Нашрияи Омӯзгор

Як усули омӯзиши ҳамсадоҳо

Сана: 2020-07-02        Дида шуд: 841        Шарҳ: 0

 

Имрӯзҳо дар аксари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ ҳангоми  таълими  мавзӯи ҳамсадоҳои  ҷарангдор ва беҷаранг дар синфҳои  5-ум ва таҳлили  фонетикӣ мушкилоти  зиёде пешорӯи омӯзгорони забон меояд; аз ҷумла, ҳангоми  муайян намудани  ҳамсадоҳои  ҷарангдор ва беҷаранг, ҷуфти ҷарангноку  беҷаранг, ҳамсадоҳои   ҷарангдору  беҷаранги беҷуфт.

Дар алифбои  забони тоҷикӣ 35 ҳарф мавҷуд аст, ки онҳо ба се қисм тақсим мешавад: садонокҳо, ҳамсадоҳо, йотбарсарҳо.

Овозҳое, ки дар талаффузи онҳо аз шуш бароянда ба монеа дучор мешавад, ҳамсадо ном дорад.

Ҳамсадоҳоро аз рӯйи  иштирок садо ва шавшув ба ду қисм ҷудо мекунанд: ҳамсадоҳои ҷарангдор, ҳамсадоҳои беҷаранг.

Ҳамсадоҳои ҷарангнок 13-то мебошанд: б, в, г, д, ж, з, й, л, муҳтарам, ноҳияи, р, г, ч. Ин ҳамсадоҳо дар ташкили садову «шавшув» ширкат меварзанд.

Ҳамсадоҳои беҷараанг 11-тост: к, қ, п, с, т, ф, х, ҳ, ч, ш, ъ.

Дар ташаккули ҳамсадоҳои  беҷаранг танҳо овозҳои  «шавшув» иштирок мекунанд.

Дар ин ҳангом омӯзгорро мебояд, аз якчанд усул якҷоя бо хонандагон истифода намоянд, то хонандагон мустақилона ҳамсадоҳои ҷарангнок ва беҷарангро  фаҳманд.

Омӯзгор ҳамсадоҳои ҷарангнокро дар тахтаи  синф менависад ва аз  зераш ҳамсадоҳои  беҷарангро меорад ва ҳамсадоҳоеро, ки ҷуфт надоранд, дар алоҳидагӣ нишон медиҳад.

Омӯзгор аз хонандагон хоҳиш менамояд, ки гӯшҳояшонро бо кафи даст пӯшида, ҳамсадоҳои б-п, д-т, г-к, ч-ҷ, з-с, ж-ш, г-х, в-ф…-ро чанд бор бурро ва равшан талаффуз намоянд.

Баъд хоҳиш намоянд, ки  дастҳоятонро аз гӯшҳоятон гиред. Шумо ҳис кардед, ки ҳангоми  ҳамсадоҳои б, д, г, ч, з, ж, ғ, в, р, л, м, н, й-ро талаффуз кардан шавшув ва садо то гӯшатон омад. Ва ҳангоми  талаффуз намудани  ҳамсадоҳои  п, т, к, ч, с, ш, х, ф, к, х, ъ танҳо шавшуви  холӣ гӯшҳоятон омадааст…

Бояд гуфт, ки  ҳамаи хонандагон супоришҳои  омӯзгорро дар замон фаҳмида, наметавонанд. Аз ин хотир, омӯзгор метавонад чанд маротиба дигар ин  усулҳоро бо хонандагон  дар ҷараёни дарс такрор намояд. Ба ин тариқ омӯзгор метавонад, ки  ба мақсади  дар аввали дарс гузоштаи худ бирасад.

 

Низоммуҳаммад САФАРОВ, 

омӯзгори  забон ва адабиёти тоҷики  мактаби №172-и

ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш