Нашрияи Омӯзгор

Ҷашн дар донишкада

Сана: 2018-07-05        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

22-юми июни  соли 2018 дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон  бо иштироки  устодону  донишҷӯёни  донишкада чорабинии маърифатӣ – фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Муовини  ректори донишкада Баҳриддин Ҷабборов иброз дошт, ки сокинони  кишвари мо воқеаҳои  ҷанги шаҳрвандиро бо чашми худ дидаанду оқибатҳои  нохуши онро паси сар кардаанд ва аз ин рӯ, нақши сулҳу  ваҳдат  ва осоиштагиро дар ҳаёти хеш хубтару  беҳтар дарк месозанд.

Профессор Қурбон Хоҷаев зикр кард, ки Ваҳдати миллӣ, воқеан ҳам, тавонист ба таъмини  рушди босуботи иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангии кишварамон мусоидат намояд. Ин ваҳдат, пеш аз ҳама, дар хомӯш кардани оташи  ҷанги шаҳрвандӣ ва дар тантанаи сулҳи миллӣ таҷассум ёфт, ки барои кулли тоҷикон воқеаи  деринтизор буд.

Дар ин ҳамоиши идона  директори  литсейи донишкада Нуринисо Акрамова низ  перомуни  моҳияти  ваҳдат суханронӣ кард.

Дастаи «Соҳибкор» бо барномаи  рангини идонаи худ – «Ваҳдат – шукуфоии Ватан» ба ин чорабинӣ шукӯҳи бештаре бахшид.

М.ХОЛОВА


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш