Инсон неруи тавоност ва ба ҳама кор қодир аст. Ашхоси бохирад ҳамеша кӯшиш бар он кардаанд, ки тавонмандии худро барои аҳдофи нек, барои созандагию бунёдкорӣ ва ободонию накуаҳволии халқи азизи хеш истифода намоянд. Мутаассифона, иддае аз афроди зишткирдору ноҷавонмард бо тамоми ҳастӣ гаравиш ба аъмоли ношоиста доранд ва бар халқу миллати худ хиёнат мекунанд. Хиёнат манфуртарину бадтарин амали ҳар як фард аст. Онеро, ки ба Ватан хиёнат мекунад, ҳатто наметавон дигар инсон номид. Ӯ нафратзадаи халқ мегардаду як умр аз ёру диёр дур мемонад.
Аз хиёнатгарист бадномӣ
В-аз бадӣ ҳаст бадсаранҷомӣ.
Хиёнат даҳшат аст, хиёнаткор махлуқест зишту манфур. Филми телевизионии «Хиёнат» ҳақиқати нуктаи мазкурро бори дигар собит намуд. Тавассути ин филми воқеиятбунёд мардуми соҳибфазилати ҷумҳурии соҳибистиқлоламон бори дигар аз хиёнаткориҳои фоҷеабору пурмакри Муҳиддин Кабирӣ ва атрофиёни наҳзатии ӯ огаҳӣ дарёфтанд ва танаффурашон ба гурӯҳҳои ифротгаро боз ҳам афзуд. Филми «Хиёнат» парда аз рӯи пайкараи хиёнати нафратзадагони халқ васеътар кушод ва чеҳраи манфури онҳо бештар пеши назарҳо падид омад.
Бояд ёдовар шуд, ки собиқ ҲНИ аз ибтидои пайдоишаш хусусияти террористию экстремистӣ дошт ва гурӯҳе аз ҷавононро ба доми худ мекашид. Аз таърих чун дар оина саҳеҳ маълум аст, ки ислом ҳамчун оини покию адолат қарнҳо боз арзи ҳастӣ ва фаъолияти бавусъат дораду ҷавҳари он шинохти худ ва шинохти Худованд аст. Вале наҳзатиён ин дини мубинро дастак намуда, бо рафтори ғайриинсонияшон ҷомеаро заҳролуд карданд ва қисме аз мардуми ноогаҳро ба доми ҷаҳолату гумроҳӣ кашиданд. ҲНИ ва аъзои он худро ватандор ва ҳомии адолат эълон карда, гӯё барои манфиатҳои мардум талош доранд. Аслан, амалиёти онҳо танҳо харобкорию куштор, гумроҳ кардану ба равияи ифротгароӣ кашидани ҷавонон мебошад. Мутаассифона, гурӯҳе ба доми иғвою фиреби наҳзатиёни хиёнатпеша гирифтор шуда, дар хориҷи кишвар мондаанд ва аз хонаву зан ва фарзанд маҳрум гаштаву «ҷиҳодпарастон» ном гирифтанд. Ин гурӯҳи ғафлатзада, пеш аз ҳама, ба иғвои Муҳиддин Кабирӣ барин ашхоси бенангу номус дода шуданд.
Мо оқибатҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро, ки ҳанӯз дар оғози давраи соҳибистиқлолӣ рух дода, сабабгори талафоти даҳҳо ҳазор мардуми бегуноҳ ва тахрибкориҳои гаронфарҷом гардида, таъсираш то ҳол аз байн нарафтааст, фаромӯш накардаем.
Ин ҷанги фоҷеабор ба ҳамагон сабақи бузурги таърих гашт, тафовути неку бад ва садоқату хиёнатро аёнтар намуд, аҳамияту моҳияти сулҳу дӯстиву рафоқатро бори дигар таъкид сохт, ниқоб аз чеҳраи мансабталошону ҷоҳталабон бардошт ва инак, мардуми шарифи Тоҷикистони вораҳида аз вартаи муҳлик шукрона мегӯяд, ки «Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт, Сулҳи бунёдкори мо омад».
Агар мо ба таърихии пайдоиши ҲНИ рӯ оварем, мебинем, ки дар ибтидо он як неруе буда ниқоби дин дар чеҳра. Ин ҳизб тадриҷан тавассути ҳиллаву найранг ва бо истифодаи номи поки ислом, таъвилу таҳрифи оятҳои қуръонӣ одамонро фирефта, ба коми худ кашид. Гурӯҳе гумон карданд, ки ҳизби наҳзати исломӣ адолатро ҷорӣ мекунад ва онҳо дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ хоҳанд кард, аммо вақт нишон дод, ки ҳадафи аслии ин ҳизб танҳо ва танҳо ба даст овардани ҳокимияту давлату сарват будааст.
Сарварону думравони ҲНИ ҳаргиз иқрор шудан намехоҳанд, ки ҳамчун силоҳ ва сипар истифода кардани дини пок бузургтарин гуноҳ, хиёнат ба фармудаҳои башарпарваронаю муҳаббатбори Қуръони маҷид ва ҳадисҳои инсондӯстонаи Пайғамбар аст. Ҳадафи волои дини ислом мусоидат ба зиндагии поку осоишта ва пурсадоқату бунёдкоронаи мардум аст, на ҷангу пархошу часпу талош ва мансабу қудрат. Шоири шаҳири халқи тоҷик, ватандӯсти асил, устод Лоиқ барҳақ гуфта буд:
Мо бар онем, ки дар мулк адолат
бошад,
Мо бар онем, ки ҳам оя, ҳам оят
бошад…
На бар инем, ки ислом нишинад бар
тахт,
Мо бар онем, ки ислом саломат бошад.
Имрӯз мо аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ба ном ислом, ки динро фақат барои фирефтан ва гумроҳ намудани халқ истифода мебаранд, бояд ҷиддан эҳтиёткор бошем. Ба суханҳои «ширин» ва тафсири пуртаҳрифи ояту ҳадисҳо аз ҷониби онҳо набояд фирефта шавем. Дар ҳимояи ақидаи солим ва мазҳаби худ устувор бошем.
Душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои осоиштаи кишвари моро халалдор намоянд. Аз хориҷ истода тақдири тоҷиконро ҳал карданӣ мешаванд ин тоифаи нотавонбин. Тариқи телевизионҳои маҳворавӣ ва шабакаҳои интернетӣ онҳо ба халқи азизи мо таҳдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи Президенти ҷумҳурӣ ва ҳукумати кишварро, ки ба таъмини сулҳу субот ва пешрафту тараққиёти мамлакат равона карда шудааст, мавриди интиқод қарор медиҳанд, муғризона таҳриф мекунанд. Мехоҳанд ба воситаи ашхоси каҷтинату кинавари дохили диёр, аз ҷумла, баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиребанд ва онҳоро ба муқобили Ватану миллат худ барангезанд.
Бармало аён аст, ки ҳама шиору даъватҳои наҳзатиён дурӯғу бефурӯғ буда, бо таълимоти Қуръони карим заррае ҳам мувофиқат намекунанд ва дар асл ин тоифа душманони дини ислом мебошанд.
Мо хуб дар хотир дорем ва филми «Хиёнат» ин нуктаро боз ҳам таъкид кард, ки солҳои 90-уми асри гузашта дар майдони «Шаҳидон» чӣ гуна шиорҳо буданд, кадом ояту ҳадис бо тафсиру таҳвилҳои бардурӯғу ноқис ба мардум расонида мешуданд. Шиорҳои иғвобунёди «Озодӣ!», «Истеъфо!», «Аз хоби гарон хез!» дар якҷоягӣ бо аҳкоми динӣ пешкаши одамон мешуданд, ки дар натиҷа аз ҷониби тарафдорони ҲНИ тахрибкориҳои зиёде амалӣ мегардиданд. Ҳақиқат хоҳ-нохоҳ (баъзан дер бошад ҳам) ошкор мегардад. Мардуми сулҳпарасти тоҷик ниҳоят аз асли матлаби наҳзатиён, нимкосаи зери косаи онҳо огаҳӣ дарёфтанд ва ба ин гурӯҳи хиёнатпеша нафрин хонданду аз он рӯй гардонданд.
Имрӯз моро ҳам фарзу ҳам суннат аст, ки ёру дӯстон, хешу ақрабо, тамоми ҳамватанонро аз макру ҳилла ва найрангбозиҳои наҳзатиён ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломӣ, баъзе одамони дурӯя ва хоинони миллат (мисли Муҳиддин Кабирӣ ва пайравони ӯ) огоҳ созем. Бигзор, ҳамагон бидонанд, ки дини ислом василае байни Худову бандааш мебошад, на равише баҳри вайронии ҷомеа ва ба даст овардани мансабу сарват.
Агар мо ҳақиқатро, дастовардҳои миллатро ба тариқи ҳамагонӣ ҳифзу посдорӣ намоем, дигар касе наметавонад мардуми моро бо шиорҳои динӣ фирефта, дар ҷомеаи навини тоҷикон тафриқа эҷод намояд.
Сулҳи тоҷикон муфту осон ба даст наомадааст ва аз ин рӯ, ҳамагон бояд тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то парчами сулҳамон ҷовидон ҷилвагар бимонад.
Хушбахтона, имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик таҷрибадидаю устувору иродатманд аст. Медонад, ки ашхоси зишттинате, чун Кабирӣ чӣ мехоҳанд ва чӣ «силоҳ»-е ба даст доранд. Минбаъд ҳеҷ як хиёнаткор, бадкирдору бадандеш, носипосу нотавонбин наметавонад теша ба решаи дарахти бошукӯҳу пурсамари давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бизанад.
Кулли сокинони кишвари хуршедиамон хуб медонанд, ки «Ҳар кӣ бар душмании халқ равон аст чу баҳр, Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад». Оре, хиёнат ҳамеша бо завол анҷом меёбад.
Ифротгароён тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба таҳқири халқу миллат машғул мешаванд, дурӯғ аз пайи дурӯғ мебофанд. Онҳо дили нопок, ҳадафи нопок доранд, ба худ мепечанд, ки рӯз то рӯз таъсири дасисаҳояшон коҳиш меёбад, тирашон хок мехӯрад. Хиради азалии мардуми мо дигар имкон намедиҳад, ки ифротиёну хиёнаткорон бо чунин сафсаттаҳои худ ҳадафгир бошанд.
Халқи шарафманду сарбаланди тоҷик бо раҳнамоиву ҳидоятгариҳои хирадмандонаи фарзанди асилу садоқатпешаи худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста пеш меравад, ба комёбиҳои тоза ба тоза шарафёб мешавад ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи шоиста ишғол мекунад. Мо, аҳли Тоҷикистони соҳибистиқлол, комилан ҷонибдори Пешвои муаззами хеш мебошем, ки аз ҷумла, қотеъона иброз доштаанд: «Мо ҳамаи иқтидору имкониятҳоро дорем, ки раванди ободкориву созандагиро беш аз пеш густариш бахшем, барои расидан ба ҳадафҳои миллиамон кӯшишу ғайрати бештар намоем, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ камбудиҳои мавҷударо бартараф кунем, рушди устувору босуботи кишвари азизамонро таъмин созем ва рӯзгори ҳар як хонадони Тоҷикистонро аз имрӯза беҳтар гардонем».
Шодӣ Сафаров,
ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон
ба номи С.Раҳимов, профессор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр