Нашрияи Омӯзгор

Садоқат дар шеър

Сана: 2020-07-02        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

Вассофи сулҳу амонӣ ва зебоиҳои диёри азизамон – Тоҷикистон, омӯзгор ва шоир Бобоҷони Нурзод аз қабили эҷодкорони соҳибсухану бомаҳорат ба шумор меравад.

Мавсуф солиёни зиёдест, ки бо шавқу рағбат, заҳмат кашида, қатра-қатра аз хуни ҷигар кам мекунаду суханро ба сухан зам. Ва бо ин сӯхтану сохтанҳо олами боназокату пурэҳсоси хешро офаридааст, ки воқеан дилангезу ҷозибу ҷолиб аст. Бобоҷони Нурзод содаву шево сухан мегӯяд, мураккаббаёнию печидагӯйиро хуш надорад, ҳарфу ҳиҷояш дилрас, хушоҳанг буда, аз такаллуфоту тасвирҳои мавҳум орӣ мебошад. Китоби нисбатан бузургҳаҷми шоир, ки «Девони саодат ва садоқат» унвонгузорӣ шудааст, ба ин гуфтаи мо далели барҳақ аст. Баид аст то шарҳу тавзеҳ бидиҳем, ки чаро шоир китоби ашъори худро «Девони саодат ва садоқат»» номгузорӣ намудааст.

Ба андешаи мо, чунин унвонгузорӣ моҳияту ҳадаф ва ғояи сурудаҳои шоирро, ки аз ватандӯстӣ, ифтихор аз таърихи гузаштаи миллат, ситоиши дастовардҳои замони истиқлолият ва амсоли ин иборат мебошад, инъикос мекунад. Дуруст аст, ки мавзӯъҳои ашъори Б.Нурзод нав нестанд, аммо тарзу шеваи баёни шоир, диду эҳсос ва ифодаи фикр то ҳадде тоза ва дар айни ҳол самимонаву меҳромез мебошад. Аз ҷумла, ин оҳангу наҳваи гуфтор дар шеъри «Саломи тоҷикӣ», ки андар васфу мадҳи забони тоҷикӣ суруда шудааст, равшан ба чашм мерасад. Бояд хотиррасон кард, ки шеъри мазкур бо забони содаю равон иншо гардидааст.

Ман тоҷикам, ман тоҷикам, бо он

каломи тоҷикӣ,

Дунё маро бишнохта, бо он саломи

тоҷикӣ.

Лафзу забони тоҷикӣ ҳам шуҳрату

ҳам шони ман,

Аз шираҳою шири ҷон дорам паёми

тоҷикӣ.

Бахши аъзами шеъру суруд ва ғазалҳои Бобоҷони Нурзод ба мавзӯъҳои пешрафту ободкорӣ ва дигаргуниҳои азиме, ки дар кишвар ба амал омадаанд, бахшида шудааст. Таври мисол, вай ҳамчун фарзанди содиқи ин марзу бум санохону вассофи зебоиҳои манзараҳои пойтахти ҷумҳурӣ-шаҳри Душанбе мебошад. Дар шеъри «Пойтахти Тоҷикистон» меҳру муҳаббат ва садоқату ихлоси худро нисбат ба Душанбеи азиз ба тариқи зайл баён кардааст;

Сари болои ин кишвар Душанбе,

Дилоро гаштаву дилбар Душанбе.

Бубин, ки бо ҳама гулгашту роҳаш,

Ба сони чеҳраи ахтар Душанбе.

ва поёнтар идома медиҳад:

Зафар оварда Истиқлоли кишвар,

Биҳишт аст бо ҳама манзар Душанбе.

Ҳамин ҳамоҳангӣ дар «Ғазали Душанбе» дилчаспу зебо ба чашм мерасад. Шоир дар тасвири Душанбе аз вожаю таркиб ва ибораҳои шоирона истифода мекунад, ки ҷолибу хотирмон мебошанд. Аз ҷумла;

Ин тахти баланд маҳди

муҳаббат шуда имрӯз,

Гулбода дамад аз табу аз тоби

Душанбе.

Чашмак задани ахтари субҳаш

ҳавасам бурд,

Ман ташнаи он чеҳраи ноёби Душанбе.

Ҳар ҷо ки равам ҳамдиламу 

ҳамсафарам шуд,

Дар боми дилам фонуси маҳтоби

Душанбе…

 Бобоҷони Нурзод шоири сермаҳсул буда, муаллифи 28 достон ба шумор меравад.

Ӯ дар васфи ҷашну идҳои таърихию баҳорӣ низ бо сухану ибораҳои дилнишин ва истифода аз санъатҳои гуногуни бадеӣ шеъру ғазалҳои хонданӣ эҷод мекунад. Дар тасвири иди Наврӯз ва ҷанбаи мардумии он мегӯяд:

Муборак иди Наврӯзи ҷаҳонӣ,

Муборак ҳамдилию ҳамзабонӣ.

Ҳамехоҳем, ки ҳар як сокини даҳр,

Ба ҳамдигар намояд меҳрубонӣ.

Ба тан пироҳани идона пӯшид,

Замин дар партави сулҳу амонӣ.

Ду Сайёра, Замину чархи гардун,

Ҷавонӣ дораду дорад ҷавонӣ.

Насим аз буйи гулҳо мужда овард,

Бубин рухсораҳои арғувонӣ…

(Шеъри «Муборакбодӣ»)

Шеърҳои пурмуҳтавои Бобоҷони Нурзод, ки  40 сол боз хаста нашуда, эҷод мекунад, кайҳост, ки диққати хонандагон ва аҳли илму адабро ба худ ҷалб кардааст. Бесабаб нест, ки китоби «Девони саодат ва садоқат»-и шоир ва омӯзгори собиқадор таҳти назари доктори илмҳои филологӣ Нуралӣ Нурзод рӯйи чоп омадааст. То ин дам ашъори номбурда дар маҷмӯаҳои дастаҷамъона, аз қабили «Оташи дил», «Тӯфонзамир», «Ҷиҳози ишқ», «Таронаи Душанбе», «Гулчамани Зарафшон» ва ғайра чоп шудаанд. Дар шеъру достонҳои шоир мазмуну оҳангҳои некбинона баҳри шукуфоии ватан мавҷ мезанад. Вай қотеъона сухан мегӯяд ва ба ҳунари шоириаш метавон аҳсан гуфт. Дар охир ҳаминро бояд гуфт, ки китоби «Саодат ва садоқат»-и Бобоҷони Нурзод барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ пешниҳод шудааст ва мо боварӣ дорем, ки шоир бо ашъори ватандӯстонаи худ лоиқи ин ҷоиза мебошад.

 

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш