Дар мактаби Президентӣ воқеъ дар шаҳри Бӯстон Рӯзи Ваҳдати миллӣ ботантана таҷлил гардид. Дар чорабинии маданӣ-маърифатӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам, раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода ва дигар меҳмонон ширкат намуданд. Ҳайати меҳмонон нахуст маҳсули дастранҷ, дастовардҳои устодону хонандагони муассиса, растаҳои омоданамуда ва гӯшаи табиати зиндаро тамошо карданд. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии сарвари мактаби Президентӣ Набизода Мадина Раҳмат оғоз гардид. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам устодону хонандагони муассисаро бо фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳният гуфта, аз дастовард ва ширкати фаъолонаи хонандагони ин боргоҳи илму ҳунар ёдовар гардид. Барномаи рангини адабӣ-фарҳангӣ, ки саршори андешаву омоли ватандӯстонаву эҳсоси худогоҳии миллӣ буд, табъи ҳозиринро болида гардонид.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр