Яке аз ташаббусҳои муҳимми Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф таъсиси мактаби таҷрибаи пешқадами педагогӣ мебошад. Ин ибтикор бо мақсади рушд ва такмили ҷанбаҳои маҳорати педагогии омӯзгорон бо истифода аз техникаю технологияи муосир буда, ҳадаф аз он муаррифии омӯзгорони варзидаю ботаҷриба ва усулҳои ҷолиби таълимии онҳо маҳсуб меёбад.
Ташаббуси мазкур аз соли 2016 бо ташаббуси ректори донишкада, доктори илмҳои таърих Хоналӣ Қурбонзода ба роҳ монда шуда, муддати омӯзиши таҷрибаи омӯзгорону устодон се сол мебошад. Устодони муассиса то имрӯз таҷрибаи пешқадами педагогии 30 нафар аз омӯзгори муассисаҳои таълимии миёнаи умумии кишварро омӯхта, дар соли 2019 муваффақ шуданд, муаррифии фаъолияти ибратомӯзи педагогии чор нафар омӯзгорро дар фанҳои мухталиф ба анҷом расонида, онро аз тариқи нашрияҳо ва сомонаҳои интернетӣ паҳн намоянд.
Ба гунаи мисол, Давлатшо Маҳмудов, омӯзгори таърих ва ҳуқуқи гимназияи №53-и ба номи Муҳаббат Маҳмудоваи шаҳри Душанберо зикр метавон кард. Таҷрибаи пешқадами педагогии ин омӯзгорро Меҳриддин Ғиёсӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, мудири кафедраи психология, педагогика ва методикаи таълими ДҶТИБКСМ мавриди омӯзишу таҳлил қарор додааст. Меҳриддин Ғиёсӣ дар бораи усулу шеваҳои таълимии омӯзгор Давлатшо Маҳмудов чунин изҳори андеша намуд: «Давлатшо Маҳмудов ҳамчун омӯзгори навовар ва муҳаққиқи дақиқназар дар миёни ҳайати устодону омӯзгорони гимназияи шаҳри Душанбе ва ҷумҳурӣ маълум аст. Муваффақияти мавсуф дар он зоҳир мегардад, ки аз методу усулҳои беҳтарин таълимӣ, аз ҷумла, муносибати босалоҳият дар дарс ба таври самарабахш истифода намуда, ба ин васила, машғулиятҳояшро дар сатҳи баланд мегузаронад. Давлатшо Маҳмудов дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ ба ҳайси унвонҷӯи кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДОТ ба номи С.Айнӣ ба навиштани рисолаи илмӣ дар мавзӯи «Нақши Нусратулло Махсум дар таърихи давлатдории тоҷикон дар солҳои 20-уми асри XX» машғул буда, дар самти тадқиқоти корҳои илмӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Д.Маҳмудов иштирокчии фаъоли семинару конфронсҳои сатҳи шаҳрию ҷумҳурӣ буда, дар ҳамоишҳои илмӣ масоили гуногуни илмиро мавриди баррасию таҳлил қарор медиҳад. Таҷрибаи омӯзгорони забони англисии муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №32-и ноҳияи Рӯдакӣ низ лоиқи омӯзиш мебошад. Омӯзгори калони кафедраи методикаи таълими фанҳои гуманитарии ДҶТИБКСМ М.Ҳамидова дар хусуси сабку шеваҳои таълимии омӯзгорони забони англисӣ мегӯяд: «Дар тӯли 24 соли фаъолияти пуршарафу заҳматталаби омӯзгорӣ Ҳамидҷон Назаров дар ҷамъомад, машваратҳои августӣ ва январии омӯзгорони фанни забони англисӣ маърӯзаҳои пурмазмун карда, байни онҳо ҳамчун муаллими соҳибтаҷриба ном баровардааст. Ҳамин тавр, соли ҷорӣ устодону омӯзгорони донишкада натиҷаи таҷрибаи пешқадами педагогии панҷ нафар омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои кишварро омӯхтаву баррасӣ намуда, дар нашрияҳо ва сомонаҳои интернетӣ паҳн намуданд.
Сино Эгамбердиев,
сардори раёсати илм ва инноватсияи ДҶТИБКСМ,
Самариддин Самадов,
ходими калони илмии раёсати илм ва инноватсияи ДҶТИБКСМ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр