Конфронси навбатии онлайнии Марказҳои технологияи иттилоотии назди раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии вилояти Суғд, масъалаи баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон тавассути дарсҳои онлайнӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба роҳбарону масъулони марказҳо директори Муассисаи давлатии маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Назаров роҳҳои тақвият бахшидани дониши хонандагонро тавассути видеомашғулиятҳо тавзеҳ бахшид. Бино ба ақидаи ӯ, самаранок истифода бурдани шабакаи байналмилалии интернет ва дар хазинаи электронӣ ҷо намудани машғулиятҳои навоваронаи устодон самарабахш хоҳад буд. Аз ин рӯ, бояд кормандони МТИК дар якҷоягӣ бо омӯзгорони фанҳои технологӣ роҳҳои самаранок дар зеҳну хотири хонандагон ҷо гирифтани донишро ҷӯё бошанд.
Нуъмон Раҷабзода,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр