Нашрияи Омӯзгор

Лахш:

Сана: 2020-07-02        Дида шуд: 778        Шарҳ: 0

 

истифодаи беш аз 100 иншоот

Дар арафаи ҷашни 23-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Лахш бинои иловагии беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳоти Қашот, тарабхонаи замонавӣ дар Ҷамоати деҳоти Пилдон ва насоси обкашии деҳаи Қашотро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.  Бинои иловагии беморхонаи минтақавии Қашот бо маблағи 120 ҳазору 309 сомонӣ аз ҳисоби аҳолӣ сохта ба истифода дода шуд, ки он дорои 4 ҳуҷра, 12 кат ва таҷҳизоти замонавӣ мебошад. Инчунин, насоси обкашии деҳаи Қашот, ки солҳои тулонӣ корношоям буд, бо маблағи 50 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби аҳолӣ таъмири пурра гардида, айни замон 240 хоҷагӣ бо оби нӯшокӣ ва полезӣ таъмин шуданд.

Инчунин, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қаноатшо Искандаров баҳри сатҳи баланди хизматрасонӣ ба сайёҳону меҳмонон дар шафати шоҳроҳи Ваҳдат-Лахш, ки аз ҳудуди Ҷамоати деҳоти Пилдон мегузарад, тарабхонаи замонавӣ сохта, дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ ба истифода дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Лахш бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 53 деҳаю маҳаллаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бунёди 200 адад бинову иншооти таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз зиёда аз 100 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва корҳои сохтмонӣ дар иншооти боқимонда идома дорад.

Таҳияи Н. САНГИНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш