Нашрияи Омӯзгор

Шоҳмот бозии ҳамагон аст

Сана: 2018-07-05        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябр, яъне дар Рӯзи дониш ва саршавии соли хониш истифодаи бозии шоҳмот дар мактаб эълон гардид.

-Барои пурра бо ҷиҳози таълимӣ таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар бояд бо давлати Чин шартнома бандем ва минбаъд устохонаи омода кардани дона ва қуттиҳои шоҳмотро дар кишвар бисозем. Ин корро соҳибкорон низ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илм метавонанд роҳандозӣ намоянд.

-Кушодани синфхонаҳо барои таълими бозии шашка ва шоҳмот дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ. Ҷиҳозонидани синфхона ё кабинет бо маводи аёнӣ ва технологияи замони муосир. Кишварҳои мутараққии ҷаҳон барои хонандагон чунин шароит фароҳам меоранд, ки боиси баланд рафтани тафаккури хонанда ва мустаҳкам шудани қобилияти фикрронии ӯ мегардад. Дар даврони Шӯравӣ дар боғи пионерии пойтахт ва шаҳрҳои дигар синфхонаҳои шоҳмот амал мекарданд. Он замон хурдсол будем, аммо ин тарзи муносибат бо шоҳмотро нағз дар ёд дорем.

-Барои бо мутахассисон таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ба номи Саидмуъмин Раҳимов дарсҳои шоҳмотро ҷорӣ намуда, ба устодони оянда ин навъи варзишро омӯзонидан лозим аст. На ҳамаи муаллимони тарбияи ҷисмонӣ бозии шоҳмотро медонанд. Ҳастанд муаллимоне, ки толорҳои бузурги варзиширо бо тамоми таҷҳизот дар ихтиёр доранд, аммо аз ин навъи варзиш тамоман дуранд. Курсҳои такмили ихтисос  низ метавонанд ин мушкилиро бартараф созанд. Ҷалби бозингарони касбӣ барои таълим ва омӯзгорӣ ба мактабҳо низ самараи хуб мебахшад. Бозингари сатҳи хуби ҷумҳуриро медонем, ки дар бозор барои рӯзгузаронӣ ба тиҷорати хурде машғул аст. Аммо масъулини варзиши шаҳр ва намояндагони соҳа чорае намеандешанд, ки чунин устодон ба омӯзонидани шоҳмот ҷалб карда шаванд.

- Хуб мебуд, ки дар барномаи таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот соати дарсиеро барои шоҳмот ҷудо намоянд. Бубинед, ин корро дар Россия бо қарори ҳукумат дар системаи маорифи кишварашон аз соли 2004 иҷозат доданд. Давлатҳои ҷаҳон даъвати Федератсияи байналмилалии шоҳмотро дар мавриди эълон кардани соли 2004 - Соли шоҳмот дар мактаб пазируфтанд ва дар соҳаи маориф татбиқ намуда истодаанд.

- Нашри китобҳои таълимӣ ба забони давлатӣ оҷилан ба роҳ монда шавад. Дар тӯли 25 соли истиқлолият як китобе ба забони давлатӣ нашр нашудааст. Танҳо дар даврони Шӯравӣ  бо номи «Сайри олами шоҳмот» ба забони давлатӣ  китоб дар бораи  ин намуди варзиш нашр шудааст, ки он ҳам тарҷума аз китоби русӣ мебошад. Ҳуруфи майда ва хурди ин китоб барои омӯзиши кӯдакону наврасон мушкил аст. Агар тамоми китобхонаҳои мактабҳои миёнаро ҷустуҷӯ намоем, шояд ин китобро пайдо накунем. Агар дар кӯдакистон омӯзиши шоҳмот ба роҳ монда шавад, дар мактаб омӯзиши ин бозӣ мушкил намешавад. Китобҳои кӯдаконаи омӯзиши шоҳмотро дар Россия барои муассисаҳои томактабӣ кайҳо ба роҳ гузоштаанд. Аммо дар мо ҳоло ҳам агар китобе ҳаст, он бо забони русӣ мебошад. Тарҷумаи ин китобҳо аз манфиат холӣ нест. Мо аз Россия ду китоби методӣ-омӯзишӣ дар мавриди омӯзиши бозии шоҳмот барои кӯдаконро оварда, тарҷумаашро ба анҷом расонида истодаем. Мутаассифона, дар кишвар чунин донишмандеро надорем, ки барои омӯзиши ин навъи варзиш адабиёт  ва дастурҳои методӣ таҳия намояд. Бузургони мо дар бораи ин намуди варзиш дар осори гаронбаҳои худ ба некӣ ёдовар шудаанд. Маҳастии Хуҷандӣ дар замони хеш дар бозии шоҳмот назири худро надоштааст. Саъдии Шерозӣ бошад мефармоянд:

Саъдиё, шатранҷро мардони

хилват бохтанд,

Рав, тамошо кун, ки чун эшон

натвон бохтан.

-Маҷаллае  бо номи «Шоҳмот» дар радифи нашрияҳои ватанӣ бояд таъсис ёбад ва барномаеро дар «оинаи нилгун» бо номи «Дарси шоҳмот» пешниҳоди тамошобин гардад. Бубинед, ки дар дунё ҳатто театрҳои шоҳмот мавҷуданд, ки дар худ давраҳои бозии шоҳмотро мегузаронанд. Маҷаллаи «Шоҳмот» бояд дар саҳифаҳои худ дар бораи таърихи ин бозӣ, дар бораи охирин  бозиҳои ҷаҳонии  олами шоҳмот бо бозингарони моҳир ва устодони дараҷаҳои байналмилалӣ, инчунин аз таҷрибаҳои маълуми ҷаҳонӣ маълумоти муфассал интишор намояд. Бозии шоҳмот дар қатори бозии футбол тариқи телевизионҳо мавриди таваҷҷуҳ ва инъикосу омӯзиш қарор бигирад, то мухлисон ва дӯстдорон ин навъи варзиш зиёд гарданд. Журналистон ва шореҳони варзише, ки назокатҳои ин навъи бозиро хуб медонанд, ба барномаҳо ҷалб карда шаванд. Телевизион бояд аз ҷараёни бозии шоҳмот миёни наврасону кӯдакон дар дохилу хориҷ барномаҳои тамошобоб таҳия намояд.

-Дар олимпиадаҳои даврии мактабҳои миёна шоҳмот ҳамчун фан дар радифи фанҳо дохил карда шавад. Зеро сатҳи дониш ва дараҷа, малакаю маҳорати ҳосилнамудаи наврасон дар олимпиада мавриди санҷиш ва баҳогузорӣ қарор мегирад. Олимон таҷрибае гузаронидаанд, ки манфиати бозии шоҳмотро исбот менамояд. Ду синфи мактаби миёнаро мавриди мушоҳида қарор додаанд. Синферо, ки хонандагони он ба бозии шоҳмот пайваста машғуланд ва синферо, ки хонандагонаш ба ин бозӣ сарукоре надоранд. Вақте чоряки таълимиро ҷамъбаст кардаанд, диаграммаи баҳои хонандагони ҳарду синф хеле фарқ кардааст. Хонандагони синфе, ки ба ин бозӣ машғул будаанд, аз ҳамаи фанҳо чанд фоиз болотар баҳо гирифтаанд.

-Масъулинро зарур аст, ки дар маҳаллаҳои шаҳр, дар дуконҳои алоҳида фурӯши ҷиҳози шоҳмотро ба роҳ монанд ва дар он ҷо инчунин, соатҳои  механикӣ ва электронӣ, китобҳои олимони тоҷик барои кӯдакону наврасон ба фурӯш гузошта шаванд. Бозиҳои шоҳмотро бо соатҳои махсуси электронӣ доир кардан хуб аст. Зеро вақт самаранок истифода мешавад. Мутаассифона, имрӯз соатҳои электронӣ дар рӯйи миз яктарафа кор мекунанд, мо бояд соатҳоеро истифода намоем, ки аз ду тараф вақтро нишон диҳанд.

- Зарур аст, толорҳо барои бозии шоҳмот сохта шавад ва дар онҳо тамоми фасл шаҳрвандон ба роҳат ҳам шоҳмотбозӣ ва ҳам радио гӯш кунанд. Мусобиқаҳои шаҳриву вилоятӣ, ҳатто ноҳиявиро дар ин гуна толорҳо бояд доир кард. Ин имкон медиҳад, ки дар дурнамо дар бозиҳои ҷаҳонии шоҳмот дастаи хуби шоҳмотбозони кишварро дошта бошем. Дар шаҳрҳои калони кишвар чунин ҷойҳои истироҳатӣ камтаранд ё бошанд ҳам фарсудаанд. Албатта, дар мавриди густариш бахшидани ин навъи бозӣ назари уламои шинохтаи исломӣ ба инобат гирифта шавад, хуб мешуд. Барои мисол, бозӣ бо пул набошад, зеро қиморбозӣ мешавад. Дар бозӣ истифодаи пул мамнӯъ дониста шавад, услубҳои таҳқиру масхараи якдигар роҳ пайдо накунанд. Чанд аср қабл бузургон дар асарҳои ҷаҳоншумули худ оид ба одоби ин бозӣ фикру андешаҳои ҷолиб ва тарбиявиеро иброз намудаанд, ки дар ин маврид поёнтар тазаккур хоҳем дод.

Ташкилоти Ҷамъиятии Мададгори Мудофиа (ТҶММ)-и Тоҷикистон дар шаҳру навоҳӣ ҳатман дар қатори бозиҳои варзишӣ-ҳарбӣ бозии шоҳмотро  низ роҳандозӣ намояд. Ворид намудани бозии шоҳмот дар тамоми чорабиниҳо, бахшида ба ину он санаҳои таърихӣ дар шаҳру вилоятҳо аз манфиат холӣ нест. Инчунин, раисони созмонҳои ибтидоии ин ташкилоти ҷамъиятиро хотиррасон менамоем, ки дар қатори дигар туҳфаҳо ба ғолибони озмунҳо ҷиҳози шоҳмот низ туҳфа намоянд. Ҳамон ҷиҳози шоҳмоти туҳфашуда ҳам дар вақтҳои холӣ барои аҳли хонавода бозӣ ва машғулияти хубе мебошанд.

Абдулаҳад Нуров,

Фаррух Нуров,

мактаби №27-и  шаҳри Кӯлоб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш