Нашрияи Омӯзгор

Беҳтаринҳо муайян гардиданд

Сана: 2020-07-02        Дида шуд: 806        Шарҳ: 0

 

Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 26 июни соли 2020 даври якуми озмун дар китобхонаи бачагонаи маркази ноҳияи Деваштич миёни хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёна аз рӯи панҷ номинатсия доир гардид. Вобаста ба номинатсияҳои пешниҳодшуда иштирокдорон сабқат оростанд.

Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти маҳорати забондонӣ миёни хонандагони ҳамаи зинаҳои таҳсилот доир гардид.

Ғолибони даври аввали озмун бо туҳфаҳои хотиравӣ сазовор гардиданд.

Нилуфар НОСИРОВА,

корманди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш