Нашрияи Омӯзгор

Осорхонаи мактабӣ -  муаррифи диёри худ

Сана: 2020-07-02        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

 

Имрӯз дар назди аксарияти муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ осорхонаҳои мактабӣ амал мекунанд. Яке аз чунин осорхонаҳо  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи №20, ноҳияи Файзобод мавҷуд мебошад. Ташкилкунандаи ин осорхона Абдуғаффор Сафаралиев, омӯзгори таърихи муассисаи мазкур мебошад.

Устод А. Сафаралиев баъди хатми синфи 10 барои амалӣ  гаштани орзуҳояш ба ДДОТ ба номи С.Айнӣ (Институти педагогии шаҳри Душанбе ба номи Қ.Ҷӯраев) дохил шуда, шуъбаи ғоибонаи факултаи таърихро хатм намудааст. Абдуғаффор Сафаралиев воқеан ҳам хазинадори таърихи диёр ба ҳисоб меравад. Ӯ тӯли панҷоҳ соли фаъолияти худ бо заҳмату кӯшишҳои зиёд ва ҳамдастии шогирдонаш дар мактаб осорхонаро кушода, ба маърази хонандагону меҳмонон гузоштааст, ки таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамояд. Осорхона соли 2005   ташкил гардида, бо нигораҳои зиёд бисёр диққатҷалбкунанда аст. Устод дар ин махзани илму маърифат бозёфтҳои нодирро аз асри 5 сар карда, то ин давра гирд овардааст.  Шамъдон, тангаҳои гуногун, зевару дастпона, кӯзаю офтоба, чахрдегу сафолпораҳо ва  ҳунарҳои дастии гузаштагони ин диёри биҳиштосо, ки ба асрҳои гуногун тааллуқ  доранд, дар осорхона  гирд оварда шудааст. Чунин бозёфтҳои таърихиро устод якҷо бо шогирдонаш ҳангоми ҳафриёт аз Қаълаи Сангин, ки дар канори Вашгирди бостонӣ  ҷойгир аст, ҷамъоварӣ намудааст.  Аз суханони устод  бармеояд, ки борҳо дар ин мавзеъ олимони шинохтаи ҷумҳурӣ ҳафриёт гузаронидаанд ва бисёр нигораҳои нодиру  диқатҷалбкунандаро дастрас кардаанд. Абдуғаффор Сафаралиев бо бозёфтҳои дар осорхона ҷамъовардаи худ қариб дар тамоми озмунҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол намудааст.

Хулоса, таҳқиқи таърихи осорхонаҳои мактабии ноҳияи Файзобод имконият медиҳад, ки таҷрибаи кори онҳо мавриди баҳрабардории кормандони осорхонаҳои дигар шавад.

Гулноза Маҳкамова,

Умедаи Хуршед,

ходимони илмии Осорхонаи

маорифи АТТ  


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш