Нашрияи Омӯзгор

Махзани хираду маърифат

Сана: 2020-07-02        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

 

Китоб беҳтарин дӯсту мӯнис, калиди хазинаи илму маърифат ва таҷаллибахши хиради инсонист. Вай азбайнбарандаи ҷаҳолат ва фароҳамоварандаи саодат аст.

Инсоният маҳз бо шарофати китоб ва мутолиаи он дар зиндагӣ муваффақ мешавад:

Ҳар кӣ ором медиҳад дил бо китоб,

Бурди ӯ бошад ҳамеша беҳисоб.

Аҷдодони бузурги мо китобро чун нон азизу муқаддас мешумориданд. Волидон зери болини тифли гавҳора бо умеди ин, ки соҳибмаърифату илмдӯст ба камол расад, ҳамроҳи пораи нон китоб мегузоштанд.

Китобхона ҳамчун махзани китоб аз қадимулайём машҳур аст. Китобҳоро дар китобхонаҳои шоҳон нигоҳ медоштанд. Дар қадим истифода ва мутолиаи он танҳо ба шахсони сарватманд муяссар мешуд. Ба мардуми одию бенаво ин ганҷ дастрас набуд.

Имрӯз бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ҳазорон китобхонаи зебо, муҷаҳҳаз бо китобҳои бадеӣ дастраси ҳамагон бошад ҳам, на ҳама аз он самаранок истифода мебаранд. Бархе аз волидон таълиму тарбияро ба дӯши муассисаву омӯзгор гузошта, тифлони худро барои мутолиа ташвиқ намесозанд. Вазифаи омӯзгорон, хусусан, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ дар ниҳоди хонандагон бедор намудани шавқи мутолиаи асарҳои бадеист. Зеро қироати асарҳои бадеӣ ва тақлид ба симоҳои мусбии асар кӯдаконро аз камбағалии рӯҳӣ наҷот медиҳад. Ӯ худро ба ҷойи қаҳрамони асар гузошта, оқибати воқеаро тасаввур месозад, ба ваҷд меояд ва ояндаи худро месозад. Аз шахсияте, ки зиёд асари бадеӣ мутолиа месозад, нафари ватандӯсту меҳнатпараст ба камол мерасад. Нависандагони писандидаи мактабиён Мирсаид Миршакар, Гулчеҳра Сулаймонова, Нуъмон Розиқ, Убайд Раҷаб, Ғаффор Мирзо, Раҷаб Амонов, Абдумалик Баҳорӣ ва як қатор адибони дигари тоҷик барои бачагон асарҳое таълиф кардаанд, ки, бешубҳа, дар тарбия намудани кӯдакон ҳиссаи сазовор мегузоранд.

Дар аввали соли хониш кӯдаконро ба китобхонаи муассиса бурда, онҳоро бо китобхонаву китобдор ва инчунин, бо китобҳои бачагона, ки бо расмҳои хушрангу ҷолиб, ки рангину мунаққаш оро дода шудааст, шинос менамоем. Қоидаҳои истифодабарии китоб, тарзи мутолиаи асарро ба онҳо меомӯзем. Дар рафти дарс аз асарҳои бадеӣ моҳирона истифода бурда, қисмати ҷолибе аз ҳикоёти онро ба самъи атфол мерасонем ва ба онон мутолиаи давоми ҳикояро тавсия медиҳем. Бо ин роҳ метавонем насли наврасро ба китобхонаву китобхонӣ ҷалб созем.

 

Моҳчеҳра ҲОМИДЗОДА,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ,

ноҳияи Зафаробод


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш