҳр, чеҳраҳои маъруф суханронӣ карданд.
Бояд қайд кард, ки фарзандони ин устоди некном имрӯз идомадеҳи кори падаранд. Орифҷон омӯзгори математика ва информатикаи мактаби №26 асту Каримҷон яке аз омӯзгорони соҳибэҳтироми мактаби №56 мебошад. Дигар фарзандон низ бо амалҳои хайри хеш ном баровардаанд.
Ҳарчанд синнаш қариб ба 90 расида бошад ҳам, ҳоҷӣ Собирбой Шарифов мондашавиро намедонад. Иҷрои вазифаи раиси собиқадорони ҷангу меҳнати деҳаро ба зимма гирифтааст. Дар ташкили осорхонаи драматург Султон Саидмуродов дар назди мактаби №29 саҳм гузошт. Бо кӯшиши устод зуд-зуд дар муассисаҳои таълимӣ вохӯрии собиқадорони ҷанг ва меҳнат ба мактабиён доир мегардад.
Ба инсони асил, мураббии ҷавонон, пири хирад, устоди устодон Собирбой Шарифов тани сиҳат ва хушиҳои айёми пириро хоҳонем.
Мирзоҳикмат МАҲКАМОВ,
собиқадори маориф,
Аълочии маорифи Тоҷикистон,
шаҳри Исфара
Иловакунӣ
Иловакунии фикр