Нашрияи Омӯзгор

Иртиботи тамаддунҳо: Саразм, Моҳенҷодаро, Ҳараппа…

Сана: 2020-07-02        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

(Аввалаш дар шумораи гузашта)

Доир ба пайдоиши нахустин тамаддуни фарогир олимони зиёде фикру ақидаи худро баён намудаанд. Яке аз чунин маъхази муътамад китоби чаҳорҷилдаи “Таърихи тамаддун ва фарҳанги ҷаҳон” ба шумор меравад, ки аз ҷониби гурӯҳи олимон Росс Е. Данн, Дороти Абраҳамс ва дигарон таълиф шудааст. Ин гурӯҳи олимон, ки шуҳрати ҷаҳонӣ касб намудаанд, бар он ақидаанд, ки “Нахустин тамаддуни рӯдборӣ миёни солҳои 4000 ва 2000 қабл аз мелод дар дараҳои борхези миёни Даҷла ва Фурот ба вуҷуд омад... Бо пайдоиши тамаддуни Байнаннаҳрайн марокизи дигари тамаддун низ дар дараи рӯди Нил дар Миср ва рӯди Синд дар Ҳинд падид омаданд”. 

Рӯдхонаи Зарафшон дар саҳифаи тамаддуни қадимаи башарият аз зумраи падидаҳои тозасабтшудае мебошад, ки зикраш дар боло рафт. Ва чи хеле ки асноди таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, аз лиҳози шаҳрдорӣ ин тамаддун пас аз фарҳанги водии Ҳинд (муаррихон онро бо номҳои тамаддуни водии Синд/Нара/Сарасватӣ низ ёдовар мешаванд) дар минтақаи Осиё мақоми баландеро соҳиб аст. Гузашта аз ин, тамаддуни Саразм маркази маъдангудозӣ ва коркарди фулузот дар минтақа ба шумор мерафт.

Тавзеҳоти бостоншиносӣ чандин мушобеҳоти сукуниро байни фарҳанги Тоҷикистон ва фарҳанги Ҳинди Шимолу Ғарбӣ то замони дерини сангӣ ошкор мекунад. Дар замони навсангӣ Осиёи Марказӣ ва Ҳинди Шимолӣ шомил ба як минтақаи бузурге буданд, ки дар он ҷо кишоварзии ҳаммонанд роиҷ буд ва ҷараёни яксони пешрафти иҷтимоӣ низ дар уруҷ будааст, ки ин иллати зуҳури тамаддуни шаҳрӣ ва ташкили давлатҳои мухталиф гаштааст.

Ҳеродот, муаррихи номвари юнонӣ, менависад, ки Ҳинд ба унвони яке аз ҳосилхезтарин шатрапаҳои  қаламрави ҳахоманишӣ (аз қарни шашуми қабл аз мелодӣ то қарни чаҳоруми қабл аз мелодӣ) ба шумор мерафт ва табъан элҳои мухталиф аз хитаҳои даштӣ ва камҳосили Осиёи Марказиро ба тарафи худ кашидааст. Аз ҳафриёти бостоншиносӣ бармеояд, ки нуфузи густурдаи зарфҳои сафолини хориҷӣ миёни асбобҳои рӯзгори мардуми маҳаллӣ дар саросари Ҳинди шимолӣ эҳсос карда мешавад. Р.Шарма дар таҳқиқи хеш қайд намудааст, ки “Аз мавҷудияти зарфҳои якранг, ба вижа, косаҳои марбут ба аҳди ҳахоманишӣ дар Хоразм, Суғдиён, Марҷиёна, Бохтари шимолӣ, Сиистон ва низ дар водии рӯди Ганг равобити Осиёи Марказӣ ва Ҳинд ошкоро мешавад”.

Албатта, бо уруҷи салтанати кӯшониҳо, ки қисмати азими Осиёи Марказӣ ва бештари хитаҳои Ҳинди Шимолиро фаро гирифта буд, равобити байни Осиёи Марказӣ ва Ҳинд ба авҷи аълои худ расид. Муносибати Ҳинд бо Бохтар, Суғд ва Хоразм, ки пешинааш ба давраҳои ҳахоманишӣ ва Сикандари азим меравад, дар аҳди Кӯшон аз ду марҳила мегузарад. Ва ба қавли Мешкерис, “Муносибатҳои фарҳангии Осиёи Миёна ва Ҳиндустон, ки дар замони неолит ва қарни биринҷӣ ба низом дароварда шуда буд, дар замонҳои баъдӣ низ идома доштааст”.

Дар охири ҳазораи IV-III то эраи мо Саразм ба як маркази муҳими мубодилаи байниминтақавӣ дар масофаи марзҳои дароз (махсусан, нозуки содирот) табдил ёфт. Нуқтаҳои аҳолинишин дар гузаргоҳҳои калон, дар меҳвари калони Шарқу ғарб ва хосатан, дар водии Зарафшон сохта шудаанд... Далелҳо барои табодули Саразм аз молҳои экзотикӣ, сангҳои кандакоришуда, зарфҳо, лоҷувард, тилло, нуқра, сангҳои мухталифи ранга ва маъданҳо оварда шудаанд ...

Ҷустуҷӯҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки иртибот бо минтақаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва паҳншавии таҷрибаҳои анъанавии фарҳанги мардуми Ҳинд дар бозёфтҳои нодири моддӣ низ таҷассум ёфтаанд. Дар фарҳангҳои протошаҳрии ин ду минтақа монандии хеле возеҳ дар мавҷудияти манотиқи аҳолинишин, яксонии касби кулолгарӣ, асбобҳои аз метал сохташуда, ороиш дар сангҳои қиматбаҳо ба чашм мерасанд. Албатта, дар шибҳи қораи Ҳиндустон истеҳсоли сангҳои ороишӣ ва ашёи қиматбаҳо арзиши бузурги таърихӣ доштанд.

Мисоли равшани инро мо дар фарҳанги Меҳргарҳ мушоҳида карда метавонем. Коркарди сангҳои начандон гаронбаҳо ин минтақаро вориди шабакаи тиҷоратии бузург гардонидааст, ки садсолаҳо барои Меҳргарҳ манбаи даромад ва пешрафти иқтисодӣ гардидааст. Дар Меҳргарҳ коркарди лоҷувард низ васеъ ба роҳ монда шуда буд. Аммо ҷолиби таваҷҷуҳ ин аст, ки дар Меҳргарҳ ва манотиқи атрофи он манбаи лоҷувард ҳамчун ашёи хом вуҷуд надошт. Ва яқинан лоҷувард тариқи роҳҳои савдоӣ аз Осиёи Марказӣ ворид карда мешуд. Чунин ақидаро бостоншиноси маъруфи Ҳинд Ширин Ратнагар тақрибан дар ҳамаи таҳқиқҳояш ёдрас намудааст. Ш. Ратнагар лоҷувардро аз ашёи содиротии тамаддуни Ҳараппа аз Осиёи Марказӣ медонад ва ақидаи тиҷорати пайвастаи ҳараппагиҳоро бо мардуми бурунмарзӣ борҳо таъйид намудааст.

Ин ақида дар заминаи холӣ пайдо нашудааст. Зеро маъхазҳо собит менамоянд, ки бозаргонҳои замони Моҳенҷодаро ва Ҳараппа содиркунандагони асосии зару зеварот ба минтақаҳои аҳолинишини наздисарҳадии Месопотамия ва ҳамчунин сарзаминҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб мешуданд.

Ҳарчанд ки фарҳанги Саразм дар қабатҳои то кунун кофташуда давраи аз 3500-2000 то эраи моро дар бар мегирад, алоқаи фарҳангиву тиҷоратии он бо давраи камолоти фарҳанги ҳараппа ҳамзамон мебошад. Ш. Ратнагар дар пайвандсозии тамаддуни водии ҳиндустон ва робитаҳои он бо ҷаҳони беруна ба иштибоҳ роҳ надодааст. Гарчанде бостоншинос то андозаи имрӯз аз ковишҳои Саразми Тоҷикистон иттилои кофӣ надошт, аз ҷараёни кушодани ҳамзамонии маҳалҳои монанд дар берун аз минтақаҳои Осиёи ҷанубӣ бохабар буд. ҳангоми таҳлили ӯ ҳам пайвандҳо ва ҳам фарқияти ин маҳаллаҳои аҳолинишин бо аҳолии таҳҷоии ҳиндустон ба таври возеҳ нишон дода шудаанд. Вай яке аз ташаббускорони таҳияи рисолаи алтернативӣ дар муқоиса бо алоқаи аз ҳад содатари баҳрӣ байни ду маркази бузурги шаҳрҳои асри биринҷӣ дар водии Ҳинд ва Месопотамия буд.

Барои фаҳмидани миқёси бузурги рушд ва мубодила дар байни ин марказҳои шаҳрии баркамол дар ҷаҳони асри биринҷӣ ин минтақаҳо, дар байни ду хатсайр- ҳам роҳҳои баҳрӣ ва ҳам хатсайрҳои рӯизаминӣ, ба назар гирифта шуданд. Ш. Ратнагар саҳми дастаҷамъонаи марказҳои тамаддуни бостониро барои ташаккули фаҳмиши беҳтари ҷаҳони маъмулии муштараки фарҳангӣ, ки дар ҷазираҳо ва атрофи онҳо, инчунин, дар доманакӯҳҳо ва водиҳо, дар биёбонҳо ва теппаҳои ғарб, Осиёи Марказӣ ва ҷанубӣ таҳия шудаанд, эътироф кардааст.

Роҷеъ ба ин масъала бостоншиноси дигар  Марутсио Тоши навиштааст, ки «Дар охири солҳои 60-ум аксари минтақаҳои шимол ва ҷануби баҳри Араб ҳанӯз ҳам аз ҷониби бостоншиносон ба ҳадди кофӣ омӯхта нашуда буданд. Кофтуковҳои минбаъда дар Эрон, Афғонистон, Осиёи Миёнаи Шӯравӣ ва Уммон баъзе халоҳоро пур карданд ва барои бостоншиносони баъдӣ дурнамои навро кушоданд. Дар маҷмӯъ, ин таҳқиқотҳо нишон доданд, ки дар болои бандари Эрон ва ҳавзаҳои дарёҳои ҷануби Осиёи Марказӣ, ки ҳамчун субъектҳои фарқкунандаи таърихӣ дар охири ҳазораи 4-уми пеш аз мелод ба вуҷуд омадаанд, як қатор тамаддунҳо кашф шуданд. Таҷрибан дар соли 2500 пеш аз мелод марказҳои асосӣ дар ҳар як система аксар хусусиятҳои ҷудокунандаи шаҳриро доштанд - ҳаммонандии меъморӣ, хонаҳои ашрофон, дафнҳои шигифтангез, манзилҳои ҳунармандон ва ташаккули шаҳристонҳои маъмурӣ. ..Тамоми шаҳрҳои ин қаламрави бузург дар тӯли чанд садсола тақрибан ба солҳои 2200 то 2000 пеш аз мелод рост омадаанд, ки бо тамаддуни баркамоли Месопотамия мустақиман алоқамандӣ доранд”.

Хусусиятҳои хоси нуқтаҳои аҳолинишине, ки М. Тоши номбар кардааст, ба бозёфтҳои бостоншиносии Саразм, ки то кунун дарёфт шудаанд, мувофиқанд. Аммо вай дар ин бора Саразмро зикр накардааст, дар сурате ки ҳисори ҷанубу ғарби Эрон ва Олтинтеппаи Туркманистони ҷанубӣ, сарфи назар аз нигоҳ доштани решаҳои гуногун ва мақомашон, диққати ӯро ҷалб намудаанд.

Вале зикри тамаддуни Саразм дар асарҳои Ш. Ратнагар дида мешавад.  ҳамин тариқ, дар байни шаҳрдориҳои маъруфи асри биринҷӣ ва пайвастагии онҳо, аз ҷумла, Ҳараппа, Моҳенҷодаро ва Месопотамия шаҳрдории Саразм низ имрӯз ба ҷаҳониён аз анъанаву рисолати шаҳрдории худ дарак дод.

Ин ҷо чанд нуктаро перомуни равобити бевоситаи саразмиён бо шаҳрдориҳо ва умуман, шибҳи қораи Ҳинд зикр карданӣ ҳастем. Зимни ҳафриёти Саразм асбобҳо ва ашёе ёфт шудаанд, ки истеҳсол ва ё мавҷудияти онҳо дар водии Зарафшон ва ҳудуди шаҳрдории саразмиён имконнопазир будааст. Ва ба маънии дигар, ин гуна ашё ба қатори молҳои содиротии бозаргонҳои саразмӣ шомил буда метавонанд. Масалан, дарёфти дастпонаҳо, гарданбандҳову ҷилди гӯшмоҳиҳои ороишӣ, ки ба шакли солим то ба мо расидаанд, далели он аст, ки ин ашё аз минтақаи баҳрӣ ба саразмиён ворид карда шудаанд. Ин гуна маводи ороишӣ ҳам аз ҷиҳати сохтор ва ҳам аз ҷиҳати мавриди ниёз ба фарҳанги Моҳенҷодаро ва Ҳараппа хос будаанд...

Ҳангоми боздид аз Саразм яке аз бостоншиносони маъруфи Ҳинд, профессор Нандини Бҳаттачария ба муаллифи ин сатрҳо изҳор дошт, ки расми бо зару зеварот ва ашёи гаронбаҳо гӯронидан имрӯз низ миёни бархе аз мардуми бенгалӣ (Н. Бҳаттачария аз бенгалитаборон аст-Ҷ.Х.) роиҷ будааст. Ин нуқтаро пас аз дидани бозёфтҳо аз қабри Маликаи Саразм Н. Бҳаттачария ироа намуда, афзуд, ки “чунин дастпонаҳо аз ҷилди гӯшмоҳиҳо ва дар шакли аслӣ боқимондаҳои ҷилди гӯшмоҳиҳо айнан дар бозёфтҳои Ҳараппа низ ба даст омадаанд. Муаллиф ин фикрашро дар таҳқиқаш таҳти унвони “Tracing the trail of Indo-Tajik cultural links, through past and present” ташреҳ додааст.

Мавҷудияти миқдори зиёди маводи баҳрӣ дар чунин сарзамини фарсахҳо дур аз баҳрҳову уқёнусҳо, албатта, гувоҳи он аст, ки саразмиён бо ин кишвари соҳибфарҳанг алоқаҳои зичи тиҷоративу фарҳангӣ доштаанд.

 

 (Давом дорад)

Ҷовид Холов,

директори коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент, доктори илмҳои филологӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш