Имрӯзҳо, ки кишварҳои ҷаҳонро бемории сироятӣ фаро гирифта, дар андешаву зеҳни мардум таъсири манфӣ расонда истодааст, ба ашъори шоири ширинбаёни тоҷик, устод Озарахш, ки ба тозагӣ дар мубориза ба ин беморӣ ғолибу пирӯз гардидаанд, муроҷиат намудам.
Зеро дар ҳама давру замон шоир дарди дили инсониятро дарк мекунад, ӯро дар ҳолати яъсу навмедӣ тасаллӣ медиҳад, барои расидан ба қуллаҳои мурод зеҳну андешаи ӯро таҳрик додаву инсонро ба хушбин будан дар зиндагӣ даъват менамояд.
Шоир мефармояд, ки буҳрони имрӯза инсонҳоро ҳушдор медиҳад, ки худ ва Худоро бишносанд ва аз роҳи бад ва андешаи бад бигзаранд:
Буҳрони самоиву заминии замона
Афтода, ки бишнос ту худрову
Худоро!
Шоири дилогоҳ, гӯиё чунин рӯзҳои сахту сангинро аз қабл пай бурдааст, ки мефармояд:
Ҳодиса ашк мешавад, манзара гиря
мекунад,
Фосила оҳ мекашад, хотира гиря
мекунад
Вой, ба ин замон чӣ шуд, мулк чӣ шуд,
макон чӣ шуд?
Куҳнаҷаҳон ба ҳоли худ шашдара гиря
Хонаи офият куҷост, дар ҳама даҳр,
Озарахш,
Панҷа ба дар, ки мезанӣ, панҷара гиря
мекунад…
Шоир часпу талош ва муборизаҳои худро бо ин вабои гӯшношунид низ гӯиё пешакӣ эҳсос намудааст, ки мегӯяд:
Дилогоҳон, дилогоҳон, дилам танг аст,
медонед?
Ҳадисам аз мақоли шишаву санг аст,
Нафасгирӣ чӣ душвор аст ҳангоми
нафасгирӣ!
Ҳамин ҳангома бо ҷонам ҳамоҳанг аст,
Фазои хабарии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баробари авҷи ин вабои гӯшношунид пур аз сару садоҳост. Бархе аз нотавонбинону ноҷавонмардон ва ғаразхоҳони миллати тоҷик камбудиву норасоӣ кофта, аз паша фил месозанд ва бо ин роҳ тухми бухлу ҳасад, нотавониву оҷизӣ мекоранд, ки ин ба рӯҳу равони мардум таъсири манфӣ мерасонад. Бисёре аз бемороне, ки шифо ёфтаанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ мардумро рӯҳбаланд месозанд ва талқин менамоянд, ки мардум сабур бошанд, рӯҳияи солиму қавӣ дошта ба муқобили беморӣ пеш аз ҳама бо андешаи солим мубориза баранд, ки ба онҳо аҳсану офарин мегӯем. Ба ҷойи ҳангомаҷӯӣ бояд ҳар як нафар ҳамчун узви ин ҷомеа имрӯз бояд дар пайи дарёфти роҳи ҳалли мушкилоти мавҷуда бошад, ки чӣ бояд кард?
Зиндагӣ пур аз пастиву баландиҳо, талхиву шириниҳо ва сардиву гармиҳост. Инсон аст, ки ҳамаи онро таҳаммул намуда, пушти сар менамояд ва барои расидан ба мақсадҳои некаш ҷаҳду талош меварзад. Зеро, рӯҳафтодагӣ ва ноумедӣ мушкилоти зиндагиро дучанд менамояд, чӣ тавре ки мутахассисон ва равоншиносон имрӯз дар мубориза ба муқобили вируси марговари (СОВИD) рӯҳи солиму мубориз доштанро талқин менамоянд. Озарахш низ ба ин маънӣ таъкид карда мегӯяд:
Девона машав, эй дил, ин умр ҳамин
ранг аст,
Як лаҳза танинаш шод, як лаҳза
ғамоҳанг аст.
Рӯзе, ки рақам карданд ойини
шикастанро,
Бар хонаи ойина хавфи задани санг
аст...
Дар мисраъҳои зерин шоир инсонҳоро тасаллӣ медиҳад, мисолҳои мушаххас меорад, ки ин рӯзҳои сахту вазнин мегузарад ва рӯзҳои неку пурнишот фаро хоҳад расид. Барои ин пурсабру таҳаммул бояд буд ва аз мушкиливу дарду ранҷ набояд ҳаросид:
Сардборони само мегузарад, гиря макун,
Гиряи обу ҳаво мегузарад, гиря макун
Аз сари мардуми олам чӣ каму беш
гузашт,
Боз ҳам аз сари мо мегузарад, гиря
макун
Ин сиёҳиву сафедии ҷаҳон рӯзушабист,
Рӯзу шаб пешу қафо мегузарад, гиря
макун…
Озарахш, ашки қалам бо ғаму шодӣ
ояд,
Нома аз дасти Худо мегузарад, гиря
макун..
Ин ҳама ваҳму хаёл ва бедодгариҳои ин вабо инсонҳоро бори дигар ҳушдор медиҳад, ки зиндагӣ зебост, ба қадри зебоиву содагиҳояш, ба қадри нишастҳову суҳбатҳои ширини гирди як хони пур аз меҳру муҳаббаташ бояд расид.
Фатҳиддин БАҲРИДДИНОВ,
ноҳияи Айнӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр