Нашрияи Омӯзгор

Фаъолияти пурсамfри коллеҷ

Сана: 2020-07-02        Дида шуд: 807        Шарҳ: 0

 

Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ 88 сол боз дар тайёр намудани кадрҳои соҳаи маорифи кишвар саҳми арзанда мегузорад. Айни замон роҳбарии ин боргоҳи илму маърифатро бонуи кордон, номзади илмҳои педагогӣ Арафамо Даминова ба зимма дорад.

- Муаллима, нахуст дар бораи таърихи таъсиси муассисаатон каме маълумот медодед.

- Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аввалин омӯзишгоҳи омӯзгорӣ дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон аст, ки бо қарори Комиссариати маорифи халқи РСС Тоҷикистон моҳи октябри соли 1931 ҳамчун курси педагогӣ таъсис дода шуда, баъди чор соли фаъолият ба техникуми педагогӣ табдил ёфтааст. Соли 1938 комбинати педагогӣ номи омӯзишгоҳи омӯзгориро гирифт. Аз соли 1962 фаъолияти омӯзишгоҳи мазкур дар сохтори ДДК буда, аз соли 2019 то инҷониб коллеҷ  мустақилона фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Дар солҳои мавҷудияти худ ин боргоҳи маърифат зиёда 17 ҳазор нафар мутахассиси соҳаи маорифро тарбия намуда, ба воя расонидааст. Дар коллеҷ таҳсил ба шакли  рӯзона ва ғоибона ба роҳ монда шудааст.

- Кадом ихтисосҳо ба толибилмон омӯзонида мешавад? Сифати таҳсилот дар коллеҷ дар кадом сатҳ қарор дорад?

- Коллеҷи мо аз рӯи 8 ихтисос: забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, таърих, таҳсили ибтидоӣ, математика, таъмини барномавӣ ва технологияи иттилоотӣ ва таҳсилоти томактабӣ  мутахассис омада месозад. Шумораи умумии донишҷӯён дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона 2297 нафарро ташкил медиҳад. Дар соли таҳсили 2019-2020 ихтисоси нав - информатика кушода шуд. Ҳамчунин, дар ҳамин сол 2 утоқи корӣ,  1 кафедра, 200 мизу курсӣ ва 88 адад гармкунаки барқӣ харидорӣ гардид. Барои беҳтар ба роҳ мондани сифати таълиму тарбия ва баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён 4 кабинети фаннии муҷаҳҳаз таъсис дода шуд. Азхудкунии барномаҳои таълимӣ дар умум ба 78,62%  ва давомоти донишҷӯён ба 91,66% баробар гардидааст.

- Шогирдон баъди хатми коллеҷ ба кадом муассисаҳои таълимӣ ҷалб карда мешаванд? Оё онҳо соҳиби ҷойи кор мешаванд? 

- Бояд иқрор шуд, ки мо бо донишҷӯён аз рӯзи дохил шудан ба коллеҷ   шартномаи сетарафа мебандем. Яъне, байни муассиса, донишҷӯ ва мақомоти маҳаллӣ. Тибқи шартнома мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия хатмкунандагони коллеҷро бояд бо кори доимӣ таъмин намоянд. Ҳамин тавр ҳам аст. Аз тарафи дигар, хатмкунандагони мо таҷрибаи истеҳсолии худро дар муассисаи таълимии ҷойи зисташон гузаронида, баъди хатми коллеҷ бо роҳхат барои ҷойи кори доимӣ ба муассисаи таълимӣ равон карда мешаванд.  Онҳое, ки коллеҷро бо дипломи аъло хатм менамоянд, барои идомаи таҳсил бо роҳхат ба ДДК равон карда мешаванд.То имрӯз хатмкунандагони мо бе ҷойи корӣ доимӣ намондаанд.

- Оё китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ мерасанд?

- Дар коллеҷ китобхонаи замонавӣ бо толори китобхонӣ фаъолияти мунтазам дорад. Фонди умумии китобҳои дарсӣ ва бадеӣ  бештар аз 20681 китобро ташкил  медиҳад. Аз ҷумла, 8500 дастури методӣ, 2881 китоби бадеӣ, 2500 китоби сиёсӣ мавҷуданд, ки  шогирдон аз онҳо ба таври  мунтазам истифода мебаранд. Соле ду маротиба адабиёти методӣ ва бадеӣ харидорӣ карда мешавад. Ҳамчунин, коллеҷ соли 2019 нашрияи худро бо номи «Маърифат» таъсис дод, ки моҳе бо теъдоди 1500 нусха нашр мегардад.

- Мушкилоте ҳаст, ки ба раванди таълиму тарбия халал расонад?

- Бале, дар ҷое, ки кор бошад, мушкилот  ҳам ҳаст. Аз ин рӯ, проблемаҳое ҳастанд, ки онро бояд ҳал кард. Аз ҷумла, на ҳамаи синфхонаҳои таълимӣ бо воситаҳои технологияи коммуникатсионӣ таъминанд. Нарасидани утоқҳои корӣ ва синфхонаҳои таълимӣ, надоштани толор ва майдончаи варзишӣ, нокифоя будани омӯзгорони соҳибкасб, аз ҷумлаи мушкилотест, ки бояд роҳи  ҳалли  худро ёбанд. Бо вуҷуди ин, кӯшиш ва неруи созандаи хешро баҳри тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи омӯзгорӣ равона месозем ва саҳми арзандаи хешро дар ободию шукуфоии Ватани азиз мегузорем ва машъалафрӯзи миллати хеш ва ин даргоҳи муқаддас хоҳем гардид.

 

Мусоҳиб Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш