Нашрияи Омӯзгор

Як сатил гандум

Сана: 2018-07-05        Дида шуд: 755        Шарҳ: 0

Вай чашмонашро боз мекунад. Гӯё он воқеаҳои ғамангезу навмедкунандаро дар наворе медида бошад. Чун дар рӯъё, хобу хаёл ё афсона. …Ибтидо гандум тамом шуд. Пас-он, мардум ба кунҷораю сабӯс ва ҷуворимакка рӯ оварданд.

Ба нони зағора гузаштанд. Аммо нони зағораро тановул кардан чӣ амали душвор ва тавонкоҳ буд. Занҳо, то ин ки нони зағора хӯрданбоб гардад, ба хамири он пиёз ҳамроҳ мекарданд. Бо ин шева пухтани нони зағора ба он хотир буд, ки он мулоимтар омода мешуд. Дар ҳар сурат, хӯдани ин нон вазнину мушкил буд, чун зағора ба зудӣ сахту сангин мешуд. Аммо тадриҷан…

Тадриҷан ҷуворимакка ҳам ноёбу ба тухми анқо табдил ёфт ва одамон ба орд кардани сабӯс гузаштанд. Сабӯс бошад, пӯчоқе беш набуд, аслан гарди орде ҳам надошт. Вақте муаллим ду халтаи пур-пури сабӯсро ба хонаи Раҷаби Бобоҷон, ба осиёбаш барои орд кардан бурд, осиёббон сабӯсро каф-каф гирифта, сар ҷумбонд, мазмун, дар пӯчоқи он тамоман орд нест. Сабӯсфурӯшҳои беинсоф чандин маротиба онро аз элак гузаронида, баъд ба бозор, ба фурӯш баровардаанд.

- Намедонам, аз ин халтаҳои сабӯс ягон сатил орд мебаромада бошад ё не, - бо таҳайюр гуфт осиёббон ва бо ҳасрат халтаҳоро ба осиёб даровард. Муаллим бомдоди рӯзи дигар роҳ ҷониби хонаи осиёббон гирифт ва ним халта зиёдтар орди сабӯсиро пуштора карда ба хонааш баргашт.

«Нони сабӯсӣ чӣ гуна бошад?» - раҳораҳ аз дил мегузаронд вай ва ба ёди рӯзҳои серию пурӣ ва фаровонӣ, ки нони дурӯзаю серӯзаи обаш саҳл паридаро тар карда пеши молҳо мегузоштанд ва аз хӯрдани ин гуна нон парҳез мекарданд, дилаш гум зад. Ҳангоме ки орди сабӯсиро нон карда, ҳамсараш рӯйи дастурхон гузошт, бӯйи сабӯс димоғҳоро ба хориш овард. Кӯдаконаш пораҳое аз нони гарм бишкаста ба даҳон мебурданд. Аммо хоида-хоида аз даҳон берун меоварданд. Ашк дар чашму нигоҳҳо моломоли ҳасрат, ки дар тасвири ин нигоҳҳои пуррамзу муаммоомез ба ростӣ қалам оҷизӣ мекашад. Ва муаллимро бо ба даҳон бурдани луқмае аз нони сабӯсӣ фермаи колхоз, ки дар миёнҷои деҳа ҷой гирифтаву падараш он ҷо молбон шуда кор мекард, ба ёд омад. Вай сареҳану равшан дар хотир дорад, ки дар анбори ферма сабӯсу кунҷора, дерту комбикорм ва шулха барои сарфи ғизои говон кӯҳ-кӯҳ мехобид. Ему атола таҳия карда ба говони колхоз медоданд. Бӯйи сабӯс тунду тез буд ва тамъу лаззати нони он турш. Хӯрданаш амри муҳол. Эҳ… шикамро фиреб карда, ки нашавад.

Ва тадриҷан ба тановули нони сабӯсӣ низ одат карданд. Одат карданду шукрона дар лаб ба ёди рӯзҳои неку файзбор дуо карданд. Бошад, ки ин рӯзҳои маъшум зудтар аз байн бардошта шудаю чун дар афсонаҳои дурӯғин боқӣ монад. Вале то он рӯзҳои масарратбор ҳоло роҳ дур буд, дури дур. Вале рӯзҳои вазнинтарин фаро расидаву пул аз байн рафт. Маошро моҳҳо дастрас карда наметавонистанд. Пул, ки ба даст наомад, сабӯс ҳам дигар харидорӣ намешуд. Бад ҳолатест, балки вазъи муҳлику ҷонгудозест, ки дар талаби нон дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрону лол ва пакару парешон бимонию касе ба додат нарасад. Ва мушкили омӯзгору дигар ҳамдеҳагонро Ҳасан, ронандаи «Камаз» гӯё осон кард. Воқеан, ҷонашонро аз гуруснагӣ раҳонд. Дар деҳ овоза паҳн шуд, ки амаки Ҳасан як мошини «Камаз» пур-пур хлеб меовардааст. Аммо ин хлеби пора-пора боқимондаи корхонаи нонбарорӣ будааст, ки ба қисми ҳарбӣ медодаанд барои гӯсфандону моли майдае, ки дар он ҷо нигоҳдорӣ мешудааст.

-Хез, чӣ нигоҳ карда шиштаӣ, - арбада бардошт зан ва муаллимро ба хонаи Ҳасан фиристод. Ва таъкид кард аз қафояш:

- Дасти холӣ наоӣ боз…

Чун муаллим ба поёнтари деҳ, ба хонаи ронандаи «Камаз» расид, гӯё ба маҳшаргоҳ афтида бошад, ҷонаш дар панҷаи азоб, сиёҳ заданд чашмонаш. Чӣ  манзараеро дид. Боварнакарданӣ, тасаввурнопазир. Рӯйи майдони симентӣ пораҳои хлеб паҳну парешон мехобиданд ва мардум, зану мард, кӯчаку бузург, пиразанону пирмардон ҳамагӣ талош кардаю пораҳои комилтари хлеби қоқу обаш гурехтаро ба халтаҳошон ҷо мекарданд. Гоҳҳо овозҳо баланд мешуд. Барои пораи калонтар ҳамдигарро сахту носазо мегуфтанд. Муаллим ҳайрону даҳонво каноре меистод ва қалбаш номуназзам метапид. Вай тиҳидасту бедимоғ баргашт ба хона, ба пурсиши ҳамсараш бо нигоҳ посух гуфт. Мазмун, рӯзи сиёҳ, ба ҳама нарасид пораҳои хушку сӯхтаи хлеб «Чӣ бояд кард?»-меандешид муаллим. Ва яке ба хотираш расид, ки дар кадом кунҷи анҷомхонааш як халтаи гандуми пур аз дони кадом рустанӣ, ки ғелааш мегӯянду сип-сиёҳ аст, хобида буд. Он гандумро аслан орд накарда буданд, чун баробари дони гандум дони ғела дошту хӯрданаш номумкин маҳсуб меёфт. Ва муаллим «Ҳар чӣ бод»-гӯён халтаро берун баровард. Се рӯз дони ғела тоза карданд аҳли хонадон, аммо ин кори осон набуд. Дигар чора набуд, донаҳои сиёҳфоми ғела дар гандум омехта шуда буду онро дар осиёби амаки Пирмаҳмад орд кард муаллим. Рӯзе, ки баҳри овардани орд ба хонаи хеши падарияш рафт, ҳуш аз сараш парид. Дар осиёбхона бӯии нохуше паҳн шуда, ба он ҷо даромадан имкон надошт.

-Гандумат баробар дони бӯгини ғела доштааст, - фаҳмонд амак. Орд кардам, лекин бӯю тафро бин. Сип-сиёҳ аст ордаш. Худо медонад, ки ордашро хӯрда метавонед, ё не. Ҳарфе дар ҷавоби амак ба забон наовард муаллим ва халтаи вазнину пур-пури ордро ба ароба бор карда ба хона овард. Бӯйи нохуши орд димоғашро месӯзонд.

«Боз ин чӣ балое буд?» Наход ин рустанӣ (ғела) ҳамин хел бадбӯй бошад? Нонаш чӣ ранге дошта бошад? Эҳ Худо, вақте ки хамирро шӯрида нон пухт ҳамсараш, бӯйи нохуш атрофро фаро гирифт! Нонҳо сип - сиёҳ, ранги ангишт ворӣ буданд. Гуруснагӣ фишор меовард. Луқмаеро ба даҳон бурд муаллим ва дилаш, аз қавле «коса зада» беҳузур шуд, қай кард. Дигар касе аз аҳли хонадон порае аз нон ба даҳон бурда натавонист.

…Рӯзҳо мегузаштанд. Ба думболи бенонӣ бемории хоришак паҳн гардид дар деҳа. Пас-он вараҷа, зардпарварин, ҳатто домана. Собун набуд, ки сар бишӯянд мардум. Равған набуд, ки дар дегашон биандозанд. Нон ҳамчунон ноёбу нодир буд.

Ва муаллим роҳ ҷониби корхонаи хиштбарорӣ гирифту ба шаҳри калон омад. Як ҳафта кор кард, ду ҳафта кор кард, се ҳафта, билохира, як моҳ пушти сар шуд. Аммо ҳаққи хизматро пардохт намекарданд. Хӯҷаин мегуфт, ки ба хиштҳои рехта харидор бояд пайдо кард. Аз деҳа кадом ҳамдеҳааш хабар овард, ки ҳамсараш бемор шудааст. Дар хона на нон асту на ягон хӯрдании дигар. Гуфтааст, ки муаллим ягон сӯм роҳӣ кунад, аҳвол тамоман бад аст, ки бад. Ба бемории табларза (вараҷа) гирифтор шудааст  ҳамсараш. Ҳанӯз дар ёд дорад муаллим. Як  ҳамдеҳааш, ҷавоне, ки касе бо ӯ ба мӯҷиби бефаросатию беҳамият буданаш сари суҳбату дӯстӣ надошт, оби даҳонаш паридаю бо чашми коҷаш нигоҳи нописандона карда, дар саҳни корхонаи хиштрезӣ пайдо шуд.

-Ман ба хиштҳоятон харидор ёфтам,-як каф носро ба зери забон партофта мужда расонд вай ва интизори посухи сардори корхона гардид. Сардор розӣ шуд. Хиштҳоро то шомгоҳ ба мошинҳои «Маз» ва «Камаз» бор карданд. Харидор «боевики» савори мошини нави хориҷӣ хиштҳоро гирифту бурд. Сардор аз деҳаи Карсанги Ваҳдат буд. Қабл аз он ки ба хонааш равон шавад, ба ҷавон, ҳамдеҳаи муаллим таъкид кард:

-Пулро, ки аз харидор гирифтӣ, аввал ҳаққи муаллимро бидеҳ! Вай бояд субҳ ба хонааш рафта, орд бихарад. Занаш бемор…

Аҳмадаки миёнарав баъд аз хуфтан ба корхона омад. Дарзаҳои пул дар дасташ. Оби даҳонаш ба чаҳор сӯ парида, лоф мезаду лоф мезаду лоф мезад. «Ҳаққи муаллимро бидеҳ»-фаҳмонданд ба ӯ ҳамкорони муаллим, ки аксаран ҷавонони рустоӣ буданд.

-Пул-мул нест, даҳонашро калон кушода, хамёза кашид Аҳмадак ва афзуд:

-Аз сари ин маблағ ман ҳаққамро мегирам То сардоратон наояд, ба ҳеҷ кас пул намедиҳем.

Ҳарчанд  коргарон исрор карданд, ки ба муаллим ҳаққи корашро бидеҳ, Аҳмадак хандаи хунуке карда:

-Чӣ, муаллим каллаи шер овардааст? - гуфт.

Пул-мул нест, тамом- вассалом.

Ва ғайб зад. Чӣ шуду чӣ монд, ки се рӯзи дигар сардори корхона ҳам ба коргоҳ наомад. Муаллим дар аъроф монд. Рӯзи чаҳорум аз «боевик», ки боз ҳам ногаҳон пайдо шуду хишт хариданӣ шуд, қарз пурсид.

- Чикораӣ? - пурсид вай аз муаллим.

- Дар деҳа бачаҳоро дарс медиҳам, - ҷавоб дод муаллим ва рӯяшро дигар тараф гардонд.

-Мана, бигир ин пулҳоро. Ҳаққи ҳалоли туянд. Ош шавад! Вай як қабза пулро ба муаллим дароз кард.

…Ҳангоме ки муаллим ба деҳа, ба хонааш омад, писару духтаронаш дар назди дарбичаи ҳавлӣ пешвозаш гирифтаанд.

-Модаратон чӣ хел, модаратон? – саросема пурсон шуд муаллим,

-Хеле беҳтар шудааст,-гуфт писари калонӣ. Дар сари дастурхон чашми муаллим ба нонҳои суп-сурхи гандумӣ афтиду ҳайраташ боло гирифт.

-Нон аз куҷо?-ҳамчунон ҳай-ратзада кунҷковӣ кард муаллим.

-Амаки Муроди монтёр гандуми ҳавлияшро дарав карда, кӯфтаю бод дода дар як сатили калон гандум оварда дод. Гуфт, ки хизматҳои муаллим калон аст. Касе, ки қадри заҳматҳои муаллимро намедонад, кӯр мешавад, кӯр. Ва як миқдор пул дода фаҳмонд, ки ба ин пул барои модаратон дору бихаред, - канда – канда воқеиятро тавзеҳ бахшид писари муаллим ва хомӯш монд.

Муаллим рӯи суфаи пешайвон нишаста, ба андеша рафт.

Вай намедонист ба ин некии Муроди монтёр, ки дар ҳамсоягии ӯ мезист, чӣ тавр ҷавоб гардонад.

«Воқеан,-аз дил мегузаронд ӯ, Аҳмадаки фисин куҷою Муроди монтёри дасткушод куҷо?»

ХХХ

Ҳар гоҳ ки муаллим аз назди мазори деҳа гузар кунад, ба манзили хомӯшон даромада, сари қабри падару модар ва Муроди раҳматӣ (вай бар асари тасодуми барқӣ чашм аз ҷаҳон пӯшид) дуое хонда, ба рӯҳу арвоҳашон мебахшад.

- Ман назди рӯҳи ту як умр қарздорам, дӯсти азиз, Муродалӣ, - зери лаб пичиррос мезанад муаллим. Некии туро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накардаам. Хонаи охиратат обод бошад…

- Ана аз он рӯзҳо расо 21 сол сипарӣ мегардад, - гӯё бо падару модар ва раҳматӣ Муроди ҳамсояш рӯёрӯ суҳбат мекарда бошад, мегӯяд муаллим ва меафзояд:

- Сулҳу субот ва ваҳдат дар мамлакат пойдор гардида, рӯзҳои неку пурсаодат фаро расиданд. Дигар дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар серию пурию фаровонист. Орд дар мағозаҳо пур. Навъҳои гуногуни нон, хлеб, булка истеҳсол мешавад. Ҳамаи ин бо шарофати дӯстию якдилӣ ва ҳамдигарфаҳмию ваҳдат ба даст омадааст.

«Худоё», - зери лаб мегӯяд муаллим, он рӯзҳо бигузор дар хотираю ёдҳо боқӣ монад. Фарзанди Инсон бояд шукргузору дурандеш бошад.

Он воқеаҳоро як – як таҳлилу рақамзанӣ карда, ҷиддан андеша кунад. Роҳи растагорӣ якест: сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдату ягонагӣ…

 

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш