Нашрияи Омӯзгор

Таътили босамар

Сана: 2020-07-02        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

 

Таътили тобистонаи кӯдакон бинобар хурӯҷи бемории коронавирус барвақттар оғоз шуда, хонандагонро ба он водор намуд, ки бештар дар хона ба волидон кумак намоянд.

Аз сӯи дигар, ин амал фурсати муносибе барои андӯхтани дониш ва васеъ намудани маънавиёти хонандагон гардид. Хонандагони синфи 3-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14, шаҳри Гулистон таътили тобистонаи худро бо мутоилаи китобҳои бадеиву азбар намудани ашъори адибон хушу хотирмон мегузаронанд.

Омӯзгорон ҳар сари чанд вақт ба манзили шогирдон рафта, аз машғулияти онҳо бохабар мешаванд. Маъмурияти мактаб иқдом гирифтааст, ки беҳтарин китобхонҳоро дар оғози соли нави хониш бо туҳфаҳо қадрдонӣ намоянд. Ин тадбир барои иштироки фаъолонаи онҳо дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” заминаи хубе хоҳад буд.

Нуъмон Раҷабзода,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш