Нашрияи Омӯзгор

Ҷӯяндаву заҳматкаш

Сана: 2020-07-02        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

 

Инсон, пеш аз ҳама, бо хислатҳои нек, одобу рафтор ва муносибати хубаш дар байни мардум соҳибэҳтиром мегардад. Деҳаи Басманда дар ноҳияи Деваштич дар домани қаторкӯҳҳо ҷойгир буда, дорои се муассисаи таълимӣ мебошад. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и деҳа муаллимаи ҷавон Гулҷамол Бобоева ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ дарс мегӯяд. Ӯ бо чеҳраи кушод ва хоксорию меҳнатдӯстии худ дар дилу дидаи мардум ҷой гирифтааст. Муаллима ҳамеша дар ҷустуҷӯи навгониҳои таълиму тарбия буда, пайваста кӯшиш менамояд, ки дарсҳояшро бо усулҳои нави таълим ба роҳ монад. Г.Бобоева аз курси такмили ихтисос вобаста ба низоми муносибати босалоҳият дар таълим гузашта, бар он фикр аст, ки манфиати истифодаи ин усул аз методҳои анъанавӣ бештар мебошад, зеро хонандагон озодона фикрашонро баён ва ба ҳамдигар суолу ҷавоб мекунанд. Дар натиҷа мустақилияту озодандешӣ ва азхуд кардани мавзӯъҳои дарсӣ дар хонандагон пайдо гашта, ҳамеша ба дарсҳо бо тайёрии хуб меоянд.

Муаллима хонандагони синфашро бо чор гурӯҳ: “Донояк”, “Дониш”, “Зебояк” ва “Ахтарон” ҷудо намуда, мавзӯи навро якҷо бо шогирдон муҳокима ва натиҷагирӣ мекунад. Хонандагон дар хона ба мавзӯъ омодагӣ дида, дар синф муҳокимаи он дар байни гурӯҳҳо сурат мегирад. Намояндагони гурӯҳҳо бо навбат мавзӯи навро аз фанҳои забони модарӣ, табиатшиносӣ, математика худашон оғоз менамоянд. Мубоҳисаҳо сурат гирифта, намояндагони гурӯҳҳо ба якдигар савол медиҳанд. Агар дар посухи ягон саволи мураккаб дармонанд, муаллима ба онҳо ёрӣ медиҳад. Муҳиммият ва шавқангезии методи муаллима аз он иборат аст, ки ҳатто хонандаи сустхон низ дар баҳсҳо ширкат меварзад ва дониши худро нишон додан мехоҳад. Хусусияти дигари ин усул аз он иборат аст, ки дар арзёбии дониш худи шогирдон ширкат варзида, ба якдигар баҳо мегузоранд ва муаллима баҳогузории онҳоро натиҷагирӣ мекунад.

Гулҷамол Бобоева кӯшиш менамояд, ки бештар худомӯзӣ намуда, аз таҷрибаи омӯзгорони собиқадор истифода намояд. Ҳамин хислат ӯро дар байни 15 нафар омӯзгори синфҳои ибтидоии муассиса соҳибэҳтиром намудааст. Дабистоне, ки муаллима кору фаъолият дорад, соли гузашта аз аттестатсияи навбатӣ гузашт. Намояндаи шуъбаи маориф Мирасрор Аслонов ба дарси Гулҷамол даромада, ба методи дарсӣ ва дониши шогирдони муаллима баҳои баланд дод.

Дар мактабҳои ноҳия аз дарсҳои видеоии муаллима Гулҷамол Бобоева истифода мебаранд. Кори аз ҳама назарраси муаллима оро додани синфхона мебошад. Гулҷамол аз ҳисоби худ синфхонаро бо тамоми воситаҳои аёнии ҳозиразамони таълимӣ муҷаҳҳаз гардонидааст. Ҳар меҳмоне, ки ба мактаб меояд, албатта, аз синфхонаи ӯ дидан мекунад ва ба заҳматҳои муаллима баҳои баланд медиҳад.

                                                      

Ҷовид ҲУСЕЙНОВ,

 омӯзгори мактаби №7-и

ноҳияи Деваштич


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш