Нашрияи Омӯзгор

Раҳнаварди собитқадам

Сана: 2020-07-02        Дида шуд: 806        Шарҳ: 0

 

Бо тақозои вазифа дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, бо омӯзгорони зиёде вомехӯрем. Аз суҳбат бо онҳо дарёфтем, ки устодони муҳтарами мо ҳастии хешро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшидаанд ва аз комёбиву дастовардҳои шогирдони хеш меболанду ифтихор мекунанд.

Ин гуна омӯзгорон роҳбалади воқеии хонандагон буда, ба кашфи толибилмони соҳибистеъдод ва рушди қобилияти онҳо мусоидат мекунанд. Омода намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳо амали саҳлу осоне нест. Чанд сол пеш бо омӯзгоре вохӯрдем, ки аз чеҳраи кушодааш нури маърифат меборид, рафтору кирдор ва ҳар амалаш намунаи ибрат буд.

…Дар мактаби байналмилалии Президентӣ олимпиадаи хонандагон идома дошт. Ҳама тибқи  рӯйхат ва мувофиқи фанни пешниҳодшуда барои собит кардани донишу маҳорати хеш омодагӣ медиданд ва як-як ба синфхонаҳо ворид мегардиданд. Ман ба ҳайси корманди нашрияи «Омӯзгор» раванди озмунро наззора мекардам.  Ногоҳ  нигоҳам ба марде афтод, ки дар даст ҷузвдон дар кунҷе нишаста, машғули мутолиа буд.

Пай бурдам, ки шогирдонаш дар ин озмун иштирок доранд. Ба ӯ наздик шуда, худро муаррифӣ кардам ва муаллимро ба суҳбат кашидам.

Ӯ гуфт:

- Шоҳназар Забиров, ҷонишини директор оид ба дарсҳои иловагӣ ва олимпиадаи  мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Кӯшониён ҳастам ва ҳамчун роҳбалад хонандагони мактабро барои иштирок ба озмун роҳнамоӣ мекунам.

Аз ваҷоҳату салобат ва шеваи суханрониаш дарк кардан мумкин буд, ки ӯ фидоии соҳаи хеш аст ва зиндагиаш  ба таълиму тарбияи насли наврас ҳамбастагии қавӣ дорад.  Ҳамин тавр, суҳбати мо гарм шуду дар ҳар мавзӯъ идома ёфт. Баъдан, дар чандин озмуну олимпиадаи бонуфузи ҷумҳуриявӣ  ҳамсуҳбат гардидем ва маълумам шуд, ки мавсуф донишу ҷаҳонбинии васеъ дошта, соҳаи маорифро хуб медонад. Андешаҳои муаллими пуркору ҷӯянда  манфиатбору омӯзанда буда, ба рушди таълиму тарбия ва сатҳи донишазхудкунии хонандагон нигаронида шудаанд. Ӯ ба хонандагон аз фанни математика дарс мегӯяд ва омӯзиши илмҳои бунёдиро дар рушду пешрафти кишварамон муҳим арзёбӣ мекунад.

Эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» - ро қадами ҷиддӣ дар инкишофу таҳаввули илмҳои дақиқ дониста, таъкид менамояд, ки баъд аз ин масъулияти мо, омӯзгорон, ба таълиму тадриси фанҳои мазкур боз ҳам бештар гардид. Бедор намудани шавқи хонандагон ба фанҳои дақиқ, пеш аз ҳама, аз омӯзгор вобастагии амиқ дошта, вай бояд дарсҳоро дар иртибот бо талаби замони муосир ба роҳ монда, роҳҳои гуногуни шавқманд намудани хонандагонро дарёфт намояд. Имрӯз муассисаҳои таълимӣ ба таҷҳизоту технологияи замонавӣ таъминанд ва имконоти зиёде баҳри омӯзиши фанҳои дақиқ мавҷуд аст. Дар ин самт танҳо омӯзгор метавонад бо ҷолиб гузаронидани дарсҳо шавқи хонандагонро бедор намояд. Фанҳои дақиқ бештар ҷанбаи амалӣ доранд ва ҳар мавзӯе, ки дар раванди дарс таълим дода мешавад, бояд дар ҳамбастагии назария бо амалия ба роҳ монда шавад. Роҳандозии муносибати босалоҳият ба таълим низ гуфтаҳои моро тасдиқ мекунад. Ҳамчунин, омӯзгорро мебояд, ки ба китобҳои дарсӣ қонеъ нашуда, маъхазу адабиёти иловагиро низ мутолиа намояд ва далелҳои ҷолибу ибратомӯзро ба хонандагон пешниҳод кунад. Дар баробари ин, аҳамияти омӯзишии илмҳои мазкурро ба хонандагон гӯшзад намояд, - мегӯяд Ш. Забиров.

Ин омӯзгори варзида таъкид мекунад, ки математика фанни шавқовар буда, тафаккуру ҷаҳонбинии хонандагонро инкишоф медиҳад. «Аз хурдӣ  ба ин фан шавқу рағбат доштам. Дарсҳои рангини омӯзгорон ва муҳити оила дар интихоби пешаи омӯзгорӣ роҳнамои ман буданд».

Ҳамин буд, ки мавсуф баъди хатми мактаб, соли 1977 ба факултаи математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дохил шуда, онро соли 1982 ба итмом  расонид ва худи ҳамон сол бо роҳхат дар мактаби рақами №21-и ноҳияи Вахш ба фаъолияти омӯзгорӣ оғоз намуд. Ӯ кӯшиш менамояд, ки машғулиятҳояш ҷолибу шавқовар гузаранд ва хонандагон ба дарсҳояш бо тайёрии ҷиддӣ оянд ва хушнуд шаванд. Вобаста ба ин, тавонистааст завқи хонандагонро ба омӯзиш бедор намояд.

Ш. Забиров  дар ҳар як вохӯрӣ дар хусуси китобҳои тозанашр ҳарф мезанад ва перомуни муҳтавою ғояи он китобҳо баҳс меорояд. Ба омӯзиши осори бадеӣ рағбати зиёд дошта, китобхонаи шахсӣ таъсис додааст, ки фарогирии осори зиёди таълимиву бадеӣ ва фарҳангиву адабӣ мебошад.

– Ҳар гоҳ ба ин боргоҳи маърифат медароям, дилам кушода мешавад, худро дар ҷаҳони дигар ҳис мекунам, – мегӯяд муаллим.

Кору фаъолияти муаллим ба тартиби муайян амалӣ мешавад, вай ба қадри вақт мерасад ва ҳар рӯз ҳатман чанд соати хешро ба мутолиаи китобҳои таълимию бадеӣ ва эҷоди мақолаҳо мебахшад. Агар инсон китоби бадеӣ нахонад, ҳеҷ гоҳ хубу бад, росту дурӯғ, садоқату хиёнат ва дигар амалҳои писандидаро дарк карда наметавонад. Аз ин рӯ, ман ҳамеша ба хонандагон омӯхтани асарҳои бадеиро талқину ташвиқ менамоям.  Муҳим нест, ки дар кадом соҳа фаъолият менамоем, лекин китоб хондан зарур аст, то бинишу тафаккур вусъат ёбаду ҳодисоти ҷаҳони имрӯзаро маърифат карда тавонем.

Омӯзгор Ш. Забиров аз он хушҳолӣ менамояд, ки бо дастури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли дуюм аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳандозӣ гардидааст, ки таваҷҷуҳи хонандагону донишҷӯён, умуман, аҳли ҷомеаро ба мутолиа бештар намудааст. Дар ин замина, дар шаҳру навоҳии мамлакат китобхонаву марказҳои фарҳангӣ бунёд гардиданд, ки ба рушду сайқали муҳити маънавӣ мусоидат карданд.

Вазорати маориф ва илм низ  корҳои шоистаро дар ин самт ба сомон расонда, номгӯи зиёди осори бадеиро нашр намуда, дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонидааст. Имрӯз дастрасӣ ба асарҳои безаволи гузаштагону муосирони тоҷик ва адабиёти ҷаҳон ҳеҷ мушкил надорад. Бинобар ин, мо, омӯзгорон, аввал худамон бояд бештар мутолиа намоем, то тавонем насли наврасро ба омӯзиш ҷалб кунем.

Мавсуф бо нашрияҳои соҳавӣ низ ҳамкории зич дошта, яке аз муаллифони фаъоли ҳафтаномаи «Омӯзгор» аст. Навиштаҳояш пайваста дар саҳифаҳои нашрия чоп мегарданд. Ш. Забиров зимни суҳбат иброз дошт, ки ҳар як шумораи нашрияи «Омӯзгор»-ро бесаброна интизор мешавад ва ҳар навиштаи онро бодиққат мутолиа менамояд. Дар дарсҳояш аз навиштаҳои дигар омӯзгорон, ки дар ҳафтанома нашр мешаванд, васеъ истифода мекунад. Воқеан, мазмуну муҳтавои нашрия пайваста такмил меёбад ва навиштаҳои гуногуну пурмуҳтавое, ки ҳамаи самтҳои соҳаи маорифро фаро мегиранд, ба таври мунтазам нашр мегардад.

Ш. Забиров шахси ҳалиму меҳрубон ва хоксор мебошад. Ӯ аз он ифтихор мекунад, ки касби пуршарафи омӯзгориро интихоб кардааст. Устод аз соли 1982 дар мактабҳои рақамҳои 21 (ноҳияи Вахш), 9, 6, литсейи тамоюли техникии шаҳри Бохтар ҳамчун омӯзгор ва сипас, дар вазифаи ҷонишини директор фаъолият намуда, аз соли 2011 дар мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Кӯшониён  кор мекунад. Дар ин муассисаи пурнуфуз аз соли 2013 дар вазифаи ҷонишини директор фаъолият дорад. Ӯ вазифаи пурмасъул – тайёр намудани хонандагон ба олимпиадаҳои фанниро ба уҳда дорад. Ба таъкиди мавсуф, раванди тайёр намудани хонандагон ба олимпиадаҳо дар ин муассиса ба низоми муайян даромада, хонандагон аз зинаҳои аввали таълим ба ин самт ҷалб карда мешаванд ва омӯзгорони варзидаву таҷрибадор онҳоро омода мекунанд. Дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи ҷумҳуриявию  байналмилалӣ хонандагони мактаби мазкур фаъолона иштирок менамоянд ва ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд. Дарвоқеъ, омода намудани хонандагон ба олимпиадаҳо кори сангин аст ва ин вазифаи пурмасъулиятро ин омӯзгори соҳибистеъдод бо сарбаландӣ иҷро мекунад ва аз ҳар дастоварди хонандагони мактаб меболад.

Ш. Забиров аз он ифтихор мекунад, ки дар давоми 40 соли фаъолияти омӯзгорияш шогирдони зиёдеро ба камол расонидааст, ки аксари онҳо мактабҳои олиро хатм кардаанд ва дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ фаъолияти пурсамар доранд. Инчунин, иддае аз онҳо пешаи омӯзгориро интихоб кардаву ҳамчун устоди худ ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд.

– Ба ҳар куҷое равам, шогирдонам маро “устод” гуфта садо мекунанд. Гумон дорам, аз ин ҳарфи пурифтихор дида, беҳтару навозишбахштар дар ҷаҳон нест ва ҳар гоҳ ин хитобаро мешунавам, як ҷаҳон шодӣ вуҷудамро фаро мегирад ва ҳамеша аз касби пуршарафи омӯзгорӣ ифтихор мекунам.

Омӯзгори хушсалиқа Шоҳ-назар Забиров соҳиби  панҷ фарзанд мебошад, ки ҳамагӣ мактабҳои олиро хатм кардаанду дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолияти пурбор доранд.

Устод Шоҳназар Забиров соли равон ба синни 60 қадам гузошт. Ба ин муносибат ӯро табрик намуда, барояш саломатии бардавом ва дар ҷодаи таълиму тарбия комёбиву дастовардҳои нав ба нав орзумандем.

Насриддин ОХУНЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш