Нашрияи Омӯзгор

Шакарнам

Сана: 2020-07-09        Дида шуд: 805        Шарҳ: 0

 

Хаёлам, болу пар дорад дубайтӣ,

Зи ишқистон гузар дорад дубайтӣ.

Ба ёрон розҳо ифшо намояд,

Зи дарди дил хабар дорад дубайтӣ.

***

Ҷаҳонамро сафо танҳо ту бошӣ,

Канорамро раво танҳо ту бошӣ.

Ба дорухона ҳаргиз по намонам,

Ба ҳар дардам даво танҳо ту бошӣ.

***

Ба васфи туст гуфторам, азизам,

Каноратро сазоворам, азизам.

Чаро нодор хонандам, ки бо худ

Туро дорам, туро дорам, азизам!

***

Ҳама аз қайди ғам вораста бодо,

Ба ишқу ошиқӣ пайваста бодо.

Сари мо сабзу эмин аз балоҳо,

Сари сахти сабу бишкаста бодо!

***

Ҷамолак бар ҷамоли ту бизебад,

Ба ҳусни баркамоли ту бизебад.

Чу гул дар бӯстони умри ман бош,

Маро, ҷоно, висоли ту бизебад.

***

Агарки оташе андар дилат нест,

Зи ҷаҳди шеър гуфтан ҳосилат нест.

Туро бешира ҳар гуфтор бошад,

Агарки шира дар обу гилат нест.

***

Илоҳо, ҳеҷ кас дар раҳ намонад,

Калиди мушкиле дар чаҳ намонад.

Расад бар сарфарозӣ ҳар касе, гар

Зи асли хеш ноогаҳ намонад.

***

Аё зебосанам, фархундафолӣ,

Ба ту дорам ҳамеша дилкашолӣ.

Агарки бӯсаборонат насозам,

Ба мулки дил биёяд хушксолӣ.

***

Ба некухилқатон ҳамкорӣ мекун,

Ба ҳар афтодае ғамхорӣ мекун.

Барои ҳифзи номусу адолат

Ба сони Кова парчамдорӣ мекун.

***

Буто, умқи дилам ҷои ту бошад,

Тамоми манзилам ҷои ту бошад.

Ба кӯи ошиқӣ дарёстам, гар

Бидон, ки соҳилам ҷои ту бошад.

***

Ало қисмат, ба дидорам расонӣ,

Канори нозанин ёрам расонӣ.

Агар сад бор роҳи ман хато рафт,

Ба кӯяш, кош, як борам расонӣ.

***

Чӣ фарде, гар варо ёре набошад?!

Ба зебоӣ сарукоре набошад?!

Чӣ ҳаз аз ҳусни рӯзафзуни духтар,

Агар ӯро харидоре набошад?!

***

Бароям деҳа марзи ормонист,

Макони шодибахшу комронист.

Дар ин ҷо пирӣ аз ман дурӣ ҷӯяд,

Ҷавонии ман ин ҷо ҷовидонист.

***

Ҳаводоре агар бар шеъри нобӣ,

Шавад ҳар рӯзи умрат офтобӣ.

Чу ҳар мисраъ бувад монои роҳе,

Ту роҳи ростро дар шеър ёбӣ.

***

Маро дар дидаҳо ҷо метавон дод,

Ба иззат ҷои боло метавон дод.

Манам мумтоз дар донишгаҳи ишқ,

Ба ман дипломи аъло метавон дод.

***

Чӣ суд аз ояти дуру дарозат,

Чӣ суд аз зикр андар ҷонамозат,

Чӣ суд аз ҳаҷҷи акбар кардани ту,

Чу гуфторат ба кирдорат насозад?!

***

Ба қасди некӣ ҳар субҳе бихезам,

Тамоми умр бар дунон ситезам.

Аз он машқи давидан мекунам ман,

Ки аз ноодамон дуртар гурезам.

***

Аё дил, шодмон хоҳам, ки бошӣ,

Зи пирӣ дар амон хоҳам, ки бошӣ.

Барои ҳифзи Қонуни муҳаббат

Вакили парлумон хоҳам ту бошӣ.

***

Сафобахши ҷавониям ту будӣ,

Нишоту комрониям ту будӣ.

Санохони туам, эй ишқ, эй ишқ,

Тамоми зиндагониам ту будӣ.

***

Зи номат фахр дар минбар кунам ман,

Каломат сархати дафтар кунам ман.

Ҳикоят дар барам гар гӯӣ аз ишқ,

Ба иғроқи ту ҳам бовар кунам ман.

***

Туро маҳ дар назар монои коҳ аст,

Сарат холӣ, вале олӣ кулоҳ аст.

Тӯӣ банди шикам, ман бандаи дил,

Миёни мову ту садсола роҳ аст!

***

Саре дорӣ, ки бар доре наарзад,

Диле дорӣ, ки бар ёре наарзад.

Дур аз меҳан ҳама дороият чист?

Гуле дорӣ, ки бар хоре наарзад!

***

 Барои ман, нигори чеҳрахандон,

Дилу ҷонӣ, дилу ҷонӣ, дилу ҷон!

Зи нахли қоматат бодо хазон дур,

Гули рухсораат бодо шукуфон.

***

Агар ошиқ набошам, нотавонам,

Ҳақирам, ночизам, барги хазонам.

Вале бо ишқ, бо ин давлати дил,

Шаҳаншоҳи шарафманди ҷаҳонам!

***

Аё дилбар, суроғат меравам ман,

Кабутарвор боғат меравам ман.

Чароғи манзилат шабҳо фурӯзон,

Нишониям – чароғат, меравам ман.

***

Гаронарзиштарин чиз аст дидор,

Варо бар нархи ҷон ҳастам харидор.

Бубинам ҳар гаҳе дидори ёрон,

Бигӯям шукр зери лаб батакрор.

***

Машав фориғ даме аз кор доим,

Ба марзе ҳамчу борон бор доим.

Чароғи хонаат бошад, набошад,

Чароғи дил фурӯзон дор доим.

***

 Ҳама афсурдаам, парво надорам,

Чу дарёбурдаам, парво надорам.

Зи дилсангон ҳамеша дар азобам,

Зи санги гурдаам парво надорам.

***

 Ба пирӣ шодмониро наёбӣ,

Ба дилбар гулфишониро наёбӣ.

Бизан табли ҷавониро, ки ҳаргиз

Дигарбора ҷавониро наёбӣ.

***

Аё деҳотидухтар, дар барам бош,

Аё гулбуттаи тар, дар барам бош.

Ба қасди ман бувад шоми сияҳфом,

Аё моҳи мунаввар, дар барам бош.

***

Сарат сабзу ҷаҳонат бехатар бод!

Ниҳоли орзуят пурсамар бод!

Ҳама афроди бадхоҳи ту, ҷоно,

Парешонрӯзгору дар ба дар бод!

***

Туро аз ақлу дониш симу зар беҳ,

Зи нахли сабз аз баҳрат табар беҳ.

Саратро садқаи мансаб намудӣ,

Бароят сарварӣ аз қадри  сар беҳ.

***

Дили ман бе шумо ғамхона бошад,

Ба сони гӯшаи вайрона бошад.

Зи ҳастии шумо, ёрони ҷонӣ,

Бароям зиндагӣ шоҳона бошад.

***

Суруде дар лабат хоҳам, ки бошам,

Ҳабибе дар шабат хоҳам, ки бошам.

Зи дарди ишқ гар таб мефизоӣ,

Табибе бар табат хоҳам, ки бошам.

***

Ба ҳарфи бад забонатро маолой,

Ба ҷаҳли бад ҷаҳонатро маолой.

Назар бар чеҳраи дунон маяфкан,

Азизам, дидагонатро маолой!

***

Биё, бо ман замоне ҳамнафас бош,

Ба фарёди дилам фарёдрас бош.

Диламро дуриат ҳамчун қафас шуд,

Ту обу донае дар ин қафас бош.

***

Ҷаҳони бекаронӣ, ишқ, эй ишқ,

Ба дилҳо ошёнӣ, ишқ, эй ишқ,

Замину осмонӣ, ишқ, эй ишқ,

Бимонӣ ҷовидонӣ, ишқ, эй ишқ!

***

Кулоҳи пурғуруратро чӣ гӯям?!

Ғиреви нозаруратро чӣ гӯям?!

Зи ҳастият накардӣ як диле шод,

Дар ин дунё ҳузуратро чӣ гӯям?!

***

Гунаҳгорам, агар ошиқ набошам,

Хасу хорам, агар ошиқ набошам.

Ба сесад дарра андар тахтапуштам

Сазоворам, агар ошиқ набошам!

***

 Ту неруи танам бошӣ, азизам,

Дилорогулшанам бошӣ, азизам.

Ба он дастони нарму ширгунат

Ҳамели гарданам бошӣ, азизам.

***

Ҷаҳоне гарчи бар ман хайрхоҳ аст,

Ба меҳрам гарчи дунёе гувоҳ аст,

Ҷавонмардам, ҷавонмардона гӯям:

«Дили беишқи ман ғарқи гуноҳ аст!»

***

Ҷаҳон аз неку бад гардида саршор,

Ҳама бар ташвишу коре гирифтор.

Маро ҳарфест андар дил ҳамеша:

- Мабодо аблаҳе гардад силаҳдор!

***

Зи ҷабри ёр дилхун меравам ман,

Зи қайди ақл берун меравам ман.

Ҳадиси дард соҳибдард донад;

Ба саҳро назди Маҷнун меравам ман.

***

 Дарахти душманӣ ҳосил надорад,

Дилозори касон ҳамдил надорад.

Ватангумкарда гарчи пурғурур аст,

Ба  ҷуз як ҷисми нимбисмил надорад.

***

Ба дил аз кина осоре надорам,

Ба сар андешаи торе надорам.

Ба ҷуз як кӯлбори пурмуҳаббат

Ба дӯши хештан боре надорам.

***

Чу ту ошуфтагесуе набинам,

Чу ту дилдору дилҷӯе набинам.

Чунон як айнаке хоҳам, ки бо он

Ба ҷуз аз  рӯи ту рӯе набинам.

***

Қадам бар мулки дигар мезанӣ ту,

Ба кӯи душманон сар мезанӣ ту.

Паси дар интизори онам, эй бахт,

Ки кай ангушт бар дар мезанӣ ту.

***

Чу бинам ҷоҳиле бологузар шуд,

Дарахте куштаи захми табар шуд,

Дилам шӯрад: - Чӣ хомӯшед, мардум?!

Адолат дар ҷаҳон зеру забар шуд!

***

 Зи дурият бисӯзад, сустпаймон,

Дилу ҷонам, дилу ҷонам, дилу ҷон.

Ба мисли баргҳои фасли поиз,

Парешонам, парешонам, парешон…

***

Азизу ҳамдаму муштоқи ман бош,

Хати пурмеҳр дар авроқи ман бош.

Бувад қишлоқ лабрези муҳаббат,

Дар ин шаҳри калон қишлоқи ман бош.

***

 Ба зарфи хеш оби дурда дорӣ,

Дили пуркинаву афсурда дорӣ.

Баҳорат аз муҳаббат дур бошад,

Ба гулдонат гули пажмурда дорӣ.

***

Саропоят ҳунар хоҳам бубинам,

Зи дониш баҳравар хоҳам бубинам.

Аё гулдухтари хушрӯзи тоҷик,

Туро атласбабар хоҳам бубинам.

***

Накуандешаҳо, бо ман бимонед,

Шумо, ҳампешаҳо, бо ман бимонед.

Агар хушкид рӯзе нахли уммед,

Аё, эй решаҳо, бо ман бимонед.

***

Маро тобу тавон – ҳамдеҳагонам,

Чанори соябон – ҳамдеҳагонам.

Чӣ ҷои чор сатре, ки биарзанд

Ба садҳо достон  ҳамдеҳагонам.

***

Ҳама чун зодаи як хонадонанд,

Ба ҳамдигар ҳалиму меҳрубонанд.

Шараф ҳамдеҳагонамро! Хаёлам,

Ба ҷуз одамгарӣ чизе надонанд.

***

Бурун аз қайди макру фан бимонӣ,

Чу гул ҳастиву дар гулшан бимонӣ.

Харидорат зиёд асту валекин

Ту бо ман будиву бо ман бимонӣ.

***

Зи некуфитратон дунёст обод,

Зи фарди бадгуҳар, фарёд, фарёд!

Аё, ёрони неку покгавҳар,

Дилам саршор аз меҳри шумо бод!

***

Агарки бӯсае аз ту ситонам,

Яке хушбахттарин фарди ҷаҳонам.

Бисозам, хонуми бишкуфтарухсор,

Фидои бӯсаи ту хонумонам!

***

Чу шавқу шӯри дил гардид афсун,

Садояш мерасад бар авҷи гардун.

Суруди дил надорад интиҳое,

Суруди дил бувад аз нота берун.

***

 Тавоноӣ зи пулмастӣ набошад,

Сари хам рамзи сарпастӣ набошад.

Забардастӣ бувад дар ақли солим,

Забардастӣ табардастӣ набошад.

***

Ҷавонӣ рафту ёде аз чаман монд,

Хаёлам, ҷисмам акнун беватан монд.

Бибурд бо худ ҳама дороиямро,

Дили саршор аз ҳасрат ба ман монд.

***

Фаровон ҳосилат бошад, бузургӣ!

Мунаввар манзилат бошад, бузургӣ!

Фузун гар ҳамдинат бошад, чӣ хубе!

Фузун гар ҳамдилат бошад, бузургӣ!

***

Азизам, дилрабоям, офтобам,

Ба ёди ту зи дида рафта хобам.

Биёмӯзам русуми раҳнавардӣ,

Ки бар кошонаат роҳе биёбам.

***

 Муҳаббат равшанӣ бахшад дилатро,

Бубахшад файз кишту ҳосилатро.

Муҳаббат иқтидоратро физояд,

Саодатбор созад манзилатро.

***

 Раҳи ҳамвор мехоҳам бароят,

Гули бехор мехоҳам бароят.

Фиребояст бедории чашмон,

Дили бедор мехоҳам бароят.

***

 Дару девори ту лабрез аз ишқ,

 Канори дилкашат гулбез аз ишқ.

Яке қалби пур аз армону ҳасрат

Маро бар туст дастовез аз ишқ.

Абдурауф Муродӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш