Нашрияи Омӯзгор

Ноқобилони даҳр ба мақсад намерасанд

Сана: 2020-07-02        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба мушкилоти ҷиддӣ дучор омад. Вале бо шарофати роҳбарии хирадмандона ва адолатпарваронаи Эмомалӣ Раҳмон кишвари тозаистиқлол марҳала ба марҳала ба пешравиҳои назаррас муваффақ гардид.

Натиҷаи талошу ҷонбозиҳо, сиёсати оқилонаю дурандешонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мардуми заҳматкашу хештаншиноси Тоҷикистон буд, ки имрӯз ҷумҳурии мо дар арсаи ҷаҳонӣ шуҳрат ва мавқеи шоиста касб кардааст. Нодида гирифтани заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беадолатию носипосӣ буда, боиси афсӯс аст, ки бархе аз шаҳрвандони кишвар, ки бештари онҳо узви собиқи ҳизби террористии наҳзати исломии Тоҷикистон мебошанд, ба ин амал даст мезананд. Онҳо дар хориҷ аз кишвар бештар тавассути интернет бо таъсиси сахифаю сомонаҳои худ ва таҳияи матолиби иғвогаронаю муғризона машғул гардида, мехоҳанд вазъияти ороми мамлакати моро халалдор созанд.

Бемории COVID-19 тамоми минтақаҳои дунёро фаро гирифта, баробари пайдо шудани он ҳатто пурқудраттарин кишварҳо назди ин беморӣ оҷизу нотавон монда, натавонистанд ҷиҳати пешгирии пандемияи мазкур вокуниши фаврӣ нишон диҳанд. Дар чунин вазъияти мураккаб ва ҳассос шаҳрвандони баору номуси кишвар бояд ба дарки амиқи масъала паҳлуи ҳам истода, заррае ҳам бошад, кумак ва дастгирии худро барои рафъи ин беморӣ расонад. Вале ба ҷои ин корҳо аъзои ҲНИ ТТҲ барои ноором кардани авзои ҷомеа кӯшиш менамоянд. Дар паёмҳои охирини ин асолатбохтагон баръало эҳсос мешавад, ки онҳо мақсадҳои ғаразноки худро идома дода, саҳму талош ва кӯшишҳои Ҳукумати ҷумҳуриро дар масъалаи боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ, дастгирии иҷтимоии онҳо ва пешгирии бемории сироятии коронавирус нодида мегиранд. Мо метавонем бар зидди ҳамагуна беморию офатҳо мубориза барем ва роҳ надиҳем, ки хиёнаткорону нокасон меҳани азизи моро паст занад. Чанде пеш тавассути телевизионҳои кишвар филми мустанади «Хиёнат» намоиш дода шуд, ки амалҳои разилонаю нобахшидании аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ дар он инъикос гардидааст. Ин филм бори дигар собит намуд, ки ҷинояткорон-пайравони ин ҳизб ҳанӯз аз солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият то имрӯз дар фикри харобкорию исёнкорӣ буда, нисбат ба Ватану зодгоҳи худ ҳаргиз дилсӯз нестанд. Ҳар як фарди меҳанпарасту зирак ва бохиради кишвари мо, хусусан, ҷавонон хуб медоданд, ки тинҷию оромии Тоҷикистон кафолати зиндагии шоистаи минбаъдаи мост. Пас, моро лозим аст, ки ба чунин нафарони дилсиёҳу иғвогар ва ифротӣ муборизаи беамон барем, то ба ваҳдату якпорчагии кишвар халал ворид нагардад.

 

Насрулло ТӮЙЧИЗОДА,

рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш